Дар Узбакистон маҳаллаи қазоқнишинро тахриб карданд
Дар Узбекистон маҳаллаи ҷамъияти қазоқонро, ки аз он “Хитой-теппа” ном бурда мешавад, тахриб карданд.
"Хитой-теппа" дар ноҳияи Юкори Чирчики вилояти Тошканди Узбакистон ҷойгир буда, дар он аслан пиронсолони боқимондаи қазоқ зиндагӣ менамуданд.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, мақомоти узбак сокинони ин маҳалларо ба дарае кучонида, бидуни ироаи манзилҳои зист хонаҳои онҳоро тавассути булдозеру тракторҳо вайрон намудаанд. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, мақомоти Узбакистон ният доранд, ба ин маҳалла сокинони бархе аз навоҳии ин кишвар, бахусус вилояти Андиҷон ва Марғелонро кучонанд.
Тахриби маҳаллаи ҷамъияти қазоқони Узбакистон дар ҳолест, ки ахиран узбакони Қазоқистон аз раво дидани табъизи нажодӣ алайҳи онҳо аз сӯи шаҳрвандони ин кишвар шикоят карда буданд. Торнамои “Zamondosh” аз қавли ҷамъияти узбакони шаҳри Туркистони Қазоқистон навишта убд, ки вақтҳои охир ин ҷамъият мавриди зуроварӣ ва фишори мардуми қазоқ қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |