Султонбекова: Қочоқ ба Тоҷикистон боиси гаронии нархҳо шудааст
Чолпон Султонбекова, ноиби раиси парлумони Қирғизистон, имрӯз, 26-уми сентябр, дар ҷаласаи вакилони ин кишвар аз қочоқи сӯзишворӣ ба қаламрави Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.
Султонбекова гуфтааст, беназоратӣ ва қочоқи маводи сӯхт аз Қирғизистон ба Тоҷикистон боиси он шудааст, ки айни ҳол нархи бензин дар вилояти Бодканд боло рафта, то 44 соми қирғизӣ (4,4 сомонӣ) расидааст. Ашурбек Темурбоев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар парлумони ин кишвар ваъда додааст, ки ин масъаларо ба самъи сарвазир ва раисиҷумҳур мерасонад.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Қирғизистон, аз 1-уми июли соли равон содироти маводи сӯхтро ба Тоҷикистон барои таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори дохилӣ манъ карда буд. Қирғизистон маводи сӯхтро аз Русия бе пардохти боҷи содиротӣ ворид мекунад ва нархи он дар қаламрави ин кишвар аз Тоҷикистон хеле арзонтар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |