Бахшҳо

Зоиров аз ҷонибдоронаш хост, ба ҳимояти Бобоназарова бархезанд

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукияш, аз тарафдорони худ ва инчунин Ҳаракати миллии Тоҷикистон, созмони “Гуруҳи 24”, созмони “Ватандор”, созмони “Лаъли Бадахшон”, аҳзоби сотсиалистӣ, коммунистӣ, демократӣ ва дигарон даъват намудааст, аз номзади ягонаи ислоҳотхоҳон, Ойниҳол Бобоназарова дар интихоботи президентӣ пуштибонӣ кунанд.

Зоиров бо зикри аҳамияту тақдирсозии интихоботи 6-уми ноябри соли равон даъват намудааст, ки машғули кӣ ҳақу кӣ ноҳақ нашавему аз номзади ягона ҳимоят кунем. Зоиров ҳушдор додааст, ки “агар дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқи якдигарнофаҳмию муносиботи байниҳамӣ гардем, пайомадҳои манфӣ хоҳем ба бор овард. Муҳим, имрӯз номзади ягона аз ислоҳотхоҳон пешниҳод шудааст ва мо бояд таваҷҷуҳамонро барои пуштибонии ӯ муттамарказ кунем, ки нахустин зани тоҷики номзад ба президентӣ мебошад.”

Зоиров афзудааст, дилхоҳ айбдоркунию бознигариҳо дар ҳоли ҳозир барои заъфи иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсии тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар пайи ҷаласаи навбатии ИНИТ номзади ягонаи ин иттиҳод дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон гардид. Бобоназароваи 65-сола аввалин зани тоҷик аст, ки барои курсии президентӣ вориди корзор мешавад. Вай ҳоло раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Мӯҳр
одил
Зоиров мард ваъда дод ичро мекунад. Лекин Шумо заиф буданатонро хамрохи Кабири ва Турачонзода исбот кардед ва хамчун мард хукуки даъваткарданро Шумо надоред. Набудаги обуруятонро резонидед. Хар сеятон руймол банден ва баъд тарафдоронатонро даъват кунед ин бафикрам бехтар аст.

ы
Аз хоби гарон хоби гарон хез!

гуш кунен..хами чурахои ма дар Душанбе аз тарафдории хамин узбак бисертаррай...бист кас кати давлата мехоха бози дора...ки мемоната...

Комил
Шиори интихоботи 2013 барои Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ).
"CHANGE WE NEED"
"CHANGE WE CAN BELIEVE IN"

асрор
зоиров ту худат ки хасти. ба мардуми точик мурочиат мекни як агенти узбекистон пула аз хамоно мегири. Бобоназароват боз як игвоангези солхои 90 ум ки чаноби оли гузашташ кард.

Darvesh
асрор,
Beakl.. Fireftai ovozahoi TV-i tojikiston

Чаноби Икс
Ман Зойировро мешиносам.У хич агенти узбак нест! Уро дастгири мебояд.Уро эътироф мекунам.Дониши хуб дорад. ИНИТ БА ПЕШ !!!

Исмоил
Эй бесавод ту кучою Зоиров кучо Ту оне ки ду харфро навишта наметавони У олим ва точики хакикист ва чавонмарди вокеист У барои ту сисатмадори чалласвод нест

Тоҷик
sobir,
Ба Сhttps://www.ozodagon.com/templates/Default/bbcodes/s.gifобир ва Комил ва садхо нафари дигари узви фабрикаи бухтон:
Шумо, бесаводон, бояд бидонед, ки дар Ӯзбакистоне, ки Зоиров он чо зода шудааст, шумори тоҷикон ду баробар беш аз тоҷикони Тоҷикистон аст.Бар замми ин гаҳвораҳои асосии фарҳанг ва тамаддуни мо, тоҷикон Самарқанду Бухоро ва Балху Марв аст, ки ин шаҳрҳоямон аз бесаводӣ ва маҳалгароии мо ва аз он ки мо худро нашнохтему ба иғвои душманон фирефта шудем, дар дасти бегонагон монданд. Ҳатто Хуҷанди бостон ҳам нахуст дар дасти узбакҳо буд. Имруз хам як гурух душманони миллат ё ноогоҳони таърих, ки хидмати хирсонаи онон ҳам камтар аз хидмати душманон нест, ҳамон хатои бедонишон ё миллатфурӯшонамонро такрор карда, беҳтарин фарзандони тоҷикро, ки дар роҳи худшиносӣ ва миллатпарварӣ ҷон ба каф гирифта мубориза мебаранд, "ӯзбак" мехонанд. Албатта, ӯзбак будан барои он касе, ки худ узбак аст, хеч айбе надорад ва он шахс бояд бо миллати худ ифтихор кунад. Вале тоҷики худшиносу донишманд ва мубориз Раҳматилло Зоировро, ки замоне худ мушовири Имомалӣ Раҳмон буду аз сиёсати ӯ норозӣ шуда, аз мақомаш истеъфо дод ва то ҳол ягон мансабдори дигари ҳукумати Раҳмон чунин ҷавонмардиро такрор накардааст, "ӯзбак" гуфтан на танҳо аз рӯи инсоф нест, балки таҳқири мо, тоҷикон аз ҷониби як гурӯҳи узви фабрикаи бӯҳтон ва ё ягон гурӯҳи душман аст. Ин чун офтоб рӯшан аст, ки он шахсоне, ки фарзанди арзандаи миллатамонро "ӯзбак" мегӯянд, ё тоҷик нестанд ва ё тоҷики бесаводеанд, ки ба ҷуз дари хонаи худ дигар ҷоро надидаанд ва ҳам нашнохтаанд! Ин гурӯҳи бесавод ва ё душман имрӯз, ки Раҳматилло Зоировро ӯзбак мегӯянд, фардо хоҳанд гуфт, ки шаҳрҳои Самарқанду Бухоро шаҳрҳои мо нестанду аз они ӯзбакҳоанд ва Аҳмадшоҳ Масъуди бузург ва Бурҳониддин Раббонӣ ва даҳҳо бузургони миллатамон дар Афғонистонро на тоҷик, балки афғон мегӯянд...Чунин "тоҷикшиносҳо" ва "тоҷикпарастон", ки гӯё дар ҳимояи ҳукумати Имомалӣ Раҳмонанд, худ ин ҳукумат ва моро ба варта мебаранд. Ба истилоҳе, агар ин ҳукумат ва мо чунин "тоҷикдӯстон" дошта бошем, дигар ҳеч хоҷате нест, ки душман дошта бошем...

сафархуча
бародарон нисбат ба Зоиров он суханхои шумо мегуед хамаги тухматанд. тухмат дар назди худо гунохес азим аз худо битарсед ва дигар чизи мехохам бигуям инаст ки агар касе ба ин сиёсатмадорон чунин тухмат мезанад ки хатман мансабе дорад.дар Точикистон агар касе ёфт шаваду хакро бигуяд хатман уро ягенти кадом давлат номбурда мешавад

Билол
Барои.шумо.фаркашчи.мункин.бобоназарова.ку

асрор
Darvesh,
Darvesh,
чизеро намедони сухан накун дарвеши мухтарам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)