Бахшҳо

Алимурод Маханов: "Мехостем, маркази Душанберо битарконем"

Алимурод Маханов, маъруф ба “устод Муродуллоҳ” ва яке аз афроди гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки чанде қабл боздошт гардиданд, мегӯяд, ҳадафи онҳо тарконидани Душанбе дар арафаи интихоботи президентӣ ва “шикастани давлати Тоҷикистон” буд.

Маханов, ки тавассути як барномаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 24-уми сентябр дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, онҳо мехостанд чаҳор дарвозаи Душанбе, бинои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллиро моҳи ноябри соли ҷорӣ битарконанд.

Дар ин барномаи телевизионӣ, ки ҳамроҳони Маханов, аз ҷумла Иброҳим Ҳусейнов (аз ноҳияи Рӯдакӣ) ва Амиралӣ Давлатов (аз шаҳри Кӯлоб) низ суханронӣ доштанд, мегӯянд, онҳо мехостанд, маводи таркандаро дар дохили мошини обкашӣ пур намуда, дар маконҳои мазкур таркишҳо ба амал оранд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафареро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст: “Ман бачаҳоро барои омӯзиш ба Вазиристони Покистон мефиристодам, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаст.”

Ӯ мегӯяд, як бародар ва чанд нафари дигар аз ҳамсояҳояшро бо ҳамроҳи худ ба Покистон бурдааст, ки ҳоло онҷо зери фармони Ҳаракати исломии Узбакистон қарор доранд. Дар ин барномаи телевизионӣ, ки “Аҳримансиришт” унвон дошт, гуфта шуд, ки гуруҳи Алимурод Маханов ният доштааст амалҳои харобкорӣ, таркишу гаравгонгириро анҷом дода, ҷавонони “гумроҳ”-ро ба Ҳаракати исломии Узбакистон ҷалб намояд ва онҳоро ба мактабҳои терористии кишварҳои хориҷ интиқол диҳад.

Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳорео анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ ёфт шудааст.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии кишвар дар давоми 8 моҳу 13 рӯзи соли ҷорӣ 69 ҷинояти террористӣ аз тарафи кормандони ин ниҳод ошкор шуда, 35 террорист боздошт шудаанд.


Аксҳо:

Алимурод Маханов: "Мехостем, маркази Душанберо битарконем"

Алимурод Маханов: "Мехостем, маркази Душанберо битарконем"

Алимурод Маханов: "Мехостем, маркази Душанберо битарконем"

Алимурод Маханов: "Мехостем, маркази Душанберо битарконем"
Мӯҳр
ТВТ.РА ФАХМИДА НАМЕША
КАТИ АЛИЧОН МАВЛАВИ АБДУКАХХОР. САРХАТИБИ МАСЧИДИ ПАХТАКОРИ Н.СИНО ХОНДАГИ АСТ. БРОИ ЧИ ИН БЕЧОРАРА КАПИДЕН???
ИНАМИ МАСЧИДДА ТАМОМИ САВДОГАРОИ КОРВОН МЕЙОЯН. КАТИ РАИСОШ.
САЛАФИ БУДАНШОН МАЪЛУМ АКУ ТЕРРОРИСТ БДАНШОНА АЗ ТЕЛВИЗОР ДИДМ.
МАВЛАВИ АБДУКАХОРА ЧАКА НАШАВЕН БО. МЕХНАТ КАДА ЙОД ГИРИФТАГИЯ КОРОРА.

Ин хамаш сохтакори пеш аз интихобот муллохоро ба мардум бад нишондодан амнияти точикистон баъди тарконданишам инхоро дастгиркуни наметонад ин афсонахоро мардум шунида шунида дилбазаншудаги

А
ба коргарои вазорат рахмат.вале аз куштори оилае дар дехаи чоркух хабаре нест бояд ин ходисаро тезтар ошкор кард.

Парвиз
шумо он кадар ба ин Телевизонхо нобовари хосил кардед, ки агар онхо шаб гуянд шумо руз мегуед. ин кадар гумрохи!

