Нигаронӣ ва дастури Убайдуллоев барои омодагиҳо ба зимистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ дастур додааст, Комиссияи босалоҳият ҳолати омодагии сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, аз ҷумла дегхонаҳою марказҳои гармидиҳӣ ба зимистонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ Убайдуллоев аз ҷумла таъкид сохтааст, ки «Барқи Тоҷик» бо дарназардошти ҳал гардидани маблағгузории харид ва васл намудани ду деги обгармкунӣ дар дегхонаи «Ғарбӣ» аз ангишти ватанӣ истеҳсоли сӯзишвории сунъиро ба роҳ монда, дар ин замина истеҳсоли оби гарм ва энергияи гармӣ барои таъмини муштариёни ноҳияи Синои шаҳрро амалӣ созад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ дар ҷаласа раиси Душанбе дар иртибот ба фаъолияти дегхонаи «Шарқӣ» зикр кардааст, ки бо вуҷуди аз ҷониби фармоишгар, «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба анҷом расонидани васли таҷҳизотҳои истеҳсоли газогенератории №1 ва №2 мутаассифона ҳеҷ кадоме аз иншоот то ҳанӯз барои қабул ба комиссияи давлатӣ пешниҳод нашудааст ва дар муҳлати як ҳафта иҷрои он аз ҷониби масъулин таъмин карда шавад.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, инчунин дастур шуд, ки комиссияи босалоҳият, илова ба санҷишҳои прокурории ҷараёндошта, ҳолати омодагиҳои сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро ба мавсими пешорӯ мавриди санҷиш қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |