Бахшҳо
20 сен 2013 14:42Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Надя Ҳардмен, вакили бритониёӣ, аз ҳаққи Зайд Саидов дифоъ хоҳад кард

Дар сурати иҷозаи Додгоҳи олӣ, Надя Ҳардмен (Nadia Hardman) -- вакили дифоъ аз Анҷумани адвокатҳои байналмилалии Лондон аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби “Тоҷикистони нав” дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба ин мазмун рӯзи 20-уми сентябр ба Додгоҳи олӣ ариза фиристодаанд. “Ҳоло додрас дархости моро қабул карда, аммо ҷавоб надодааст. Рӯзи душанбе мушаххас хоҳад шуд, ки оё Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ин дархости пайвандон ва вакилони мудофеи Зайд Саидов ҷавоби рад медиҳад, ё мусбат”,-афзуд Қудратов.

Ба иттилои номбурда, вакили мудофеъ аз Ассосиатсияи адвокатҳои байналмилалии Лондон, Надя Ҳардмен, бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дошта, аз рафти қазияи Зайд Саидов огоҳии комил доштааст. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, дар баробари ин дархости пайвандони Зайд Саидов имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ соҳибкори қазоқ - Сериқбол Окушев мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Қудратов гуфт, ҳангоми посух ба пурсишҳои вакилони мудофеъ ва додрасу додситони парванда, Сериқбол Окушев бори дигар таъйид кардааст, ки барои коркарди маодин дар кони Ҷоре ба Зайд Саидов ба маблағи 1,5 миллион доллар “пора” додааст. Аммо ба гуфтаи Қудратов, нафари зерҳимояаш воқеият доштани ин ҳолатро рад кардааст. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта буд. Додраси парванда гуфтааст, барраси парвандаи Саидовро рӯзи дуашнбеи 23-уми сентябр идома хоҳанд дод.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов тамоми онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.
Мӯҳр
Ақлак
Як Аннаи дигараш ҳам машҳур шуда буд, вая фамилияаш Чапман буд, инаша Ҳедман будааст. Аҷаб не, агар ин хонум забони халқи кабирри шуравиро балад бошад, пас яқинан аз паси ин ҳизбу моҷароҳо Кремлин истодааст, на ҷои дигар.

Лангари
Дар Точикистон адолати суди 22-сол шуд,ки вучуд надорад ва факат фармоишхои "боло"ро ичро мекунад. Барои хамин адвокатхои дарачаи байналмиллали лозим мешавад, ки аз хукукхои мардум дифоъ кунанд.

Адвокати хоричи тибки конунгузории милли хукуки иштирок дар мурофиахои пушида ва парвандахои мухри махфидоштаро надорад. Мутаасифам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)