Бахшҳо

Нигоҳи ба ҳам зидди ду дӯст ба интихоботу номзадҳояш

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон дар саҳифаи Фейсбукаш ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар Тоҷикистон, ки 6-уми ноябр баргузор хоҳад шуд, дахл намудаву муддаиёни ин курсиро “нолоиқу бемавқеъ” хондааст. Ба гуфтаи ӯ, ин номзадҳо имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиянд. Аммо Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил, ки бо оқои Боқизода дӯст ва ҳамсол аст, иддаои ӯро рад мекунад. Ӯ дар шарҳе зери навиштаи раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон гуфта, ки “дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад”.

Беҳтар аст, навиштаҳои ин ду нафар ба шакли асл пешниҳоди хонандаҳои азиз шавад. Шумо низ агар ҳарфе дар ин маврид доред, лутфан ба мо бифристед.

Мухтор Боқизода, раҳбари Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон:

"Ману сари танҳо! Танҳои танҳо! Дар кунҷе нишаставу ба раванди ҳаводиси кишвар дида медӯзам. Интихоботи қарибулвукӯъ. Номзадҳои титу пареш. Масхарабозиву ормонкушӣ, паст задани якдигару берӯиву талоши мансаб. Ё Худоё! Магар онҳо шарм намедоранд? Бо кадом рӯ ва бо кадом иқдом хешро дар мақоми президентӣ дидан мехоҳанд?! Ҳеч аз ин номзадҳо қади арзан барои талош ба ин курсӣ арзише надоранд. Аз ман мепурсанд, ки назарат ба ин номзадҳо чист? Барояшон мегӯям, номзадҳои нолоиқу бемавқеъанд. Ва ин фароҳамоварии имкони дигаре барои пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ҳар касе ба ин номзадҳо назар меандозад, беист дар худ интихоб мекунад, ки номзади ман аз ин ҳама чеҳраҳои норӯшану номаълуму нолоиқу бемавқеъ боз ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ва ширкати дигарон дар ин маърака ҳамон бузкашони беҳунареанд, ки аз паси соҳиби аспи буз дар даст дошта аз ноилоҷӣ ва барои назарфиребӣ аспи нокораи худро маҳмез мезананд. Интихобот ҳам бузбозӣ шуд, дар майдони сиёсат."

Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил:

"Дӯсту бародари азизам, Мухтор! Он чӣ ту инҷо мегӯӣ, на ту мегӯӣ. Чун ту на он нафаре ҳастӣ, ки дар байни хасу хошоку сангу кулӯх гавҳари қиматбаҳоро дидаву шинохта натавонӣ. Ту ҳамон муборизи роҳи озодиву ободии кишвар ҳастӣ, ки ҳамеша фарзандони фарзонаи ин миллатро мешинохтиву эҳтиромашон мегузоштӣ. Ва ман бовар надорам, ки ту дар байни, ба қавли худат, ин "бузкашон"-и беҳунар шоҳсавореро болои аспи хираду адолат намебинӣ. Намебинӣ, ки дар байни ин ҳама "масхарабозон"-у "ормонкушон" нафаре ҳаст, ки, агарчӣ зан ҳаст, вале омода аст мардонавор бори гарони қисмати мардумро ба дӯши худ гирад ва корвони умеди онҳоро сорбонӣ кунад. Ва ин корро на ба хотири мансабу вазифаву пулу мол ва ё пайдо кардани обрӯи хасакӣ, балки аз рӯи виҷдон ва мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ иҷро мекунад. Дӯсту бародарам Мухтор! Шояд ин нодидагириву тангназарии туву ту барин дӯстони равшанфикру равшанзамир аз он рух медиҳад, ки ҳар яке дар дохили кулбаи худ ва ё дунёи виртуалии худ руст шуда мондаеду аз ҳаводиси дунёи воқеӣ танҳо тариқи афсонаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон хулосабардорӣ мекунед. Ва ё аз он чӣ "занакои лаби об" мегӯянд хулоса кардаеду ба дили худ яъсу ноумедиро роҳ додаед ва набардро пеш аз вуқуъ шуданаш бохта ғалабаро ба ҳариф ҳадя кардаед. Агар чунин аст, пас, воқеан ҳам Тоҷикистон оянда надорад. Умедворам, ки ман хато мекунаму воқеият чунин нест..."
Мӯҳр
Новобаста ба он ки мо эътироф мекунем ё на, баъд аз пешниходи номзадии Ойнихол <обоназарова вокеан фазои интихоботии кишвар нисбатан зиндатар шуд ва ба кавли Рачаби Мирзо метавон руйхати номзадхоро чунин ном бурд: @Эмомали Рахмон, Ойнихол Бобоназарова ва гайрахо@. Яъне ракобат танхо миёни ин ду нафар сурат хохад гирифт "ва гайрахо" ба кавли Мухтор Бокизода "қади арзан барои талош ба ин курсӣ арзише надоранд" ва вокеан "номзадҳои нолоиқу бемавқеъанд@. Ин аст, ки ман мавкеи Абдумалик Қодировро дуруст эътироф мекунам ва бовари дорам, ки махз Ойнихол номзади арзанда аст ва мо бояд онро дастгири кунем. Локин як чизро набояд фаромуш кард, ки интихоботхои мо шаффофу демократи намегузаранд ва натичаи овоз на ба овоздиханда балки ба хисобкунандаи овоз вобаста аст ва хар киро хохад хукумат хамонро президент интихоб мекунанд. Танхо хамин чиз маро ноумед мекунад

