Бахшҳо

Изҳороти ҲНИТ алайҳи “Пойбанди нафрат” ва тақозо аз ҳукумат

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши иҳзҳороте филми “Пойбанди нафрат”-ро, ки аз куштори Қиёмиддини ҳаштсола дар Тоҷикобод нақл карда, нафари қотил (Сомон Муҳаббатов)-ро узви ҲНИТ муаррифӣ менамояд, филми сохтаву бофтаи нерӯҳои интизомӣ донист. Ин филм рӯзҳои 20, 21 ва 22-юми сентябри соли ҷорӣ аз тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

ҲНИТ дар баёнияи худ, ки 23-юми сентябр интишор дод, мегӯяд, Сомон Муҳаббатов -- “қаҳрамон”-и ин филм, дур аз ахлоқи инсонӣ буда, ҳеч гоҳ узвияти ҳизбро надошту надорад. Ба бовари масъулони ҲНИТ, маҳз баъд аз пешбарӣ ва ҳимояти Ойниҳол Бобоназарова, ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ин филм “барои бадномсозии ҲНИТ” ба тамошобинон пешкаш шудааст.

“Ниҳодҳои амниятӣ борҳо кӯшиш карданд, то як чунин афроди хабарчину хабаркаши хешро ба сафи ҲНИТ шомил созанд. Агарчи Сомон Муҳаббатов соли 2012 чанд бор бо дастури мақомоти интизомии ҳукумат дар баъзе маҳфилҳои донишҷӯӣ дар ҲНИТ ба хотири дарёфти маълумот ҳузур ёфта бошад ва масъулини ниҳодҳои интизомӣ аз амалиёти “бобарор” ҷиҳати воридсозии номбурда ба роҳбарияти хеш гузориш дода бошанд ҳам, аммо номбурда бинобар машкук будан ба узвияти ҲНИТ қабул нагаштааст ва дар рӯйхати умумии аъзои ҳизб шахсияте бо ин ному насаб сабти ном нашудааст”,-омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Дар баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ инчунин гуфта шудааст, ки аҳли хонаводаи Муҳаббатовҳо ҳама кормандони соҳаҳои гуногуни ҳокимият буда, ба ҲНИТ ҳеч алоқамандие надоранд ва Сомон Муҳаббатов аз ҷумлаи гумоштагони ниҳодҳои махсус буда, маҳз бо пуштибонии ин ниҳодҳо дар яке аз факултаҳои овозадори Донишгоҳи миллӣ донишҷӯи соли сеюм буд.

Дар баёния роҳбарияти ҲИНТ изҳор доштааст, ки “сохтакорӣ ва ё хеле содда монтаж шудани филмро ҳамагон дарк кардаанд. Матни суханронии Муҳаббатов аз тарафи фармоишгарон таҳия шудааст ва номбурда бидуни дарки моҳияти масъала, таҷовузи ҷинсӣ шудани хешро иброз медорад, ҳатто агар чунин ҳодиса иттифоқ афтода бошад ҳам, шахси оқил дар суҳбат ҳеч гоҳ як чунин ҳарфҳоро ба забон нахоҳад овард.”

Тибқи иттилои ҲНИТ, дар филм бархе аъзо ва мударрисинро дар “таълими ҷангҷӯӣ” муттаҳам намуда, онҳоро ба ҲНИТ пайванд додаанд, дар сурате ки ин ҳизб мегӯяд, дар ноҳияи Тоҷикобод на мадраса дошту на мударрис: “Онҳое, ки гӯиё ӯро таҷовуз кардаанд, имрӯзҳо корманди иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумат мебошанд, ки дар ин бобат худи ҷинояткор аз матн қироат мекард. Ҷои тааҷҷуб ин аст, ки чаро мақомот бо туҳмат ҷиноятҳоеро ба ҲНИТ рабт дода, ба намоиш мегузоранд, аммо дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҳизби ҳоким хомӯширо ихтиёр намудаанд?! Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзои ҲХДТ дар ҳама гуна ҷиноятҳо,аз қабили ришвахорӣ, дуздии амволи давлатӣ, заминфурӯшӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҷовуз, куштор ва ғайра ҷиноятҳо даст доштаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашида шудаанд, аммо боре ҳам узвияти онҳо дар радио ва телевизионҳои давлатӣ садо надодаанд. Возеҳ аст, ки ташкили якчунин барномаҳо барои бадномсозии ҲНИТ дар садову симои давлатӣ дастуриву фармоишӣ буда, онҳо бар асоси «Протоколи 32-20» аз 24.11.2011 роҳандозӣ мегарданд.”

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ дар охири баёнияи худ аз ҳукумати Тоҷикистон риояи бечунучарои меъёрҳои Қонуни асосии кишвар ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва хотима додан ба ин амалҳоро ҷиддан тақозо намудаанд.
Мӯҳр
Чаноби Икс
Бале одами боакл худ медонад, ки хамаи ин сохта.

Сукрот
Сохта будан ё набуданашро намедонам, аммо Сомона мешиносам. Вай дар курси 3 мехонд. Бисёр ба дарсхо намеомад. Фикру хаёлаш бо чаласахои ХНИТ банд буд. Ана окибати кор. Бечора аз дасти муллохо ба хамин руз расидаасту боз кудаки бегуноха куштаст. ХНИТ дига чи кор кунад? Албатара отказ мекунад.

Фаъолияти имрузаи макомоти давлатии Точикистон пеши назарам лахзае аз фаъолияти Кохинони маъбади Омунро аз филми Хазрати Юсуф меорад, ки хатто худи Кохини бузург фирефтаи сохтакорихои худ шуда, тасдики Худои ягонаро инкор карда буд.

Subhonalloh
Agar tariqi shabakahoi tjk quronro qiroat kunad bovar nakuned to on oyahoro xud az quron mutolia nakuned. Agar maqomot quronro chop kunad boz ham ba sahehi va durustii on quron bovar nakuned to bo quronhoi digar harf ba harf muqoisa nakuned.

Odil
Hukumatiho az Alloh tarsed in yak sharmandagist nakhod ki shumo inqdar past boshed ki chi gunohe ki kase kard bar sari HNIT bor karda istodaed hama medonand ki in kori shumost

man
ма ку ба сохта будани филм ё сиёсатбозихошон кор надорам вале и бачахаки бечора Сомончон айба надониста боз дарс мера оянда зан мегира фарзандор меша хеч айба намедона ки мега мара 3 мулло ...

Бале хама медонад ки ин дуруг хаст нафаре 1% имон дошта бошанд чунии кор намекунад хамаи ин сохта хасте хама фахмид 1чизи оди падару модари хамон кудак такрибан 55-60 сола мебошанд лек дар Точикистон хозир аз 40-сола бола кудакдор намешаван писар 8-сола модараш 60 сола 52 солагишда гудакдор шидай ахсан боз хамон баранда мегуяд ки дар хона уро хохаракону додаракони хурдсолаш уро интизоранд. Чаноби Икс,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)