Департаменти ИМА аз ҳамлаи “Ал-Қоида” ва ҷонибдоронаш ҳушдор дод
Созмонҳои террористӣ бо раҳбарии "Ал-Қоида" барои ҳамла ба манфиатҳои ИМА дар Аврупо, Осиё, Амрико ва Ховари Миёна омодагӣ мебинад. Дар ин бора Департаменти давлатии ИМА хабар додааст.
"Тибқи маълумоти мавҷуд "Ал-Қоида" ва созмонҳои дигари марбут ба он ин нақшаҳоро дар шаклҳои гуногун амалӣ карданиянд, ки амалиёти фидоиён, кушторҳо, одамрабоӣ ва инфиҷорҳоро дар бар мегирад", - гуфта мешавад дар иттилоияи департамент.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони Амрико хостааст, ки ҳамеша аз эҳтиёт кор бигиранд. Гуфта мешавад, шояд мусобиқаҳои варзишӣ, манзилҳои маскунӣ, идораҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мактабҳо, марказҳои савдо, ва дигар ҷойҳои миёни сайёҳон маъруфи ИМА ва берун аз он бештар аз ҳама ҳадафи террористон қарор бигирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |