Бахшҳо
28 июл 2011 05:11Гузориш

Садои Миёнаду ба гӯши ҳокими Тавилдара намерасад

Пуламонро оби Хингоб фурӯ бурд, қимати орду рӯған ба маротиб боло рафтааст, орд дар мағозаҳо камчин аст. Райиси ноҳия бо гузашти чанд рӯз ба наздамон наомадааст, ҳоло дигар мо ҳастему Худо. Агар ба додамон Эмомалӣ Раҳмону Шукурҷон Зуҳуров нарасанд, намедонем дигар чӣ кор кунем…



Роҳ ба сӯи Миёнадуи бе роҳ
Тахриби пули мошингузари болои рӯди Хингоби ноҳияи Тавидара  бойиси сару садо миёни сокинони ду соҳили дарё гардида, ахиран хабарнигори «Озодагон» барои ошноии бештари мавзӯъ ба рустои Мудиёни ҷамоати деҳоти «Сангвор» сафар кард. Ногуфта намонад, ки пули мазкур рўзи 18-уми июли соли равон   аснои аз болои он гузаштани автомашинаи тамғаи «КАМАЗ»  бори вазнинро бардошта натавониста, валангор гардидааст, троси пояи кӯпрук, ки фарсудаву корношоям будааст, дар ин вазъ канда шудааст.Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, тросро ҳанӯз дар соли 1963, замони бунёди пул насб кардаанд ва он корношоям шудааст. «Агар дар назди пул як нишоне мегузоштанд, ки ҳолати садамавии пулро нишон медод ва ҷиҳати интиқол надодани бори аз 5-6 тон вазнин назорат бурда мешуд, чунин воқеаъ ба миён намеомад», мегӯянд сокинони деҳаҳои назди соҳил.   Аксари онҳо бемасъулятӣ ва хунукназарона рафтор намудани масъулини ҳукумати ноҳияи Тавилдараро ба тахрибшавии пули мазкур рабт медоданд. Ин пул чанд вақт боз дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст. 4 тросе, ки аз ду тараф пулро нигоҳ медоштааст,  яктои он дар ҳолати фарсуда шудан қарор доштааст, дохили чоҳе, ки нӯги тросҳо дар он маҳкам шудааст, аз оби аз болои пул меомада пур шуда, дар он ҷо лой ҷамъ шуда будааст, ки троси пулро фарсуда кардааст. Вақте дар назди пули тахрибшуда бо сокинон сӯҳбат мекардам, бештари онҳо аз хунукназарона рафтор намудани масъулини ҳукумати ноҳия ҳарф мезаданд.  

Дар маҷмўъ ҷамоати деҳоти «Сангвор» аз 21 деҳа ва беш аз 4 ҳазор аҳолӣ иборат аст, ки баъди тахриби пул онҳо барои гузаштан аз дарёи Хингоб мушкилӣ мекашанд. Дар он тарафи соҳил  9 деҳа ҷойгир аст, ки тақрибан аҳолияш аз 2 ҳазор ҳам зиёд буда, барои убуру мурур аз дарё умуман роҳи мошингузар надоранд. Аз Миёнаду, мавзеъи пули тахрибшуда барои ба ин тарафи дарё гузаштан дар маҷмўъ 30 километр роҳ аст, ки 4 километрашро ба дохили ҷангал   пиёда паймудан имкон дораду бас. Аз Миёнаду 15 километр болотар дар рустои Ғовд пули пиёдагард мавҷуд аст, ки сокинон бо азобу машаққати зиёд, баъзеҳо ба пушташон, бархе дигар бо харҳо орд ва дигар маҳсулотро мекашиданд. Бо чанд тан аз муйсафедону занони кӯҳансоли сокини мавзеъ дар ҷангал вохӯрдам, ки яке ба хонаи хешутабор, дигаре барои хариди озуқа саргардон шуда, роҳи дарозро тай кардан доштанд. Онҳо аз ман савол мекарданд, ки  пул кай барқарор мешуда бошад? Табиист, ки дар посухи ин пурсиш ман дармемонадам, зеро чӣ гуфтанамро намедонистам, ба замми ин то ҳанӯз бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини ҷамоат мулоқот накарда будам. Вақте аз ҷангал баромадам ва чанд деҳаи дигарро гузашта ба Миёнаду расидам, аллакай шом шуда буд. Дар ин деҳа биноҳои асосии ҷамоат, аз қабили мактаб, осиёб, мағозаҳо ва бинои ҳукумати маҳаллӣ ё худ ҷамоати деҳшӯрои «Сангвор» ҷойгир будааст, ки баъди тахриби пул рафтуомади сокинон ба ин ҷойҳо коҳиш ёфтааст.Маълум шуд, ки баъди тахриби пул нархи маҳсулоти ғизоӣ боло рафта, орду равған камчин шудааст.

Мо ба райис, райис ба райис ва ӯ ба «боло» арз кардем…
Зайниддин Хоҷаев, як сокин Миёнаду аз қабили он ҳамсўҳбатонамон аст, ки мегӯяд,  феълан мушкилот зиёд аст, вале баъди чанд рўз боз мушкилиҳои аз ин ҳам зиёд пеш меояд, зеро хўрокворие, ки ҳоло дар хона дорем, бо гузашти чанд рўз тамом хоҳад шуд: « Баъди тахриби пул қимати орд дар байни 2-3 рўз аз 130 сомонӣ ба 180 сомонӣ расид ва ҳоло бо чунин нарх дар мағозаҳо низ намеёбӣ, агар бо қимати 200 сомонӣ ҳам хоҳиши харидан дошта бошӣ. Нархи шакар ба 8-9 сомонӣ расид. Равған низ қимат шуд. Барои бартараф сохтани ҳолати садамавии пул мо ба раиси ҷамоат муроҷиат кардем ва раиси ҷамоат ба раиси ноҳия муроҷиат кардаанд, лекин онҳо барои ҳалли чунин мушкилот амал накарданд. Ҳоло дар деҳа як нерӯгоҳи хурд, беморхона ва як пули дигар умуман мавриди истифода қарор нагирифтаанд, вале дар шабакаҳои давлатӣ нишон додаанд, ки чунин объектҳоро мавриди истифода қарор додаем. Лампае, ки он вақт дар болои нерўгоҳ равшанӣ медод, он на аз нерӯгоҳ, балки аз як хона нерўи барқро оварда ба он рўшноӣ бахшида дар телевизион нишон додаанд. Дар баробари фурӯравии пул, ки чанд рўз мешавад моро ба мушкилӣ дучор намудааст, ин гуна мушкилиҳо низ ҳастанд, ки моро кайҳо боз думболагиранд». Ҳисси кунҷковии журналистиам боло гирифту мақсади дидани нерӯгоҳе, ки таърифашро дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ карданд, дар ман пайдо шуд. Воқеъан, бо ду чашми сар  дидам, ки ин нерӯгоҳ боре ҳам мавриди истифода қарор нагирифтаву барқ ҳам тавлид накардааст, гумон аст, ки дар солҳои наздик ба кор дарояд.

Саидакбар Девлохов, вакили мардумии деҳаи Миёнаду гуфт, тахминан 8-сол мешавад ин нерўгоҳ дар ҳамин ҳол аст. Ба қавли ў, маблағи сохтмони ин нерўгоҳ аз тарафи як ташкилоти ғайридавлатӣ ҷудо шудааст: - Гузашта аз ин барои фаъолият накардани ин нерўгоҳ аз мақомотҳои қудратӣ як омада мепурсанду боз хомўширо ихтиёр мекунанд. Чунин нерўгоҳҳое, ки бардуруғ ҳисобот додаанд, ки гуё мардум аз инҳо истифода бурда истодаанд, 3 -то мебошанд ва то ҳол аз трубаи онҳо ҳатто об ҳам нагузаштааст, гуфт Саидакбар Делвохов…
Азбаски супориши редаксия дар мавриди пули тахрибшуда ва мушкилоти сокинони мавзеъ буд, тасмим гирифтам, ки барои ду рӯзи дигар дар Тавилдара мемонам ва бо райиси ҷамоату райиси ҳукумати ноҳия сӯҳбат хоҳам кард. Ҳамин тавр ҳам шуд…

Умед Кабутов: Ба назди президент равед!
Хоҳиши Маҳмадалӣ Назирмадов, райиси ҷамоати «Сангвор»-ро қабул намудаму дар утоқи корияш бо ў ҳамсўҳбат шудем. «Вақте оби дарё дар фасли тирамоҳ кам шавад, шояд барқарорсозии пул оғоз гардад»,-гуфт ҷаноби Назирмадов дар оғози сӯҳбат. Райис дар ҳоли садамавӣ қарор доштани пулро тасдиқ намуда илова кард, ки аз ин ҳолат райиси ноҳияро огоҳ намудам ва ҳатто гуфта будам, ки як нозир (манзураш милиса аст) дар назди ҳамин пул монанд, то назорат барад, ки бори вазнин нагузаронанд, вале ин гуфтаҳо амалӣ нашуд: « Ин пул солҳои 1964 сохта шудааст, ки дар ҳамон вақт нисбати сохтмони он беэътиборӣ зоҳир намудаанд. Аз тарафи дасти рост, ки трос дар дохили чоҳ фарсуда шудааст, бароямон маълум набуд, яъне он ноаён буд. Воқеан ҳам чанде қабл аз дохили он лою лойлуқаро баровардем. Дар ин ҷо боз як-ду мутахассиси каму тум мефаҳмидагӣ дорем, онҳоро бурдем, онҳо низ чизеро нафаҳмиданд. Дар он ҷо як нишон ҳам гузошта будем, ки аз 5- тон зиёд бор гузаронида нашавад. Вале бо гузаштани ҳамон КАМАЗ троси  пул канда шуд. Маҳмадалӣ Назирмадов, мегўяд феълан ҳеч мушкиле дар ин деҳа вуҷуд надорад. Ба қавли ў 2700 нафаре, ки дар 9 деҳаи дар ин тарафи пул аз роҳи мошингузар маҳрум мондаанд аз ягон ҷиҳат танқисӣ намекашанд. Назирмадов иброз намуд, ки 15 мағоза бо нархҳои арзон дар хизмати мардуми Миёнаду буда, ба наздики ба ин деҳа боз орд меоранд. Баъди ин сӯҳбат аз чанд мағозае, ки дидан намудам дар он мағозаҳо  орд набуд. Сафаралӣ ном як савдогар гуфт, ҳамон рўзе, ки пул канда шуд дар мағозааш 70 қопча орд будааст, ки  бегоҳ нашуда ҳамаи ордҳоро мардум хариданд. Ў болоравии нархи маҳсулотро дар натиҷаи кандани пул тасдиқ намуд ва гуфт, ки мардум акнун захира карда истодаанд. Дар ҳамин ҳол чашмам ба як гурўҳ одамоне афтод, ки онҳо дар хусуси гунаҳкор будан ва ё набудани ронандаи КАМАЗ-и аз пул афтида баҳс доранд. Аз сӯҳбатам ба онҳо маълум шуд, ки БДА-и ноҳияи Тавилара ронандаро барои чунин амалаш мавриди пурсиш қарор додаанд. Рустам Шоҳнеъматов, ронандаи КАМАЗ гуфт, дар ин ҷо ман ҳеч гуноҳе надорам, зеро «вақте, ки ман омадам дар он ҷо ягон нишоне, ки ҳолати садамавӣ будани пулро нишон диҳад набуд. Гузашта аз ин бори аввал аст, ки ман ба ин пул мегузарам, қариб ду сол мешавад умуман ин тарафҳо наомада будам».

Зимни пайгирии ин мавзўъ бо ҳар нафаре, ки ҳамсубат мешавам, онҳо барои ҳалли мушкилоташон аз раиси ноҳия ва дигар масъулини ҳукумати ин ноҳия изҳори нобоварӣ мекарданд. Аз чӣ бошад, ки онҳо танҳо ба ду нафар: президент Эмомалӣ Раҳмон ва райиси МН Шукурҷон Зуҳуров дар расидагӣ намудан ба ҳалли мушкилоташон итминон доштанд. Ҳатто як мўйсафед аз куҷое ба наздам ҳозир шуда, беихтиёр сӯҳбатро оғоз намуда гуфт, ки «Вақте аз камбудиву норасоиҳо ба «боло» шикоят кунем, дар ноҳия моро мавриди латукӯб қарор медиҳанд». Ин муйсафед чанд далел ҳам барои ин гуфтаҳояш пеш овард. Як ҳамсӯҳбати дигарам, ки худашро Маҳмадраҳим Гадоев муарифӣ кард, аз андозбандии зиёдатӣ ва ноҳақ шикоят мекард. Ў мегўяд, вақте барои ҳалли мушкилоташ ба кумитаи андози ноҳия рафтааст аз ин кумита як масъул бо номи  Умед Кабутов ба ў гуфтааст: « Ин кори туро на суд ҳал карда метавонад, на раиси ноҳия ва на раиси ҷамоат. Ту фақат метавонӣ як ариза нависиву назди президент Эмомалӣ Раҳмон биравӣ». Ҳамсӯҳбатам мегўяд, 5 гектар заминро ба сари ӯ бор кардаанду мегўянд ,андози ин заминро биёр. «Ман барои назди президент рафтан шароит надорам»,- навмедона изҳор мекунад ӯ ва мегӯяд, агар президент ҳам ба ин ҷо ояд онҳоро намемонад, ки бо ў ҳамсуҳбат шуда, мушкилашонро ошкоро гўянд. Маҳмадраҳим Гадоев хеле хоҳиш кард, ки дар баробари мушкилотҳои ба миён омада, баъди тахриби пул, ҳамин доди моро расонед, шояд ба додамон касе расад.

