Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ду сарнишини нақлиёти худрав ба ҳалокат расиданд.
Дар ин бора Қудратулло Шоев, бозраси шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба қавли манбаъ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахминан соати 17:00-и 26-уми июл, ронандаи автомашинаи «Опел -Астра» Давронбек Ашӯрови 53-сола, аснои ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе -Хуҷанд-Чанок дар километри 329-ум идораи воситаи нақлиётро аз даст дада, ба самти муқобили роҳ ҳаракат намуда ба автомашинаи тамғаи «Опел- Караван» таҳти идораи Аъзамҷон Усмонови 33-сола бармехӯрад. Дар пайи ин садама ҳар ду ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расиданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр