Бахшҳо

Агар зан президент шавад, ба ҷои "Ҷаноби Олӣ" чӣ бигӯем?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дар шашумин интихоботи президентии 22 соли ахир ба ҳайси муддаии курсии президентӣ пешниҳод шудани як зан ин суолро халқ кардааст, ки дар сурати пирӯзӣ ӯро ба чӣ сифате ном хоҳанд бурд: Бонуи Олӣ, Саркорхонум ё Хотунбузург?


“Ҷаноби Олӣ” ахиран ба як сифати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст. Ин ибора дар беш аз 10 соли ахир ба хуну пӯсти бештари мардум, махсусан мақомдорон, ҷой гирифт. Аз кормандони қаториву сатҳи раҳбарии боғчаи бачаҳо сар карда, то директори мактабу раиси ҷамоат ва ба ҳамин минвол бештари кормандони муассисаҳои давлатӣ ҳатман ин ибораро сари забон меоранд. Ҳарчанд, фурӯшандаҳои бозору ронандаҳои таксиву мусофиркаш низ зиёд онро такрор мекунанд, аммо он лаззатеро надорад, ки вазирҳо мегӯянд.

Як “Хуб шудаст, Ҷаноби Олӣ” гуфтани онҳо ба хироҷи як мамлакат меарзад. Ин ибораро агар бархе аз сари самимияту сидқ бигӯянд, нафароне низ ҳастанд, ки аз рӯи одати хушомадгӯӣ ин ибораро ба забон меоранд, ҳамчунин шахсоне ҳам ҳастанд, тарс онҳоро ба гуфтани ибораи фавқуззикр водор менамояд.

Дар мавриди бори аввал аз забони кӣ садо додани ибораи “Ҷаноби Олӣ” гуфтумонҳо зиёданд. Баъзеҳо мегӯянд, нахуст Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, раҳбари собиқи вазорати ҳолатҳои фавқуллода онро дар нисбати президент баён кардааст. Аммо гурӯҳе ҳам аз Зайд Саидов, раҳбари пешини Вазорати саноат ном мебаранд. Ҳар чӣ ҳам ҳаст аввалӣ дар ҷараёни як амалиёт дар минтақаи Рашт ба таври мармуз кушта шуд, дувумиро бошад, дар анҷоми чандин ҷиноят муттаҳам дониставу ҳоло баррасии додгощияш пушти дарҳои баста дар СИЗО-и Душанбе мегузарад.

Дар ин баробар ҳадс зада мешавад, ки ибораи “Ҷаноби Олӣ” бозёфти Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест. Аммо ҳолдонҳое низ аз марҳум Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик ном мебаранд.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти мавзӯъ, ки дар беш аз 10 сол хеле матраҳ ва ба ибораи серистеъмоли кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон табдил шуд, месазад, ки дар борааш рисолаи докторӣ навишт. Ин мавзӯъро бояд олими ҷавоне, ки зодаи истиқлолият аст, зери раҳбарии яке аз бешумор профессорони тоҷик пажуҳиш кунад.

Тоҷикистон баъд аз суқути Шӯравӣ, ки он замон истифодаи калимаи “доҳӣ” дар нисбати Владимир Илич Ленин “муд” буд, панҷ интихоботи президентиро пушти сар кард. Ҳоло дар арафаи интихоботи шашум қарор дорем, аммо дар ҳеч интихоботҳои гузашта зане муддаии курсии президентӣ нашуда буд. Имсол, эътилофи аҳзоби сиёсии мухолиф ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ ном дорад, эълон карданд, ки номзади ягонаи онҳо дар интихоботи 6-уми ноябр Ойниҳол Бобоназарова хоҳад буд. Бо ин ҳол ҳадс зада мешавад, ки шояд хонум Бобоназарова дар ин интихобот ягона ҷинси латиф набошад. Бархеҳо тахмин мезананд, шояд, Иттифоқи ҷавонон, ҳам ки ҳаққи пешниҳод кардани номзад ба мақоми президентиро дорад, дар анҷуманаш бонуеро ба сифати номзад ба президентӣ муаррифӣ кунад.

Аммо аҷиб ин ки агар рафту дар интихоботи қарибулвуқуъ бонуе ба мансаби президентӣ бирасад, ӯро чӣ хитоб мекунанд? Наход, ки Бонуи Олӣ ё Хонуми Олӣ?

Аз ҳоло аллакай номзади ИНИТ-ро бисёриҳо “МУАЛЛИМА” мегӯянд, аммо чун ин калимаро дар нисбати бисёриҳо истифода мекунанд (масалан, писарон дар бисёр ҳолат ба духтаре, ки ба гап дароварданиянд, “муаллима шинос намешай” мегӯянд), беҳтар аст, ки ба дунболи калимаву ибораҳои “обнорасида” биравем. Мо хеле фикр карда, чанд намунаро гирд овардем. То интихобот ҳоло фурсат ҳаст ва дар сурати ба ихтиёри ҷинси латиф қарор гирифтани курсии президентӣ мешавад сифати ягонаеро баргузид. Инак, он намунаҳо: Бонуи Олӣ, Саркорхонум, Хотунбузург ё Хотуни Бузург, Малика, Шаҳбону...

Ҳар чӣ ҳам бошад, бояд калима ё иборае, ки ҳамчун сифат нисбат ба президенти зан истифода мешавад, зебо, дилчасп ва талаффузаш равону сода бошад. Агар Шумо пешниҳоде доред, бифармоед!
Мӯҳр
Мухтарам Абдулазизи Восеъ. Лутфан ин мавзуро пеш аз вакт мавриди барраси карор надихед. Таърихи чандинхазорсолаи мо точикон нишон дод, ки дар шомад ва тамаллук аз кадим мо хамто надоштем. Ба ин хотир каме сабр кунед. Агар хонуме президент шавад хатман пеш аз х=ама зердастонаш аз ахли хукумат худашон барои хушомад зуд ибораву калимоти хубе меёбанд, ки мову шумо дар хайрат мемонем. Ин одати мо точикон аст.

Занонро бувад бас хамин як хунар,Ки шинанду зоянд шерони нар,

волидам ё волида ё хонуми бузург

Бахт.
Бехтараш "БИБИХОТУН" ном гузошта шавад. Шояд бо ин сифат номхо Худованд тавфикаш дихаду "БИБИХОТУН" И хакики шавад.

Бахт
[b]Рустам
ин модар алакай шери нар зоида аст.

изатуллох
Барости вакти телвизорро гирён мекунам сухани чаноби оли интакад унтакад ба гушам мерасад ба мачалахо назар мекунам монанди хамон ба кор мерам хамчунони дигар инро барости хамаашро ман аз руи хушомад гуи медонам милати мо бисёр хушомадгуиро дуст медора ками нафароне хастанд ки хушомадгу нестан ман аз хамаи шахрвандони чумхуриамон хохиш дорам ки биёед аз ин одати бад даст бикашем Дигар чизе мехохам бигуям ин аст ки рафту агар рохбари давлвт зан шуд уро робари давлат бигуйему халос ин климахои хушомадгуиро бас кунем

Рустам,
Додари азиз Рустам афсус ки мардхо шери нар намезоянд холо баракс шудаги мардхо бекор занон руи кор 70 дар сади мрадон берун аз ватан занон мондаст пас Мардонро бувад бас хамин як хунар,Ки шинанду зоянд бо таботагохи НАСЛ шерони нар,

Зафар
Шумо Абдулазиз дигар мавзуъ наёфтед, ки даст ба мавзуъхои пуччу бефоида мезанед. Мо аз хамин шумобарин "чаноби олигуяк"-хо безор шудем, ки акнун ин навбат барои зан унвон чустучу доред. ИншаАллох, ки агар ин зан пируз шуд барои шумобаринхо намегузорад, ки парастишаш кунед. танхо мегуем: Президенти кишвар Ойнихол Бобоназарова

ай хозира алакай тоёри ба чоплусию лаганбардори дидаистодаен чи ? и мансаб ном дорад ПРЕЗИДЕНТ тамом на маликаю на шахбоную на балову батари дигар.Чумхурии мо на шохигари хасти на манархияву на парлумонву на дигар .. Правардигор решаи лаганбардорону чоплусонро аз замин несту нобуд созад!!! Омин !!!

qtp
Бадтарин амал ин хушомадгуи аст
бинобар ин харки пируз шавад масалан
мард бошад хитоб шавад чаноби раиси чумхур
зан бошад мухтарама раиси чумхур
бештар аз ин зиёдарави намудан аз одоб нест хамаи мо инсон хастем рахбарони мо хам хизматгузори мардуманд
бар фарзи мисол банда раис чумхур бошам мегуям ки ба ман сифат нагузоред факат хитоб кунед бародар фалони кофист
Чаноби Оли,

Сифати раиси чумхури ояндаро, агар зан бошад, ба андешаи ман, аз номи маснадаш чустан бехтар аст. Яъне мо бояд вожаи наве созем, ки он то хол дар забонамон маъмул нест ва маснади олиро ифода кунад. Фикр мекунам, РАИСХОНУМ вожаи навест, ки мо дар оянда онро албатта ба забон хохем овард. Албатта ин вожа хамнавои вожаи САРКОРХОНУМ-и эронихо аст, вале вожаи нав аз мо хохад шуд. Аз ибтидо мардумро одат кунондан зарур аст, ки вожаи навро бе миёнванди "а" истифода баранд, зеро он моли арабист ва ба талаботи забони точикии мо, ки дар он чинс вучуд надорад, чаводгу нест. Хар сифат точикие, ки ба воситаи миёнванди "а" онро мехоханд ба занона табдил диханд, нодуруст аст.

Расул
Ман аз номи худам,ва фикри худи ман ин,ки касе ки президент шавад,тамоман хар гуна хушомадгуиву таърифу шеъру сурудро нисбати президент маън кунад,ва барои ин ягон мучозот эълон кунад.Дар матбуотхову радио ва телевизион хам барномахоро дар бораи президент ба танзим дарорад.Касе ки Президент шавад,УХДАДОР аст,ки хизмати мардуму миллатро кунад,ва барои ин кораш шарт нест ки ИН КАРДУ ОН КАРД гуфта таъриф кунем.

Xub shud ki zan ba davlat yor shud,
Davlat az dasti zan bezor shud.
Naxod makola to in daraja bantiku be mazmun boshad....??? Agar hamin president shavad voxuri bo xalk kunad man avalin shuda bibijon meguyam

Довар
Холо интихоб нашуда, дар фикри ном шудед-ку. Бехуда саргардон нашавед, дар сад сол интихоб намешавад.

куруш
иншооллоҳ муаллимаи азиз Ойниҳол Бобоназарова дар сурати демократӣ ва шаффоф гузаштани интихобот сад фоиз Президенти мунтахаби ҳаққонии мардум интихоб мешаванд ва беҳтар аст, ки ШАҲБОНУ муроҷиат намоем, ростӣ калимаи шинам, зебо ва таллафузи мутантану гушфорам! Баъдан чун муаллима инсони хоксору донишманди бузурганд, чунин калимаи зебо ба шахсияташон мечаспад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)