Бахшҳо

Пуштибонии қирғизҳо аз Бобоназарова ва қиёси ӯ бо Отунбоева

Ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони Қирғизистон аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), пуштибонӣ кардаву шабоҳат ва фарқияти ӯро бо Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, ба баррасӣ гирифтаанд.

Коршиносони қирғиз пешниҳоди номзадии занро ба мақоми раисиҷумҳур дар Тоҷикистон нишонаи рӯ ба рушд ниҳодани демократия дар кишвар хондаанд.

Тоқтайим Умедалиева, раиси Анҷумани созмонҳои ғайриҳукуматию созмонҳои ғайритиҷоратии Қирғизистон, мегӯяд, пешниҳоди номзадии Бобоназарова нишонаи рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст: “Бо пешниҳоди номзадияш Бобоназарова аллакай дар ҷаҳонбинии ҷомеа тағйирот ворид кард. Инро ҳама, ҷонибдорону мухолифон баррасӣ хоҳанд кард, ки хуб аст. Ҳатто агар Бобоназарова аксари овозҳоро дар интихобот соҳиб нашавад, вай аллакай ғолиб аст. Ӯ аллакай ба шуури ҷомеа тағйирот ворид намуд, масъулияту ҷасорати занро нишон дод.”

Дар мавриди қиёси Бобоназарова бо Отунбоева ин коршиноси қирғиз афзуд, “Отунбоева тавассути инқилоб қудрат гирифт. Ӯ аз фурсат истифода карда, яке сар бардошт, аммо Бобоназарова аз табақае, ки дар шароити феълӣ баромадан аз он мушкил аст, тавассути муборизаи мунсифона сар бардоштааст.

Азиза Абдурасулова, раиси Маркази ҳуқуқии “Килим Шамӣ”-и Қирғизистон, ғолибияти Бобоназароваро дар интихоботи президентии Тоҷикистон аз эҳтимол дур намедонад: “Чаро не? Ба фикрам, ғолибияти Бобоназарова ба имиҷи Тоҷикистон таъсири мусбат дорад. Ман муътақидам президенти зан Тоҷикистонро дар хориҷ арзанда муаррифӣ хоҳад кард.”

Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон, бо назардошти пешниҳоди номзадии зан ба мақоми президентӣ мегӯяд, Тоҷикистон метавонад дар қатори кишварҳои демократӣ ҷой гирад: “Ман бо вакилони парлумони тоҷик, махсусан бо вакилони зан бисёр мулоқот доштаам ва мехоҳам таъкид кунам, ки агар мардон машғули худнамоӣ бошанд, занҳои тоҷик аз ин хислати худхоҳӣ ориянд ва аён медонанд, ки кай аз бозӣ ба амал гузаштан даркор аст. Онҳо сидқан омодаанд, масъулият барои Тоҷикистонро ба уҳда гиранд. Вақте шунидам, дар Тоҷикистон як зани таҷрибадор ба президентӣ пешниҳод шудааст, хеле хурсанд шудам.”

Айбек Султонғозиев, мудири бунёди ҷамъиятии “Маркази тадқиқоти мушкилоти минтақавӣ” пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназароваро як иқдоми саривақтӣ ва муваффақи нерӯҳои мухолиф дар Тоҷикистон арзёбӣ кард: “Ин номзадӣ аллакай дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Магар метавонистанд, номзадҳои эҳтимолии дигар, Кабирӣ ё Зоиров низ ҳанӯз дар оғоз чунин маъракаи густардаи иттилоотиро ба даст оранд? Ба фикрам не. Дар фазои иттилоотӣ мухолифин аллакай раисиҷумҳури феълии Тоҷикистонро дар пасманзар қарор додаанд ва таваҷҷуҳи бештарро ба номзади худ ҷалб намудаанд. Аз ҷониби дигар пешниҳоди номзадии Бобоназароваро метавон ҳамчун шакли нави муборизаҳои сиёсӣ дар кишвар баҳогузорӣ кард.”

Султонғозиев муътақид аст, акнун ҳукуматдорон маҷбуранд ба пешниҳоду талаботи мухолифин дар Тоҷикистон бештар гӯш диҳанд. Дар мавриди муқоисаи Бобоназарова бо Отунбоева ин коршиноси қирғиз афзуд, ин хеле мушкил аст: “Бар хилофи Отунбоева, ки ҳамавақт дастпарвардаи ҳукуматдорон, ҳам дар аҳди Шӯравӣ ва ҳам дар замони Акаеву Боқиев буд, Ойниҳол Бобоназарова ҳамеша мавқеи қотеонаи демократии худро дошту роҳи мушкили пурпечутобро аз сар гузарондааст. Отунбоева дастнигари ҳукматдорон буд, гарчанде ҳамзамон ҷасорат дошт, ки дар қатори мухолифин қарор бигирад.”

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.

Ойниҳол Бобоназарова раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.
Мӯҳр
Ман.
Иншоаллох ин хонум Бобоназарова 55% орохоро бадаст хохад овард.

Лутфия
Агар ин ойнихол бобоназарова ин кадар зур бошад чаро мо уро намешиносем. Ин устотарошии шуморо хонад як сахна ба ёдам омад. Афандиро дар куча бачахо озори бисёр медиханд. Баъд у фикри бачахоро дур кардани шуда, мегуяд ки дар гушаи дигари хамин шахр чормагзфуруше савдо карда истодааст, ки ба бачахои наврас 5 донаги бепул хадя мекунад. Бачахо базавк ба суи ишорашуда медаванд, Афанди хайрон шуда худ ба худ мегуяд, ки мабодо хамин гап рост набошад. Ва аз кафои бачахо у низ медавад. Яъне мо гуфтани хастем, ки он замонхое, ки шумо гурбаро шер аформит мекардед гузашт.
Роза Атумбаева, Айбек Султонғозиев, Тоқтайим Умедалиева Тохтабой Туранкулов ба Точикистон ва сиёсати дохилии он чи кор даранд, ки шумо мисол меоред. Аз ин сафсатахоро дида фасли мехргон наздик аст, банка махкам карда озукаи зимистона чораша бинед.
Озодагон чоп кунед, ки бекорхучахо аз бегонапарастони ба чанги киргизи даъваткунанда бедо шаванду фахманд, ки милтикхои чангии мо тир надоранд. Худо хеч гох бандагонро хор намекунад - то нагузаронанд.

Бобур
хаха дар пешаш ин коммунист боз сурати исломи мондааст!!! сохтакори!

хамин, ки касе аз номзадхои кисаги ёд намекунад худ нишонаи пирузии Хонум Ойнихол аст.

Апаи Ойниҳол э бовар кы хами "ШЛЯПАИ сарта" ғам набоша, насиб -0.01 % овзоро соҳиб меши. Ҳамон ҳам руи хотири ШЛЯПА

Хайрандеш
Лутфия, агар шумо нашиносед, магар ин маънои онро дорад, ки дигар хеч кас намешиносад? Яъне шумо касеро шиносед, у машхур аст, агар шумо нашиносед машхур нест? Ачоиб мантике доред хонум.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)