Бахшҳо

Барзу Абдураззоқов барои интихобот ба Тоҷикистон баргашт

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик, ки тайи тақрибан панҷ моҳи охир дар Бишкек, маркази Қирғизистон ба сар мебарад, барои иштирок дар маъракаи интихоботи президентӣ ба Тоҷикистон омадааст.

Оқои Абдураззоқов рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун шахси боэътимоди Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ислоҳталабон, эълон шуд. То ин дам Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусалмонон, танҳо шахси боварнок ва ё боэътимоди Бобоназарова дониста мешуд.

Худи Барзу зимни суханронӣ дар анҷумани ҲНИТ гуфт: “Муаллимаи азиз, имрӯз инҷо ҳастам. Барои он ки назди Шумо бошам, хидмат кунам. Барои он ки дар паҳлуи Шумо бошам, паҳлуи ҳамаи шумо. Иншоаллоҳ пирӯз мешавем.”

Барзу Абдураззоқов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо ин мақсад аз Қирғизистон омада ва қарор аст то ду моҳи дигар, яъне то анҷоми интихоботи президентӣ, дар Тоҷикистон бимонад. Ин коргардони шинохтаи тоҷик панҷ моҳи қабл ба Қирғизистон рафта, барои таҳияи чанд намоишнома бо ҳунармандони қирғиз ҳамкорӣ мекард. Аз ҷумла, рӯзи бистуми июни соли ҷорӣ намоишномаи “Қиёмат”-и ӯ аз рӯи асари Чингиз Айтматов барои нахустин бор дар Бишкек ба намоиш даромадва маривди истиқболи сокинони Бишкек қарор гирифт.

Баъдан ӯ ба Театри давлатии академӣ ба номи Абдумомунови Қирғизистон даъват шуда, то намоишномаеро аз рӯи асари Чингиз Айтматов -- "Пегий пес, бегущий краем моря" ба рӯи саҳна орад. Интизор меравад, ҳамин моҳ (сентябр) бахшида ба 85-солагии Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад ва ин намоишномаҳои Барзу маҳз барои ҳамин фестивал таҳия гаштаанд.

Барзу Абдураззоқов, яке аз коргардонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.
Мӯҳр
Саодат
Барзу туро чиву бо сиёсат кор гирифтанат чй. Рав хамун намоишхои киргизиро монда, чорта гонорар кор карда гард. Бе ту хам ин сиёсати мо пеш меравад.

Апаи Саодатбону дуруст кайд намуди...
Суратро нигар худ ба мисли масхарабоз аст))))))

ту эй зан, эй чинси латиф чаро,ки худро дар хама соха имруз то ин хад бесаъодат кардаи ?
ба ту гуфтаниам,Саъодат : Барзу бехтар аст, аз тубарин патакои сарира,ки чуз нафрат бахили чизе дар к,алб надоред.

Барзу сиёсат ва рохбарии давлат мебахши театр нест ки бо лухтак баромад куни .................... .................аз ин чо бар меояд, Ч О хело шахси хубаст ва мо тарафдори у хастеммммммммммммммммммм.

турам худат чиву паси инет нишастанат чи ? охир инет-ро хам як инсони бофархангу бошарофат ва андешаманд истифода мебарад.
мисли тубарин лайлохо хам хак надоранд як инсони ок,ил ва фахри милатро тахк,ир кунад.

саидшох
худат намерасиди. бра бинита соз намо корат чи ба сиёст

али
Ба Саодат. Чун агар президент дар Точикистон дигар шавад ин Саодату дигар Саодатхо аз аз фиску фучур мемонанд. Факат зани беиффат чунин нафрат ба чомеа дорад. Имруз тамоми Фосикон ба Точикистон барои ана хамин Саодатхои панчтина мераванд зеро ин хукумат барои ин Саодатхо тамоми шароитро мухайе кардааст.

Ба дусти милат. Хами Ч О одами хуб боша дига хама одами хубай. Чихубиша дидай? Хамика ободиеки дар 21 сол кадай дигаркас дар 2 сол мекнаш. Кани хаму хубией Ч О-ро бигу. Чихуби дидаи? Ба ин мактабкушоиву ба ин корой майда чуйда хдша реклама мекна и кори я президент нест и кора я сохибкорам мекна ука ки марди ободкори бра завод бсоз акалан хдт сохта наметони мон дигаро озод бсозан хаму заводу фабрикашона. Хамай сохибкоро мегрезан ай тч

xai barzu in bor ba bishkek ne durtar meravi aku.

Эй азизон Сиёсат ин санъати бози кардан аст, яъне хамун театр. Барзу вокеан шахсият аст аммо шояд ИНИТ пируз нашавад. Асосан тули кариб 100 соли охир хукумат дар Точикистон (70 сол) дар дасти ХУЧАНДИХО буд баъд КУЛОБИХО гирифтанд (22 сол шуд, бо такрибан 30 соли дигар намедиханд), ГАРМИХО (ХНИТ & Сo) кушиш доранд аммо солхои наздик хукуматро гирифта наметавонанд, ПОМИРИХО тамошо доранд, ки кай навбаташон мерасад. Ана хамин аст хукумат дар Точикистон, ки ба чор махал таксим мешавад:
1) ХУЧАНД -70 сол.
2) КУЛОБ -22 сол бо идома дорад такрибан 30 соли дига хукмрони мекунанд.
3) ГАРМИХО (ХНИТ) - кушид доранд аммо холо барвакт аст.
4) ПОМИРИХО дар навбат истодаанд, яъне ДУНЁ БА УМЕД. Тамом вассалом!

Хамза
Дустони гироми! Мебояд каме доираи фикрониамонро васеъ намуд. Вагарна бо ин мафкураи тангамон Худо доност ояндаи ин миллат ва кишвар чи мешуда бошад!?

Кулоби
Барзу хамон барзгарест, ки нони мардуми Хучандро хурда дар намакдони ин мардуми шариф туф карда буд. Хаминтавр фарк байни Барзу ва барзгар чизе намондааст.

Барзуако аз ухдаи ин кор сарбадандона мебароянд. Чунки дар шараёнашон чандин хун чараён дорад. Якум аз ӣарафи бобои падари - лакаи. Аз тарафи модар озарбоичонии эрони ва болои ин дар бистари фарханги аврупои - руси тарбия ёфтаанд. Дустдори фарханги чахоншумули порсиянд, ки ин хеле мухимм хаст. Ба кавли Мавлоно: Турки куну чусти кун не нармиву точики.... Бо хотун Ойнихол хамаи параметрхо = меоянд.

Ба Содат: Агар ин тавр бошад, кори ту хам ба сиесат набошад. Чои ту огилу кишлок, говчуши, тарбияи фарзандону хизмат ба шавхарат аст. Хамин Барзу аз ту барин лаббайгуякхо дида фоидааш ва хизматаш ба халк дахчанд зиед аст ! Худо акаи Барзуро дар панохаш нигах дорад, Омин !!!!!!

Суғдӣ
"Пегий пес, бегущий краем моря", - "Саги сиёҳе, ки аз канори баҳр медавад" қиссаи дилангези Айтматов, ки ба тоҷиӣ тарҷума нашудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)