Бахшҳо
27 июл 2011 09:01Гузориш

Аз тақсимоти «Тоҷик-Эйр» то таҷдиди эҳтимолии КВД «Роҳи оҳан»

Беш аз 80 дарсади корхонаҳои хусусӣ аз сабаби шароити молии хуб надоштан, аз фаъолият бозмондан, тоб наовардан ба рақобати нобаробар ва дар баъзе ҳолат аз корхона ба оғилхона табдил гаштан, лоақал 50 дар сади маҳсулоти талаботи аҳолиро истеҳсол карда наметавонанд.



Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон то соли 2015 ба якчанд ширкати хусусиву саҳҳомӣ тақсим мешавад. Дар ин бора Амонуллоҳи Ҳукуматулло, роҳбари ин ширкати давлатӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи таҷдиди корхонаи «Роҳи оҳан» қарори ҳукумати Тоҷикистон баромада аст, ки тибқи он бояд то соли 2015 корхонаҳои роҳи оҳан хусусиву саҳҳомӣ хоҳанд шуд. Аммо суоле пайдо мешавад, ки бо хусусӣ шудани корхонаҳои давлатӣ кӣ манфиати бештар ба даст меорад. Шахсони алоҳида, соҳибони ширкатҳо ё давлат? Зеро як сол қабл аз ин ҳам ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» тағйири сохтор карда ба чанд корхона тақсим шуд, аммо ҳоло мушкили молиаш бартараф нашудааст ва коршиносон бар ин боваранд, ки барои такя кардан ба таҷрибаи ин ширкат ҳанӯз бармаҳал аст. Зеро ҳанӯз ҳам маълум нест, ширкати   «Тоҷик эйр» дар ин шакл ба буҷет чӣ миқдор суди молӣ оварда метавонад, ки бартарияташ собит шавад. Тибқи иттилои расмӣ, «Тоҷик-эйр» аз оғози таҷдид шуданаш аз ниҳодҳои собиқи таҳти назораташ «Фурудгоҳи Душанбе» -25 миллион, аз ширкати «Нафтрасон» -15, аз «Тоҷикаэронавигатсия» - 7 миллион ва дар маҷмӯъ 447 миллион сомонӣ, (ҳудуди 10 миллион доллар) қарздор буд.
Музаффар Исоқов, директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» дар як сӯҳбаташ гуфт, ки мушкили асосӣ ҳолати молиявӣ ва фарсудашавии техникаву таҷҳизот мебошад. Ба гуфтаи ӯ «Тоҷики Эйр» беш аз 40 миллион сомонӣ қарздор аст, ки ин ба ҳолати молиявии ширкат таъсири манфии худро мерасонад. Раҳбарияти ширкати ҳавоӣ тасмим дорад, ки солҳои 2012-2013 қарзҳои ширкатро пурра пардохт намоянд.

Ҳамон Аҳмади порина?
Аммо ба ақидаи коршиносон яке аз талаботҳои иқтисоди бозорӣ ташкили моликияти хусусист ва бо ин далел баъд аз фурӯпошии шӯравӣ 20 сол аст, ки дар қаламрави кишварҳои собиқ шӯравӣ раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ҷараён дорад. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон аз ин раванд хеле қафо мондааст. Вай аз ҷумла, изҳор дошт: «Хусусӣ кардани корхонаи давлатӣ маънои онро дорад, ки онҳо озодии бештаре дошта метавонанд ва кӯшиш мекунанд, ки бахши худро бештар рушд диҳанд. Корхонаи «Роҳи оҳан»-ро дар тамоми қаламрави кишвар як нафар супориш медиҳад, дар дасти як нафар аст, ки аслан аз сӯи давлат идора мешавад. Агар тамоми бахшҳои корхонаро ба қисматҳо тақсим кунанд, соҳаи хизматрасонӣ ба мардум ва бахши ҳамлу нақли бор алоҳида шавад контрол кардани корхона беҳтар мегардад. «Роҳи оҳан»-и мо соли гузашта 100 миллион доллар фоидаи соф ба даст оварда буд, вале хизматрасониаш ба мардум беҳ нагашт, ҳамон простину рахти хоби кӯҳна ва аз мардум барои ин боз пули иловагӣ меситонанд. Дар ҳолати хусусӣ шудан сатҳи хизматрасонӣ то андозае ба болоравии нархҳо мунҷар мешавад, лекин мардум аз сифати «комфорт»-и хизматрасонӣ баҳравар мегарданд. Боз агар байни корхонаҳои хусусӣ рақобат ба вуҷуд ояд, нархҳо паст мешаванд».

