Бахшҳо
21 сен 2013 10:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

“Пойбанди нафрат”: Қиссаи як куштор ё иттиҳом алайҳи наҳзатиҳо?

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 20-уми сентябр филми вижаи “Пойбанди нафрат”-ро намоиш дод, ки дар бораи куштори Қиёмиддин Абдусаломови 8-сола аз сӯи Сомон Муҳаббатови 20-сола ҳикоят мекунад. Ин ҳодиса моҳи июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт иттифоқ уфтода, гумонбар ин навраси 8-соларо баъд аз задани 8 кордча ба қафаси синааш, ба номуси ӯ дастдарозӣ мекунад.

Дар ин филм асосан Сомон Муҳаббатов дар бораи чигуна ба қатл расондани Абдусалом қисса мекард. Вай дар ин навори видеоӣ худро донишҷӯи курси сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва узви Хизби наҳзати исломӣ муаррифӣ намуда, бархе аз аъзои ин ҳизб ва мударрисонро дар таълими «ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуд. Ӯ гуфт, то ин ки ба донишгоҳ биояд, дар солҳои 2006-2008 бо машварати падараш ба мадрасаи Шайх Ёрибек дар деҳаи Зафорободи ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар онҷо таълими динӣ гирифтааст.

“Пойбанди нафрат”: Қиссаи як куштор ё иттиҳом алайҳи наҳзатиҳо?Ба гуфтаи Муҳаббатов, дар ин мадраса онҳо асосан “Таҷвид” ва “Мухтасар”, яке аз китобҳои фиқҳӣ дарс меомӯхтаанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин баъзе аз устодонашон дар бораи ҷиҳод суҳбат мекардаанд. Дар ҳоле ки Муҳаббатов дар навори телевизионӣ суҳбат мекард, бархе аз устодонашро низ дар таҷовуз ба номуси худ ва бархе аз ҳамсабақонаш муттаҳам донист. Ӯ дар ин замина аз 4 нафар ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ бархеи онҳо имоматии баъзе аз масоҷиди панҷвақтаро бар дӯш дошта, баъзеяшон ҳам бекор будаанд.

Дар филми “Пойбанди нафрат” аз Маҳмадрӯзӣ Искандаров, собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст, низ ном гирифта шуд, ки гӯиё дар гузашта мадрасаи Шайх Ёрибекро сармоягузорӣ мекардааст. Дар ин навор падару модари Қиёмиддини 8-сола низ суҳбат карда, гуфтанд, аз ин ҳодиса дар ҳолати шок қарор доранд ва аз мақомот бисёр талаб доранд, то қотили писарашонро ба ҳукми сангин равонаи зиндон кунанд.

Сомон Муҳаббатов дар лаҳзаҳои охири филм дар ҳоле ки аз кардаҳояш изҳори пушаймонӣ мекарду аз сокинон маъзарат мехост, гуфт, ин ҷиноятро дар пайи танқидҳои масъулони ҲНИТ алайҳи сиёсати ҳукумати кунунӣ содир кардааст. Вай афзуд, бовар дошт, ин ҷинояти содиркардааш нокушуда боқӣ мемонаду мақомот дар назди ҷомеа "шарманда" мешавад, аммо ин ҷиноят дарҳол ошкор шудааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ин филм аз силсилаи барномаҳоест, ки алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ нигаронида шудааст. Баъд аз дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ бо гуруҳе аз имомхатибони масоҷиди кишвар пешниҳоди ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ҳизб садо дода, аксари рӯҳониён аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эълон доштанд, ки ҳизб дар Ислом дуруст нест.


Дар акс: Сомон Муҳаббатов
Мӯҳр
ЧахонГир
Худо медонад, ки КИ х,ак, аст!!!!
Боз х,избро аралаш карданд эххх(
Аммо ин Сомонро бояд кушанд!!!!!!!!!!

Мэлэса
Вашета номи филми вижа Пайрохаи нафрат буд.

Аббос
Кудакора тачовуз мекунанд, занхоро бо рохи гипноз ба номусшон мерасанд. О мулло боши, намозата хону Худою Расул гую дам гиру шин! Не, барои ин мулохо власть даркор, сиёсат даркор. Ана окибат. Шаб дар филм Сомон гуфт, ки 10-15 маротиба бо корд задам, чисми Киёмидин як ларзиду баъд чон дод, сипас тачовуз кардам. Ин дахшати асримиёнагиро дар асри 21 муллохо оварданд. Худо намебахшад.

