Бахшҳо
27 сен 2013 21:00Тоҷикистон / Сиёсат

Иттиҳоми бисёрникоҳӣ алайҳи раиси дафтари ҲНИТ дар Қумсангир

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар барномаи “Доми анкабут”, ки тариқи Шабакаи аввал (ТВТ) намоиш дода шуд, Маҳмадҷон Қурбонов -- раиси дафтари ҲНИТ дар Қумсангирро ба бисёрникоҳӣ муттаҳам карданд. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳӣ ё чандҳамсарӣ манъ аст.

Дар ин навор, ки шоми 27-уми сентябр пахш гардид, гуфта шуд, Қурбон Маҳмадҷонов гӯиё дар давоми як соли охир ба болои ҳамсараш ду занро ба никоҳи худ даровардааст. Яке аз ин занҳо, Зифнун Сайидғуфронова, сокини ноҳияи Қумсангир ва модари 11 фарзанд, дар “Доми анкабут” гуфт, Маҳмадҷонов ӯро аз ҳамсараш ҷудо намуда, дар никоҳи худ даровардааст. Ӯ мегӯяд, намедонад чӣ тавр ба никоҳи Маҳмадҷонов ворид шудааст, чун мафтуни садои ӯ буду дигар ҳеч чизро дар хотир надорад.

Ба гуфтаи ӯ, вақте фарзандонаш аз ин никоҳи ӯ огоҳ шудаву норозигӣ карданд, маҷбур шудааст, аз Маҳмадҷонов ҷудо шавад: “Ман хоҳиш менамоям, Қурбон Маҳмадҷоновро ҷазои сангин диҳанд, чун ӯ хонаи маро вайрон кард.” Зани дуюм, ки аз ӯ Гулчеҳра Қаршиева ном бурда шуд, мегӯяд, “Маҳмадҷонов худаш маро никоҳ карда, бо ман чанд муддат зиндагӣ кардааст. Бо ман дар як квартира ба сар мебурд, чанд бор хӯрокворӣ харида овард, гуфтам, ба ман обрӯ лозим аст, аз ин рӯ дигар чизе наор. Танҳо худат ою рав.”

Иттиҳоми бисёрникоҳӣ алайҳи раиси дафтари ҲНИТ дар ҚумсангирБа гуфтаи ин зан, Маҳмадҷонов ӯро бе огоҳӣ ба узвияти ҲНИТ даровардааст. Инчунин, дар навор корти ҳизбии хонум Қаршиева чанд бор гаштаву баргашта намоиш дода шуд, ки дар он имзои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дида мешуд. Ин дар ҳолест, ки Бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Қумсангир аз фишорҳои охир болои худ аз тарафи Шуъбаи умури дохилии ин минтақа хабар дода буд. Раёсати ин бахши ҲНИТ бо пахши як изҳорот, ки дар сомонаи расмии ин ҳизб шоми 26-уми сентябр нашр гардид, гуфтааст, рӯзҳои охир Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Қумсангир бо ҳар сабку услуб талош доштааст, шаъну шарафи бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзат дар ин минтақа, бахусус раиси он Қурбон Маҳмадҷоновро паст занад. Бахши ноҳиявии ҲНИТ овозаҳо дар бораи Қурбон Маҳмадҷоновро беасосу туҳмат хонда, онҳоро амали тарҳрезишуда ном бурда буд.

Раёсати ин бахши ҲНИТ дар изҳороти худ аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир қотеона талаб карда буд, ки ба ингуна туҳмат ва барномаҳои тарҳрезишудааш хотима бахшад. Бар асоси ин изҳорот, раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир ният дорад, аз болои Шуъбаи корҳои дохилии ин минтақа ба додгоҳ шикоят барад.

Ин бори аввал нест, ки телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи аъзои ҲНИТ филмҳои вижаеро ба намоиш мегузоранд. Дар гузашта низ чандин филмномаҳоеро пешкаши бинандаҳо намуда буданд, ки дар бархе аз онҳо муттаҳамон ҳамчун узви ҲНИТ муаррифӣ мешуданд. Ахиран Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Шӯрои васоити ахбори омма ва Медиа-Алянс бо пахши як изҳорот аз чунин барномаҳои телевизионии шабакаҳои давлатии телевизиони кишвар ибрози нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки кормандони эҷодии ТВТ-и давлатӣ «оинаи нилгун»-ро ба як минбари ташвиқу тарғиби фаҳшу фуҷур табдил додаанд. “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро низ сарфи назар намудаанд”,-таъкид карда буданд созмонҳо.
Мӯҳр
Точик
Чаро ошкоро талабботи Конститутсия поймол шудааст, гап намезананд. Тибки конун танхо баъди баровардани хукми суд, касро чинояткор номидан мумкин аст. Чаро ин касоне ки худро хомии конун медонанд, ошкоро конунхо ва Конститутсияро поймол мекунанд, чазое намегиранд. Чаро Прокурори Генерали ва Суди констиутсиони икдоме намекунанд. Вакте ки мансабдорон худашон конунро вайрон мекунанд, чи хак доранд аз дигарон риояи онро талаб мекунанд. Констиутсияро аз мукаддасоти милли хисоб мекунанд, аммо худашон дар хар кадам онро поймол мекунанд. Масалан манзили шахрванд тибки Конститутсия дахнопазир(неприкаснавенност) аст, вале бе карори суд хар мансабдор чи милитсия бошад ва чи корманди танзим бе ичозати сохиби манзил ба хона медароянд. Ин худ як чиноят аст. Аммо ягон мансабдор инро ба инобат намегирад. Магар чунин конститутсия барои мардум мукаддас хисоб мегардад??? Хеч гох.

Банда ин мардро намешиносам вале инро зарyр медонам ва шояд як кудак ҳам имрузҳо донад ки сиёҳ кунии азоёни ҳизби Наҳзат як сиёсати пешгирифтаи масхараомез чизе бештаре нест.Чи магар ягонта азоёни ҳизби халқи дузана нестанд, азоёни ҳизби халқи чи аксатy бештари вазирон соҳиби ду се зани ҳастанд вале чаро ин ТБ аз онҳо чизе намегуяд. Ин занро бинед бо 11 фарзанд доштаст, о тy агар намехости чихел ин мардак шyмора ба зани мегирифт. Ҳизбиҳо ва ғайри ҳизби дар инҷа гуноҳ надоранд ҳамон зане гуноҳ дорад ки назди сад ҷодyгар рафта сари мардро гаранд карда yро бадомаш меорад.

толибилм
Дар асоси қонунҳои Тоҷикистон бисёрникоҳӣ ё чандҳамсарӣ манъ аст. ин конун танхо барои ХНИТ ва мазлумон дахолат доштанашро хам дар Конститутсия илова намоед!!! Ва гарна аксариати азоёни ХХДТ ин модаи конунро риоя намекунанд мисол узви фаоли хизб, чонишини сарвазир дар Караи Боло дар кучаи Шараф хонаи N..... ,бо зани 4-умаш зиндаги мекунад..ки ин бино дар замони СССР барои шоиру нависандагон сохта шудааст . ва боз 100 хо чунинхо аз чумлаи аъзоёнии ХХДТ

Чаноби Икс
Магар аъзое аз он хизби "дигар" 2 ё 3 зан надорад???? ДОРРРРААААДДДД....Хамин Бен Ладенро хам узви ХНИТ нагуфтед??

Салом. Ба Шумо мерасонам ки Гул Шерали 4 зан дорад Давлатали Давлатов 2 зан дорад Абдучаббор Рахмонов вакти вазириш хар руз як зан мегирифт Нуриддин Саидов 2 зан дорад Амиршо Миралиев бехисоб Бег Зухуров 3 зан ДОРАД!!! ва хамаи Чиновникхо!

in hamash cpektakl ast bovar kuned

маъруф
Худи хамин рохбарон фикр мекунед бо як зан зиндаги мекунанд.....