Бародарони гироми кани ба хамагон гуед, ки магар Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмонро то замони расидан ба макоми Раиси шурои Оли чанд фоизи ахолии кишвар хусусан мардуми одди мешинохт?! бубинед ба кадом андоза шухратёб гардиданд. умуман милате, ки якто фарзанди фарзона дошта бошад чи хочат ба сахибдавлатиаш. ман чунин акидаро намеписандам.

ман мехохам эмомали рахмон гузарад ин мард марди хакики аст худо нигах бонш боша хама вакт.

ман мехохам эмомали Рахмон гузара ин мард марди хакики аст худованд нигахбонаш боша

Вокеан назархои ачиб! Аммо маро я к масъала хайрон, нигарон ва ба андеша мебарад. Тасаввур мекунам ИНИТ ва О. Бобоназарова дар интихобот голиб шуд, яъне ХНИТ ба хукумат расид. Баъд чи? Баъд хай Кабири сарвазир, муло фалончи вазири иктисод, мулло бахмадончи вазири саноат, хочи мулло вазири амният баъд чи? Баъд хеччиз! Кучо меравем ба ин каманда? Ба як гул бахор намешад ин Хизбхо на иктидори бойи кадри доранду на як барномаи мушаххаси хадафманд барои рахои аз бухрони ичтимою иктисоди! Мухтарам даъвогарони мансабу хукумат пеш аз он ки хонаро бино кунем бояд тахкурсии онро мустахакам кунем. Ман на тарафдори хукуматам на мухолифин танхо тарафдори кор аз аклоният, хирад, илм, хирфа, масъулуят, ки мутаасифона аз ягон чониб ин чизхоро намебинам. То ба кадри ин арзишхои оли нарасем ва ба онхо авлавият надихем ба хеч ояндаи дурахшон нахохем расид. Бо умеди тавфик Шер!

Хайрандеш
Ба ононе, ки ба мардуми одди машхур набудани Ойнихол Бобоназароваро "далел" пеш оварда, аллакай пирузи интихоботро муайян кардаанд, гуфтаниям: Мардум дар интихобот на танхо барои интихоби бехтарин, балки барои интихоби бадтарин (яъне хат задани номи у) хам меравад.

Ваф
Шер,
Шер сад дар сад боври дорам аз хусумат гап мезани . 1умаш О Бобоназарова аз ХНИТ нест. 2 О Бобоназарова демократ аст ва усулуби домкрати ин аз хамай кишри чомеа интихоб кардани бехтаринхо, чи аз ХХДТ, чи аз ХНИТ ва Гайрву гайрах . шумо ва хизбатон , ки диктатор хастед хамро мисли худ мефахмед. Хатто мекунед.

Дехкон
Агар хохем,ки зиндагии мо бехтар шавад ба Ойнихол Бобоназарова раъй дихед.

Вафо
Салом ба хамаи мухлисони инит ва Бобоназарова. Чихеле,ки маълум шуд алакай дар донишгохои оли то дигару дига корхонахои дивлати ичбори имзои шахсонро барои чонибдории Э. Р чамъовари карда истодаанд. Ман дар хайрат мемонам,ки чаро инкадар шахсиятпарасти дар чомеъаи шахрванди бисер ба чашм мерасад?

Саид Хомид
Сад дар сад ба гуфтахои Абдумалик розиам. "Навмед набояд шудан аз гардиши айём..."Сохибназар,

Хусниддин
дуруст баъзехо ормонкушанд, аз ин пас Мухиддин Кабири бояд биравад ба шеъру эчоди таронахо ру биёрад, ки ба хулку атвораш месозад. тахалуси адабиашро хам аз сухбати Абдумалик пайдо кардем.... Мухиддини Ормонкуш.

Лори
Оғои Мухтори Боқизода ба фикрам озурдаю каме хаста шудааст.
Ин ҳолати муваққатии ӯ низ ҳаст. Илова бар ин, мулло Мухтор баъди чанде ба ҳолати пешина бармегардаду бо шухию латифаҳои зарифаш дили дустонро шод хоҳад гардонид, Магар бо чунин чеҳраи хандон метавон дер боз хастаю ранҷур ба сар бурд. Ҳаргиз на. Умедворам лаҳзае чанд баъд тағйири андеша хоҳад кард.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём,
Ҳар шом ки ояд зи паси он саҳаре ҳаст.
Ҳамин хел не, дустам.

