Бахшҳо

Назриев, “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” ба ситоди Бобоназарова пайвастаанд

Мирҳусейн Назриев, раиси як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки Вазорати адлия ба расмият намешиносад, аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова - номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ кардааст. Дар ин бора Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи Бобоназарова, рӯзи 28 сентябр ба “Озодагон” хабар дода ва гуфт, “Мирҳусейн Назриев бо намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, эълон дошт, ки барои ҷамъоварии имзо кумак хоҳад кард”.

Ба гуфтаи Қаюмзод, масъулони Ҷунбиши сиёсии “Ватандор” ва “Гурӯҳи 24” низ барои пуштибонӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова изҳори омодагӣ кардаанд. Вай гуфт, “Гуруҳи 24” ва ҳаракати “Ватандор” -- ду созмони сиёсие, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доранд, баъд аз баргузории як анҷуман ба чунин хулоса омадаанд. “Аз ҷумла, раҳбари ҳаракати “Ватандор” гуфт, модоме тамоми нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон атрофи хонум Бобоназарова муттаҳид шудаанд, пас мо ҳам ба ин иттиҳод пайваст мешавем. Аз ин хотир аз тамоми тарафдорон ва ҳаводорони худ даъват мекунем, то дар ҳадди имкон барои ин ситод дастгирии маънавӣ дошта бошанд”,-гуфт сухангӯи Бобоназарова ба нақли қавл аз Додоҷони Атовулло, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”.

Ин дар ҳолест, ки дар оғоз ҳам Мирҳусейн Назриев ва ҳам созмони сиёсии “Ватандор” аз пешниҳоди номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳталабон изҳори норизоӣ карда буданд. Онҳо ин тасмимро натиҷаи фишори наҳзатиҳо дониста, гуфт буданд, беҳтар аст, Раҳматилло Зоиров -- раиси Ҳизби сотсиал-демократ номзад бишавад.

Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шомили онанд, рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳталабон интихоб карданд. Хонум Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, ки дар Бунёди Сорос ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо кор кардааст, ҳоло ба ҷамъоварии имзо машғул аст ва то кунун ҳудуди 30 ҳазор имзо ҷамъ намудааст. Дар сурати ҷамъоварии 210 ҳазор имзо ва сабти ном шудан дар Кумисюни марказии интихобот, барои дарёфти курсии президентӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, Толиббек Бухориев, Сайидҷаъфар Исмонов, Исмоил Талбаков, Олим Бобоев ва Абдуҳалим Ғаффоров вориди рақобат хоҳад шуд.
Мӯҳр
Чаноби Икс
УУРРРРРРРААААААААААААААААААААААААААААААА
ААААААААААААААААА wink winked ИЯЯХАХАХХАХАХАХААААААААААААААААААААААААА
АААА ОФАРИН-ОФАРИН....АНА ХАМИН ХЕЛ...МУТТАХИД ШАВЕД....МУБОРИЗА БАРЕД...МУБОРИЗ ШАВЕД!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Мумин
ТАСМИМИ ГИРИФТАИ "ВАТАНДОР" ВА "ГУРУХИ 24" ОЛИЧАНОБ ХАСТ. МАРДУМ АЗ ИН РАФТОРИ МУХОЛИФИН ХУРСАНД ШУДАНД ВА АЗ АЛЛОХИ ЯККА ВА ЯГОНА ИЛТИЧО МЕКУНЕМ,КИ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗИ МОРО БА ЯКЕ АЗ КИШВАРХОИ ОЗОДУ ОБОД ОВАРДА РАСОНАД

Хайрандеш
Ура!!! Вместе мы сила!!!

Шаъмигул
Ин Ойнихол аллакай креслои президентиба шиштаст-ку. Холо чои нишастан нест, Хезу рафта аввал имзохоро чамъ кун, ки вакт рафтос. Кресло мисли креслои президенти ку!?

Бо кепкаша бин...

Бахт.
Бехтарин икдом ин сарчамъ шудани гурухои мухолифин мубориза барои курсии П Т ва озодии мардум . Офарин Атовулоев. Офарин Куватов. Агар ХКТ ва ХДТ, ХСТ, ХАТ, ХИИТ, ХТ Нав, бохам дар атрофи ХНИТ ВА ХУСДТ чамъ шаванд дигар барои ХХДТ ход нест хато дар дуздидани райи мардум шанс пайдо намекунанд. Офарин ахсан Чазакаллоху хайран. Аз икдоми ин ду гурух шод гаштам ва ашки шоди низ аз чашмам рехт. Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди чанги бех аз садхазор.

Красавица Ойнихол!

донишчу
Муаллима дар хакикат хам зеби курсии борохат доред! Чунки олим хастед.САВОДНОКИ+БОАКЛИ+БОФАРОСАТИ+ТАРБИЯИ
ОЛИИ ФАРЗАНДОН ДАР СОХАИ ИЛМ=РОХБАРИ ДАВЛАТ! МУАЛЛИМА ШУМОРО КУРСИИ ПРЕЗИДЕНТЕДИ ИНТИЗОР ХАСТ ДАРАК ДОРИ?

Пурдил
мухолифин БА ПЕШ!

бекор
Пеш аз пода чанг набардоред.
Ҳукумат чизе нест, ки ба ин содагӣ ба дасти шумо афтад.

Ватандор
Хеч кор ай дастон намеояд. Хизби сотсиалист гайр аз ду-се хеш табор ва хамкишлоки М. Назриев ягон кадру кимат надорад. Додик барвакт "соф" кардагияй, Умарали ку бечора дига намедонад, чи кор кунад, гайри сафсата. Пулоша Николаев руфта бурдаст. ЭМОМАЛИ РАХМОН бо хама камию камбудихош (дар чомеа ягон нафар бекамбуди нест) аз хамаи шумо болояй!!! Фахмидед? Агар нафахмед аз огои ПУТИН пурсед.

Мухочир.
Ватандор ман хаминкадар фахмидам,ки хамаи шумо пуштибони аз Рахмон мекунед шумохо хокзане беш нестен. Агар хамин карат сари кудрат ояд ман бовар дорам,ки шумо уро Худо низ мехонед.

Саёди Савр
Шаъмигул,
Бонуи гироми. Аввал ин аст, ки курсии президенти ин кадар одди нест. Ту аввал як маротиба утоки рохбарони азизро бубин баъд мефахми ,ки дунё чи гап аст?

Бисёр нагз, лекин донед, ки инчо Душанбе ! пойтахти Точикистон ! шумо мехохед ё намехохед овозхоятон ба тарафи даркори мераванд. Дар давлатхои собик шурави то хол ягон президент бо хохиши худ аз курси нарафтааст ва факат Борис Елцин рафтаасту халос ва хамон хам аз бехад пир шуданаш рафт вагарна то хол меистод. Дар микёси Осиёи Маркази бошад то хол хамон чехрахои даврони шурави сари кудрат истодаанд ва президентхои ин давлатхо хеч гох худашон бо рохи интихобот нахоханд рафт ва дар чунин давлатхо факат сценарияи Киргизхо ба кор меравад ва дигар ягон методи демократию дигар намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)