Аммо бо хусусӣ шудани ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик эйр»-у «Сомон эйр» нархҳо поён нарафтанд ва ин суолеро ба миён меорад, ки пас тафовут миёни ширкати давлатӣ ва хусусӣ дар чист? Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд: «бо шумораи ками корхонаҳои хусусӣ рақобат ба вуҷуд омаданаш ғайриимкон аст. Ин ширкатҳо бо меъёрҳои байналмиллалӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аммо инҷо оҷонсиҳои давлатие ҳастанд, ки бояд нархгзориро назорат баранд. Дар мисоли оҷонсии зиддиинҳисорӣ. Вале  оҷонсии мазкур чандон масъулият ва ихтиёроте надорад, ки касе нархро боло барад ҷарима кунад, ё ба додгоҳ супорад. Ин оҷонсиҳо бо ном вуҷуд доранд. На танҳо бо як хусусигардонӣ кор пеш ме- равад. Ниҳодҳои дигарро бо ин мутобиқ кунем ва фаъолияти хуб дошта бошанд».

Корхона зарур аст, на оғилхона
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи иддае аз коршиносон нақши корхонаҳои давлатӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон нисбат ба бахши хусусӣ намоёнтар аст. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ қайд кард, ки дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 13 % -и корхонаҳо давлатиянд ва боқимонда хусусӣ. Аммо ин 13 фоиз беш аз 50 дар сади маҳсулоти умумиро истеҳсол мекунанд. Аммо беш аз 80 дарсади корхонаҳои хусусӣ аз сабаби шароити молии хуб надоштан, аз фаъолият бозмондан, ба дигар мақсад истифода шудан, тоб наовардан ба рақобати нобаробар ва дар баъзе ҳолат аз корхона ба оғилхона табдил гаштан, лоақал 50 дар сади маҳсулоти талаботи аҳолиро истеҳсол карда наметавонанд.

Дар ин маврид баъзе аз масъулони давлатӣ низ назари ҳамсон доранд. Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки агар 50 дар сади афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тақрибан аз ҳисоби бахши хусусӣ бошад, боқимонда аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ аст. Вай аз ҷумла қайд кард: «Мо марҳилаи хусусигардониии корхонаҳоро қариб ба анҷом расонидем, аммо монополияҳои табиии давлат ҳоло ҳам саҳми назаррас доранд. Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан», корхонаи алюминиюми «ТАЛКО», «Барқи тоҷик», корхонаи сементбарорӣ ва дигар корхонаҳои давлатӣ фаъолият доранд, ки даромади онҳо хеле зиёд аст.
Вазири тоҷик ҳам ба ин мутмаин нест
Дар мавриди он ки КВД «Роҳи оҳан» ба якчанд ширкати хусусӣ тақсим шавад, оё  ба манфиати давлат аст, вазири иқтисод чунин иброз дошт, ки ҳоло маълум нест, ки ин корхона ба чанд ширкати хусусӣ қисмат карда мешавад ва шояд, ки хусусӣ нашавад. Лекин ба ақидаи ӯ дар давраи таҷдид, чӣ тавре дар таҷрибаи «Тоҷик-эйр» буд, аз ҳама муҳимаш марҳилаи аввал аст, ки ин ба таври шаффоф ба роҳ мондани муҳосиботи замонавӣ мебошад. Он корхонаҳое, ки дар дохили корхонаи «Роҳи оҳан» бар зарар фаъолият мекунанд, бояд мустақил шаванд. Аммо фаъолияти роҳи оҳан алоҳида, дигар корхонаҳо ба ихтиёри худ, ин чӣ тавр мешавад, тасаввур кардан душвор аст ва таҳлили амиқро металабад. Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки ба ин корҳо ниҳоят моҳирона ва эҳтиёткорона бояд даст занем ва ба шитобзадагӣ роҳ надиҳем, мегӯяд вазир.
Ҳанӯз маълум нест, ки корхонаи «Роҳи оҳан» давлатӣ бошад ба манфиати Тоҷикистон аст ё хусусӣ. Саволи матраҳ низ чунин хоҳад буд, ки оё Амонуллоҳи Ҳукуматулло аз Музаффар Исоқов ва «Тоҷик эйр» пайравӣ мекунад ё хайр?
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)