Бахшҳо

Мулло Ҳайдар интихоб нашудани Эмомалӣ Раҳмонро “ҷинояте зидди давлату миллат” гуфтааст

Мулло Ҳайдар (Шарифов), аз рӯҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир раҳбари арзанда барои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунуни кишвар мебошад.

Мулло Ҳайдар дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад, “ҷинояте зидди давлат ва миллат” содир кардааст.

Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли бештар аз бист соли ҳукуматдорӣ ба як сиёсатмадори варзида табдил ёфта, ҷаҳон ӯро шинохтаву эътироф кардааст: “Ингуна шахси қобилиятнокро миллати оқил набояд иваз кунад.”

Мулло Ҳайдар мегӯяд, мисли ӯ ҳеч каси дигар Эмомалӣ Раҳмонро намешиносад. Ин дар ҳолест, ки Мулло Ҳайдар рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониёни кишвар пешниҳод намуда буд, тамоми хароҷоти маъракаи интихоботи президентиро ба кӯдакони эҳтиёҷманд садақа карда, замони президентии худро ба таври автоматӣ барои як давраи дигар тамдид кунад. Аммо раисиҷумҳур ин пешниҳодро ба далели мухолифаташ бо Қонуни асосии кишвар напазируфта буд.


Акс аз торнамои "Озодӣ"
Мӯҳр
рахмон
хо-хо баъд аз интихобот турмахои точикистон пур шуда боз тумахои дигар давлатхро ба ичора мнгирифтимде-а

Ин муллои КГБ яке аз сабабгорони чанги шахрванди харзагу шудааст.И.Р хизматашро кард бояд истирохат кунад.Хар ки ба чонибдории И.Р овоз дихад, барои масчиду мадрасабанди,то 18-солаги манъи масчид рафтан баробари у дар назди Худо чавоб мегуяд...

Хонандаи асосй
Одамон худ тасмим мегиранд ва аз ин гуна пирон дуо мегиранд. Ончи ки чиноят асту ё хиёнат, хобатро ба об гуфти - мулло!
Ман хайронам шарме надоранд ин кабил мардум, ки хар чи мегуянд

700
Хами мардак сдкаи номи Муллоги шавад!

haq
Э.рахмона мешиносад.лекин халка намешиноса чунки наша, раша!

Донишцу
э цаноби Муло наметавони як бор гуи,ки хохаро бо либоси Исломи вориди макотиб шаванд? Аз Худо тарсед.

Хуб, агар ин "Мулло" Хайдар Президентро хуб бишносад, пас ман худи уро хуб мешиносам, ки ки буду ки хасту ки мемонад!!!!!! Яъне шахсан ман яке аз шогирдони ин Бадбахт будам ва гумон мекунам ман бехтар аз хар каси дигаре уро мешиносаму амалхояшро бо ду чашми сарам дидаам!!!!!!! Тайёр хастам, ки гуфтахоямро бо факту ракам исбот намоям!!!!!!

Точик аз Кулоб
"Рухонии шинохта" гуфта мардумро нахандонед.Ин шахс дар Кулоб тамоман нуфузашро аз даст додааст. Ба гайр аз чанд муйсафед дигар кариб ягон пайрав надорад. Ба суханонаш хам аслан хамон муйсафедон гуш медиханд.

мухтарам мулло хайдар ,авало шумо чи хидмате кардед барои милати худ?то ки мо суханхо ва давохои шуморо чонибдори кунем ва дувум ин, ки. шумо фикри як шикаматонро накунед ва фикри шиками бечорагону бенавоёнро кунед,
як бор фикру андеша кун умрат бачое расидааст ,оё метаони дар назди парвардигор масъулиятии халкро ба душ гири?на харгиз наметавони .

Хуршед
Ба номи Худованди чонофарин. ..
Ростй вакте ин маколаро хондам, хело хандидам ва ба "шарофат"-и мулло хайдар табъам болида шуд. Эшон бояд "хеч кас мисли ман Э.Р- ро намешиносад" намегуфтанд, чун чумла инкадар дуруст нест, баръакс бояд мегуфтанд, ки "мисли ман касе лагандбардор нест". Шухй хам шухию ба холи ин миллат гиряи одам меояд. Мебини бисёре аз муллохо ба чои даъват ба рохи Ислом, дар бораи ким кадом чизе гап мезананд ки жигар онхоро на мулло гуфта мешаваду на чохил! Аллох хамаи чунин "муллохо"-ро хидоят кунад. ..

НОМАКУЛКАРИ БО РИШИ САФЕДАД ШАРМ НАМЕДОРИ АЗ НОМИ 8МИЛИОН ГАПЗАНИ

Аскар
Мулло Хайдар он муллои солхои пеш нест, ки байни мардум суханаш кадр дошта бошад. Мардуми Кулоб кайхо боз аз ин муллои дарбори дилхунук шудаанд. Худаш ва ахлу байташ ба Э.Рахмон овоз додан гирад ва кораш ба мардум набошад!!!!!!!!!!!

Ачоиб як пешниходи хуб аст! Бисёр як фикри бо маврид буд чунки ракибони Чаноби Оли намоён нестанд мардум онхоро намешиносад мо як ватан як миллат ва Призидент дорем, ки хамаи мо уро дуст медорем ва хурматаш менамоем! Барои хамин бехтараш бо таври автомати ин кор мешуд хуб мебуд чунки Узбака дахонашон меканд!

Пистаи бемагз агар лаб во кунад, ... Агар ба шумо барин тарафдор бошад, во вайло. Акалан сухане гуед, ки ба сарконун зид набошад. Боз мо зиракии сиеси гуфта гаштем. Шумо ки ба ин хад фахмиш доред вой бар холи мо. Худоро шукр, ки ангуштшумор сиесатмадорон дар Точикистон хастанд ва пешниходхои зиддиконунии шуморо кабул надоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)