Азим
Наход, ки хаминро хам масъулиниу пайравони ХНИТ тухмат хонанд. Ин раиси бахши ХНИТ худаш худашро никох кардааст :) Ду се занро шарманда кардааст, бо фиреби то охири умрат нигахбон мешам гуфта. Шармандагй! ХНИТ бояд баръакс чунин шахсонро, ки ба хизб аснод оварданд МАХКУМ кунад!!!

А
Агар гунахгор бошадхам ин чо мардум шабакаи аввалро дар коментхошон сарзаниш доранд ки сабаб дорад инро хама медонанд!!!!

Ин муздурони хукумати феьли хам дар мех мезананду, хам дар наьл. Домуллои худашон дар ин барнома баромад карда гуфт, ки ин никох вокеь намешавад чунки шартхои никох риоя нашудааст, пас тибки кадом конун ин нафар ба бисьерзанаги мутахам мешавад. Агар ки никох вокеь нашуда бошад пас тибк конуни шариат ин амал зино хисоб мешавад, на хамсари у мешавад. Тибки конунгузории давлати мо зинокори е ки маьшука ва ошик доштан чиноят балки хама шароит барои зино мухае шудаги ва фахр хам мекунанд зонихо. Аз ин нигох зино ки карда бошад ин аьзои хизб чазои ин амалаш ваколати худи хизбаст на ваколати хукумату давлат. Ин зани бадбахтро бояд чазо дод ки новобаста аз шарму хаеи мардум, новобаста аз тарси худо ва 11 фарзанди худро нодида гирифта хиенат ба шавхари худаш кардааст бояд чазо бинад! ! !

Бетараф
Хами спектакла дидм як афанди да ёдм умад.
Меган гуспанд кати буз мераван бад гуспанд ай чвор мепара, ки дмбаш боло мерава. Буз механда мега эхэээ дидме дидм.
Гуспанд як машай ханда мекна мега ак у дмби хдт як хаёт чхтай хамат да майдон мо хичи намегем, хами ябор ки дмбамун боло парид ту ркламаш мени?
Неки охи хамиёра хама медуна, неки як одами бечора никох кадаст грифтаст занака хаму бузвори рекламаш када гаштиян.
ЯК КАС НАМЕПРСА ХАМИ МАРДАКОЙ ХУБА, КИ ОХИ ШМОКИ ХАМАЙ МАРДАКОРА МУХОЧИР КАДЕН СРШУ КАДЕН РАСИЯ РАФТАН И ЗАНАКОЙ БЕЧОРАРА БОЯД КИ БГИРА? Ё АМИХЕЛИ ОДАМО ХАЙ НИКО КАДАЙ ГРИФТАСТШ ЧКО МЕНА? НАХО АЙ ПРАСТИТУТКА ШИДАНДА ХУБ НАБОША?

Хамин нахзатиера аз ин бад кунан ефтиян бахонара сабр кунен! Зиеди бадшам инами окибатшай як худотона нишон тиед ?

Инхо шарманда хастанд ))) хамон пулисхо вазифаи асосии онхо дар онаст, ки халкро химоят кунанд, аммо шумо бародарон ва хохарон медонед , ки инхо барои вазифашон аз даст наравад ба хама кор розиянд)))ХНИТ-ро паст заданиян , аммо руз аз руз тарафдораш бисер хохад шуд!!!!!!

Аз хама ачибаш дар ин барнома саволи хандахариш ва аблахонаи журналист буд, ки аз хамсухбатон мепурсид. Барои чи аъзои ХНИТ шудед? Охир ту чи кор дори? Аъзои хизб шудан магар чиноят аст? Ох чи гуям ки ногуфтанам бехтар аст.

Сафар
Ин як шармандаги ва непрофиционализми рохбарияти шабакаи аввал аст! Мард бошен кормандои ТВ–хои давлати ин кортон ай руйи инсоф нест!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)