Мистер Чопра
Харче аъзои ХНИТ набудаанд, агар не ин фабрика пур мешуд. Лекин аз нахзатиё дида инхо гандатар. Хамаш лакаю узбаканд. Узбакистон хам пеш аз интихоботи мо карор намешинад. Кор бурда истодаанд. Лекин органхои мо хам хом нестанд, кор мекунанд.

Точик
Инафрод дар хорич тахсил карда шояд нияти амалхои зидди хукумат дошта бошанд. Барои ин чинояташон агар аз тарики суд исбот шавад бояд чазо гиранд. Он чи барои ман шубхаовар ин аст ки ин афрод мегуянд ки 4 дарвозаи шахр ва хамчунин бинохои Вазорати Дохила ва Амниятро метарконанд. Ман боварам намеояд. Агар ин гап рост бошад кани он микдори зиеди маводи тарканда ки ба воситааш ин амали террористиро анчом додани буданд??? Аз кучо ин микдори зиеди маводи таркандаро меефтанд??? Магар ба бинохои вазорати дохила ва амният осон аст ки ба осони ба онхо наздик шуда ин чиноятро анчом диханд. Ман ба ин афсонахо бовар намекунам. Шояд нияти террори ягон нафарро дошта бошанд, аммо анчоми ончиро ки дар телевизион "эътироф" карданд бовар надорам. Дар натичаи азобдихии зиед инсон хама тухматро мекунад хатто дар хакки худаш. Чихеле ки он котили Точикободи "эътироф" кард ки гуе дар навчавонияш тачоаузаш карда буданд. Тасаввур кунед, кадом одами окил ба ихтиери худ худашро мегуяд ки маро гойда буданд??? Мачбураш карданд, зарбу латти беандоза, кувваи барк ва гайра мачбураш кард ки ин тухматро хам ба мукобили худаш ва хам ба мукобили Нахзат намояд. Афсус!!!!!!!!???????

safawi
En ho ro na "harakati islomi"goft bojhad harakti monofeqen goft.

манои салафира бдон бад гапзан

Саидамир
[quote=Мистер Чопра]

Акаи ЧОПРА ту худат ранги як мург тарсончак чиба номи худта наменависи? Ба телевизион ту барин мургон бояд бовар кунанд..ОЗОДАГОН ЧОП КУН

лаънат ба ин одамо ки худро мусалмон мехисобанд

Якум ланати худо бар чунин афроде ки нооромии ватани моро мехоханд.ва дувум ба у нафароне ки дар коменхои боло навиштаанду аз чунин афрод пуштибонии махфи медоранд гуфтаниям ки марги шумохо барин ватандустон.охир то шамол нашавад дарахт намечунбад мегуянд,ин чиз ба хамма малумаст ки дар арафаи интихоботи раёсати чумхур душманони милат таёри дидаистодаанд ки ба хар рохе ки бошад ватани мову шуморо ноором созанд.лек бачои химоя аз ватану миллат телевизону дигар бахонахокати аз ин тоифаи макрух пуштибони мекунанд.

ХАМАШ ДУРУГАЙ АГАР ХАМИ КОРМАНДОНИ ХИФЗИ ХУКУК МЕТАВОНИСТАН ХАМУ ДУ ДУХТАРАКИ ГУМШУДАРО ПАЙДО МЕКАРДАН И БЕЧОРАХОРО АЗ КУЧОЕ КАПИДА НТЕРОРИСТ ГУФТА КУНЧИ ЗИНДОН МЕКУНАН ДУХТАРЧАХОИ ГУМШУДАРО ЁВЕН

Хуршед
Ин хама барои паст задани кадру кимати ислом кор мекунанд на барои чиход хамаи инхо зархариди узбеу туркхо мебошанд аввал ин ки ин ахмако набойад номи худою расулро гиранд,
Чехраи одами мусалмон поку бе ороиш мебошад аз чехраи ин чохилон бошад торикиву бади намудор аст.ин дархолест киназдики интхобот аст,
Турку Узбек кадом вакт ба мо дуст буданд

vалид,
рост мегуй бародар инхо худашон ташкил мекунан ин афсонахоро

Марям
Шармандахо аз дунёи исломи гап назанед зарае мусалмонгари надорен имони заиф дори хархашаю ноороми аз барои ту баринхо сар мезанад дар ватан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)