gul sharifov
Муборизаи занон на хама вакт боварибахш ва нусратовар аст. Замоне байни ду кабила нофахмие мешавад. Кабилаи шуморааш камтар барои пирузи ба даст овардан ба макони кабилаи дигари хамла кардани шуда, барои хунрези нашудан дар миёни кабилахо занхояшонро дар сафи аввал гузошта ба хучум омодаги мегиранд. кабилаи шуморааш бештар, ки байнашон шахсиятхои дурандеш бештар буд, пеш аз хучум кардан андеша намуда, барои ба занонони хучумгар зарбаи чисмони нарасонидан рохи самарабахштареро пеша менамоянд. Хангоми хучуми занон ба онон зарба назада, хар зани пешомадаро танхо банди лозимаашро мекандаанду халос. Дар натича занони даст дар банди лозима ба хотири нигох доштани иффат ру ба гурез ниходаанд ва пирузи насиби дигар кабила гаштааст.

Дусти азиз Абдумалик! Албаттара хуш назар будан хуб аст. Вале асдро дарк кардану дар он хусус харф задан мухим аст. Ман ба Бону Ойнихол Бобоназарова эхтиром дорам. Вале бо тамом вучудам мегуяму хохам гуфт, ки ин бозёфту пешниходи хизби нахзати ислом ноухдабароёнаву зодаи кадои як бозии номаълуми тарафайн аст. Чаро мо вокеиятро дидан намехохем? шумо агар аз курсиятон хеста як ба гушаю канори кишвар назра медухтеду ба гуфти худатон хамон "занакои лаби оба" гуш мекардед ба хуби пай мебурдед, ки ахзоби сиёси он чи мардум интизор буданд дар замирашон куштанд. Мардум интизори чехраи нав буд, мехост бубинад, ки дар майдони сиёсат ки меояд? Вале ин масхарабози ва бори дигар ба такрор мегуям, ки бузбозии хизбхо аз он далолат мекунад, ки мо мохияти интихобу интихоботро дарк накардаем. Вагарна чунин ашхос аз пешниходи худ дар чунин як маъракаи мухими сиёсии такдирсоз чунин сурат намегирифт! Агар ин хизбхо мехостанд, садхо нафари сазовор хастанд, ки ба ин маком арзанадаанд, онхоро пешниходу дастгири менамуданд. Вале хар кадоме болотар аз ухд касеро дида натавонист! Ман он чи хаст мегуям. Ба бофтагву тофтаи касе кор надорам. Маро аз хама беш он ба ташвиш овардаст, ки боз чанд мохи дигар мо аз ин номзадзои нолоику ноухдабро боифтихороти дуругини хеш аломаву нотакрору ягонаву бехамтову дардошнои мардум мехонемашон. Ва алхазар аз чунин дуругпардозиву лагандбардорихо.

Бародар Мухтор Шумо чи тавр сари танхо ва тани танхо аз кунчи танхои ба раванди чомеа бахо дода ин кадар суханхои носазое мегуед, ки ба шаъни Шумо намезебад. Бо кадом далел номзадхое, ки аз чониби хизбхои эътирофшуда пешниход шудаанд ин кадар паст зада иброз менамоед, ки онхо арзише надоранд. Чи тавр Шумо ба онхо бахо медихед, ки бахусус манро намешиносед. Шояд Шумо ранчур хастед, ва ё аз касе сахт ранчидаед ва ё рузгоратон мушкилие дораду дилатон аз дунё сард гардидааст. Зиндаги мушкилихои зиёде дорад аз он озурда хотир набояд шуд ва кахратонро аз касе, ки онро намешиносед ва зарараш ба Шумо нарасидааст, . Хохиш мекунам аз кунчи танхои бароед, ба атроф нагиред дар атроф одамони нек хеле зиёданд, онхоро ба чашми нек нигар ва некбинона бохогузори намо. Овозат бошад ин хаки халоли Шумо мебошад ба касе хохед медихед, нахохед намедихед. Агар чунин хулосаронихоятон бошад барои ман овози тани танхои Шумо шахсан барои ман лозим нест.
Шуморо аз кунчи танхои берун ва бо одамон дар чомеа дидан мехохам.
Бо эхтиром Исмоил Талбаков.

Ба хотир дорам, ки дар кудакии (солхои 60 – 70 ум) мо мегуфтанд «Хафа шави бинита газ», инак ман ин гуфтаро ба Шумоен равона мекунаму, мегуям, ки хар ду 50 дар 50 дуруст ва галат андеша доред. Албатта аз нуктаи назари мазхака мумкин равнди интихобот ба бузкаши монанди дошта бошад, вале фаромуш накунед, ки худи сиёсат бузкашист. Дар хакикат хам хамин намуди варзиши миллии мо айнан сиёсату сиёсатбозиро иникос менамояд. Як чиз – буз дар мобайну хамма суи он асп метозонанд ва факат оне, ки бештар зури бозу, тачриба, берахми, хохиши аз хад зиёд, ва дигару дигар хислатхоеро, ки одами пархезкор аз онхо мегурезад дорост, метавонад бурд намояд. Ана акнун дар ин колаб чо шавед чи бо андешахоятон! Чи нафорид?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)