А
Аллох ба хама чиз шохид аст.дар хама чо одамони баду хуб хастанд, вале ин тв.хои мо аксаран сохстакори аст.вактхои охир умуман тамошо намекунам.

Ин хамаш сохтакори инхо дигар кор найофтанд мехоханд хизби нахзатро обруяшро дар назди мардум паскунанд огох бош дар пушти хизб аллох аст агар аллох касеро кавмеро гурухеро иззат дихад гумрохкунадае нест агар гумрох кунад хидояткугандае нест муддаи хост ки канад решаи мост гофил аз он астки аллох дар решаи мост

Комрон
Боз як фитнаи дигар барои дубора чанги шахрванди рох андохтан дар кишвар! Аз Худо тарсед ва ин кохоро ба хотири ду рузи дигар дар кудрат мондан накунед, ин корхоятон дущманони миллат барои он аст, ки ХНИТ номзади арзандаро пешниход кард, тв, кумитаи амниятро ба суд дод, акунун бо ин корхо мехоханд ин хизбро сиёх кунанд, вале мардум худ медонад. Шумо ки аз Худо наметарсед, зеро ба вучуди у эътикод надоред, вале акаллан аз хонаводаи худ шарм кунед аз зану фарзандони худ шарм кунед, зеро онхо касонеанд ки хар рузу хар соат дуругкори ва фасодкории шуморо мебинанд, чигуна хонаводаи худатонро дар ин фазои дуругу тухмат тарбия мекунед?

Ба ин кор айби нахзат чист? Ин одам чиноят содир кардааст аммо хечгох нахзат уро нагуфтааст ки рав кудака тачовуз бикун.

Махмуд
Ба хамааш филмхои турки гунахгоранд.

Карим
Аллох магар тачовузи толибилмонро раво донистааст? Аллох ба кирдори ин муллохо чи мегуфта бошад? Ман шахсан ягон сохтакориро дар филм намебинам. Сорбон аъзои ХНИТ , яке аз аъзохои фаъолаш буд. Куштани кудаки ноком бо ин вахшоният кори дасти аъзои ХНИТ аст. Бегуфтугу. Ин чо ягон тафсиру шархи иловаги зарурат надорад, ба фикрам. Мардона икрор шудан даркор, ба чои нолидану шикоят кардану худа бечора гирифтан.

Саид
Ин нуна ходисаои нангин ва дахшатнок дар тамоми кишвархои руиолам руй медиханд ва содиркунандагони ин дахшат дар тамоми дунё маняк номдоранд ва ба онхо псхологхо ва пулис машгул шуда окибат несташон мекунанд ё якумри ба зиндони мешаванд Дар Точикистон онхоро узви хизби нахзати исломи ном мебаранду ба онхо мошинаи таблиготи хукумат кор мегирад

ГАРИК
ИН ХАМА СОХТА КОРИСТ , БОЯД ОДАМЕ, ИН КОРРО МЕКУНАД БОЯД АЗ ХУДО ТАРСАД КИ ДАР ГАЗАБИ ХУДО НАМОНАД НАХОД ХНИТ БА АЪ3ОЯШОН ОДАМКУШИРО ФАРМУДА БОШАД МАН ДАР ЧАЛАСАХО ХНИТ ИШТИРОК КАРДААМ ЯГОН БОР ОН ГАБХОЕ КИ СОМОНИ ХАР ДАР ФИЛМ ГУФТА ИСТОДААСТ НАШУНИДААМ, ИНХО ХАМА ИНТИХОБОТ НАЗДИК ШУДА ИСТОДААСТ БОЗИХОИ СИЕСИСТ АЗ ХУДО ШАРМ БИДОРЕД ЭЙ БЕНОМУСХО

Ақлак
Чаро мақомот дарк накарданд, ки ҳуҷуми малах ду соли ахир натиҷаи хутбахониҳои аъзои ҲНИТ буд!

Хамин як байтакро хам халол намедониву аз таги абрхо гап мезани.

я точик
Аллох шохид аст ки гунахгор ХНИТ йо котол

БАНДАИ АЛЛОХ
ЧАРОГИ ЗУЛМИ ЗОЛИМ ТО ДАМИ МАХШАР НАМЕСУЗАД,
АГАР СУЗАД ШАБЕ СУЗАД ШАБИ ДИГАР НАМЕСУЗАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)