Бахшҳо

Ба пирӯзии номзади ягона аз ИНИТ бовар доред?

Рӯзи даҳуми сентябри соли ҷорӣ Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), иборат аз ҲНИТ, ҲСДТ ва баъзе чеҳраҳои шинохтаву созмонҳои иҷтимоӣ, Ойниҳол Бобоназароваро номзади ягонаи худ дар интихоботи президентии шашуми ноябр эълон карданд. “Озодагон” аз хабарнигорону ҳуқуқдонҳо ва сиёсатмадорону сиёсатшиносон пурсид, ки то куҷо пирӯзии номзади ислоҳотхоҳон дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ имконпазир аст?


Рамзия МИРЗОБЕКОВА, журналист:
“Мо Ойниҳол Бобоназароваро дастгирӣ мекунем, чун ӯ номзади арзанда аст. Вале шонси ӯ барои пирӯз шудан нисбат ба Раҳматилло Зоиров камтар аст ва барои овоз ҷамъ карданаш мушкил пеш хоҳад омад. Ба дараҷае, ки Зоировро дар ҷумҳурӣ мешиносанд, он касро он қадар намешиносанд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳоло дар назди Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон як вазифаи мушкил аст, ки ӯро ба ҳама муаррифӣ намоянд, то он дараҷае, ки раъй ба фоидааш ҷамъ намоянд. Умед дорем, ки муваффақ мешаванд.”

Вафо НИЯТБЕКОВ, сиёсатшинос, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Ба ҳар ҳол, номзади мухолифин дарсади муайяне аз раъйҳоро ба даст хоҳад овард, ки дар маҷмуъ ба тамоми раванди интихобот таъсири чандоне намерасонад. Бо ин вуҷуд метавон бо боварии комил гуфт, ки интихоботи пешорӯ тамрини хубе қабл аз интихоботи парлумонӣ хоҳад буд.”

Муҳиддин КАБИРӢ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ:
“Фикр мекунам, агар ҳамаи аъзои Иттиходи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз рӯи инсофу ҳақиқат кор кунанд, шонсамон бад нест барои пирӯзии номзади мавриди назарамон дар интихобот.”

Алӣ МАСТОВ, коршиноси масоили сиёсӣ:
“Бале ҳукумат метавонад бо ёрии Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро ба нафъи худ тағйир диҳад, аммо дар интихоботи ОЗОД шонси муаллима Бобоназарова хеле баланд аст. Шонси Бобоназарова ин кӯшишҳои 20-солаи ҳукумат ва натиҷаи корҳои 20-солаи ҳукумат мебошад.”

Шӯҳрат ҚУДРАТОВ, вакили мудофеъ:
“Агар аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳақиқатан дар гирди Ойниҳол Бобоназарова ҳангоми имзоҷамъкунӣ ва пас аз ба қайдгирии номбурда сарҷамъ шаванду фаъолият намоянд ва ба номзадияш хиёнат накунанд, ин номзад дар интихобот ғолиб меояд. Вале чун ин номзад ногаҳонӣ буд ва касе боварӣ надошт, ки Ойниҳол аз ҷониби ИНИТ номзад мешавад, аз тарафи он тарафдороне, ки мо бо онҳо сӯҳбат мекардем, норозигии зиёд дида мешавад. Новобаста аз онки мо номзадамонро дар чеҳраи дигар кас дидан мехостем, вале ба иллати номардие, ки аз ҷониби як гуруҳ ба ин иттиҳод ворид шуда буд, номзад Ойниҳол Бобоназарова шуд.”

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Парлумон:
“ИНИТ Ойниҳолро пешниҳод кардааст. Вале аз нигоҳи қонунӣ ин феълан як гапе беш нест. Тасдиқи воқеӣ ҳангоме сурат мегирад, ки ҲСДТ ва ҲНИТ номзадии ӯро таъйид мекунад. Инки ӯ ба ҳадафҳои худ мерасад, ин аз интихобкунандагон вобаста аст, то чи андоза ба номзад ва барномааш таваҷҷуҳ доранд. Ман, ки дар сиёсат таҷрубаи хоксорона дорам, намедонам, ки Ойниҳол бо барномаи ҲСДТ мебарояд ё ҲНИТ. Як чизи дигар ҳам ҳаст, ки онҳо бо пешниҳоди Ойниҳол мехоҳанд диққати аслиро ба он номзаде, ки воқеан пешниҳод карданиянд, мунҳариф созанд. Ин масъала нозукиҳои зиёд дорад. Ман шахсан намедонам, ки Ойниҳолро ҲНИТ пешниҳод мекунад ё ҲСДТ. Вақте ҲНИТ ҷаласа гузаронда гӯяд, ки мо Ойниҳолро пешниҳод мекунем, баъд ҲСДТ метавонад ҷаласа гузаронаду бигӯяд, ки мо номзади пешниҳодкардаи ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунем. Ё инҳо саросема шуданд ва ё таҷрубаи корияшон кам, чун ингуна пешниҳод кардан мумкин нест. Номзади ислоҳотхоҳ гуфтан мумкин нест, ки ӯ аз вазорати адлия аз қайд гузашта бошад.”
Мӯҳр
ne.yagon kore ba foidai xalk nakardaast in zan-nameshinosemham..ammo rahmon bisyor xizmat kardaast.

салим
На , бовар надорам . Агар Кабири ва Зоиров хам номзад мешуданд пируз намешуданд. Вале бо ин ки ин ду нафар ормонхои ислохотхохонро барбод доданд амалашон нобахшиданист. Хамин гуна хулоса баровардам ки хамин кадар вакт онхо тарафдорони худро фиреб медодаанд. Хамаатон аз як дег хурок мехуред..

модоме ки зоиров 210000 имзо чамъ карда натавонад ин зан аз кучо инкадар имзоро чамъ кардааст кани хакикат масхарабозон . Ба зоиров ва кабири сум ваъда додаги то номзадиатлнро намонет

ин зан аз кучо 210000 имзо чам кадай ки номзадмша мондай хоби ширин хуртаракон давом дора

Safar
Исмоил ТАЛБАКОВхам сиёсатшинос шудаст! Сиёсатро ана хамин гунахо ворид мешаванд ки баъд мардум сиёсатро "харом" медонанд! Талбаке бра тавлак зада бгард! Акалан чени хамон Шабдолов мард шав! Наход назари муовини "хизб"-и мухолифи хизби хоким хамин бошад!!!!

салом ба хама, аз ин пешниходи ИНИТ ман ба чунин хулоса омадам, ки Кабири ва Зоиров ба арзандаи макоми президенти НАБУДАНАШОН тан додаанд. яъне агар онхо номзадиашонро пешниход мекарданд, овоз гирифтан яктараф, хатто имзо чамъ карданашон гумон буд, хамонтавре ки зоиров имзо чамкуниро мушкил донистааст. Акнун ба хардуяшон мурочиат кардани хастам, ки бародаро дар конфронсу сайтхо сафсаттагуи осон. вале вориди майдон шудан мушкиллл!!! ба ёд биёред, ки Эмолаи Рахмон дар чи гуна шароити вазнину хатарнок масъулияти рохбариро бар ухда гирифт, шумо хатто ай номзади метарсен, ки биё ай хами обруи набудагим намонам... бад дига хич ка конфронс даъват намекунад, грантам намета... так что лакидана бас кунену эътироф кунен, ки шумо то хол ба макоми лидери нарасидаеддд, шумо лидери чанд нафари башумор хастеду халос акачунои мун.... шумо бенихоят маккорона рафтор кардед, чунки бо пешниходи номзади ки буданатон ошкор мешуд ва шумо дигар бехуда даъво карда наметонистен, зеро халк мешнохтатон. хол бошад забонотон дароз ки мо тарафдорои зиёд дорем, неки ходмон наметан... акнун агар мунсифона гап занем, Шумоёни азиз хеч гох ба Эмомали Рахмон баробар нестед...Ин мард бо вучуди хама гуфтугузори ракибонаш сиёсатмадори бузург ва лидери имрузаи Точикистон аст... хидматхояшро фаромуш накунтооон... Ин муаллимаи пешниход кадагитон бояд дар интихоботи вакилони мачилиси ягон нохияи хурдакак иштирок кунанд, неки хоксория ба ду шатта зада, гуфтаанд, ки ба ман на хамчун зан балки хамчун шахсият нигох кунед. аз як тараф рози шудан мумкин, аз як тараф не... чаро??? агар шахсият хастед кабул, аммо дар доираи хеле махдуди олимон ва Шумои МУХТАРАМАРО дар микёси чумхури шояд 10 фоизи ахоли нашносанд, ки чи гуна шахсият хастеду чи иктидору тавонои доред... ба хар сурат хуб аст, ки дар хотираатон мемонад, ки ман хам хаваси президенти доштаааммм.... вале аз таърифои кабирию зоиров гарра нашвед муаллимачон, онхо шумоя пешдохта худшон обрушона ифз менанн.. иштирок кунеду беман-мани... албатта пирузиатон дар хоб, вале акалан одмо як борам бошад номатона ба забон мегиран, ана у вакт майли гуед, ки МАН ШАХСИЯЯЯЯЯТТТТТТ!!!!!!УРА,....

Кабири хизмату ваъдаи худро назди шох ичро намуд. Назди номусу Худованд чи???? Боз шарм накарда андешаи назар меунад. Чи рашку хасуду тарс нагузошт Зоировро дастгири намоед??? Нахзати ба ном ислом бо рохбарияташу шайхонаш як гурухи игвогару дассисабозе буданд, сараввал хуни рехтаи миллат дар гарданашон ва афсус холо дасти Зухуров Саидамир кутох аст!!!!Озодагон ташаккури зиед барои фаъолият!!!!

сафархуча
Вокеан Рахмонов хизмат кардаас лекин барои хешу табори худ барои милат чи хизмат кард агар сулхро гуе сул аз як чониб намешавад ин мурдахои аз маскав мефиристан хизмати кист?

Чаноби Икс
Албатта...Бовари дорам агар шаффоф гузарад интихобот. Азбаски интихобот шаффоф намешавад,барои хамон Чаноби Икс номзадашонро намонданд!

Салмон
Ойнихол бехтарин номзад аст, агар интихобот шаффоф гузарад, хатман у пируз мешавад. Кабири бехтарин кор кард, ки номзад нащуд ин маънои онро дорад ки касоне ки мегуянд нахзатихо дар фикри гирифтани кудратанд, дуругашон махлум шуд. албатта тангназароне хам хастанд, ки бахона мекобанд ки ин гурух ба мо хиёнат карду фалон гурух, аммо Ойнихол касест ки бехтарин номзад аст.

tojik
kabiri va turajonzoda va zoirov mardumro fand karda istodaan medonan nameguzarand utarafham khizmat karda pulu mol giriftestan lekin dur nameravan ba khiyonathoyashon, mardum chi umedho doshtan lekin kasdan kardan

нурулло
шаффоф гузаштани интихобот ба мову шумо вобастагидорад мову шумо бояд овозхои худро химоя кунем ба чои ин коментнависи ва сиех кардани тарафи дигар магар шумо гумон мекунед ки устод кабири ба монанди мову шумо акл надоранд на хато мекунед у як сиесатшинос ва олими муосир хаст агар муллохои мо факат динро рохи худ карда бошанд кабири хам дину хам дунеро интихоб кардааст на мухаббати дуне ва ин интихоби дуруст ва авлотарест худо хидоятамон кунад

Салом ба ҳамаи бародарони чапу рост! Аввалан биёед як фикр кунем, ки мо барои ин миллат ва кишвар чӣ кардем, дуввум ин,ки агар Э.Раҳмон агар воқеан ба хизматҳои холисонаи худаш бовари медошт,ҳаргиз даст ба сиёҳ кардани ва зиндонӣ кардани рақибҳояш намезад

Бахт
Ман бовар дорам,ки дар сурати шафоф гузаштани интихобот 65% овозхоро Ойнихол бадаст хохад овард!

Домулло
Агар мо мардуми точик ояндаи дурахшонро хохем ва лозим донем,ки мардуми точик хукуки зиндагии бехтаринро дорад,бояд хама ба тарафдори Ойнихол Бобоназарова раъй дихем. Интихобот агар шаффофу демократи ва бетакалуб гузарад , 70 фоизи овозхоро номзад Ойнихол Бобоназарова сохиб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)