Райиси ноҳия ба наздамон наомадааст…
Мардуми дар он тарафи дарёи Хингоб буда гузашта аз ин ҳама аз он нигаронанд, ки баъди чунин воқеа, яъне канда шудани пул, раиси ноҳия ҳатто як бор назадашон наомадааст ва ба онҳо дар мавриди мушкилоти ба миён омада сӯҳбат  накардааст…

Пас аз ду рӯзи буду бош дар ноҳияи Тавилдара ба ман имкон даст дод, ки бо райиси ноҳия, ки сокинони он тарафи соҳили Хингоб дар орзуи «дидор»-аш буданд, мулоқот кунам. Ҳимматшо Ғайратов, иброз намуд, ки «Ман ба лаби дарёи Хингоб назди пули кандашуда рафта будам, вобаста ба тахриби кӯпрук бо чанд ниҳоди марбута гуфтугӯ ҳам доштам, аммо поёни қазия то ҳанӯз норӯшан аст». Аз ҳарфҳои райис дарёфтам, ки мавзӯъи барқароршавии пул ҳоло ҳам ҷиддӣ гирифта нашудааст ва дар рӯзҳои наздик таъмиру тармими он ба гумон аст.  Ғайратов иддаои мардумро беасос унвон карда мегӯяд, дар муддати кӯтоҳтарин болотар аз ин мавзеъ пули мошингузар бунёд мешавад ва мавриди истифода қарор мегирад, аммо боз ҳам райиси мӯҳтарам нагуфт, ки кай ва дар кадом вақт ин тасмим амалӣ мешавад. «Мардум беҳуда садо баланд мекунанд, ки нарху наво афзойиш ёфтааст, онҳо барои ду сол бояд маводи ҳурокворӣ захира кунанд, дар ин бора президент чанд маротиба ҳам гуфта буд»,- ҷамъбаст кард Ҳимматшо Ғайратов.

PS: Аҷиб аст, ки райиси ноҳия бо ишора ба захираи дусола ҳарф мезанад ва сокинони Миёнадуро муттаҳам ба дурӯғгӯӣ мекунад. Дар ҳоле ки пас аз тахриби пул ба назди эшон нарафтааст, мушкили онҳоро надида мегирад ва дар бораи ҳалли проблемаи сокинон чизе намегӯяд. Гузашта аз ин аҳолӣ чиро ва чӣ гуна бояд «захира» кунанд, онҳо на маблағи кироӣ доранду на пули мошингузар ва на гӯши фарёдрас. Акнун Миёнаду ва сокинонаш мемонад, ки бе пул аст ва байни ду соҳил рӯ ба раҳми Худо. Дар саросари Тоҷикистон омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти миллӣ идома дорад, Миёнадуву сокинонаш бошанд, миёни кӯҳҳои осмонбӯс дар орзуи дидани мошини пурбор, ки ҳамин замон аз болои пули хаёлӣ мегузарад.

Шояд райиси ҳукумати ноҳия ҳам аллакай ба ҷаласаи тантанавӣ, ки рӯзи 9-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъватномаи ҳукуматро гирифтааст?   Ҷаноби Ҳимматшо Ғайратов дар ҳузури президент дар бораи кадом «дастовард»-аш ҳарф мезанад, ба назари мани журналист хеле аҷиб менамояд…

Алишер Зарифӣ
Душанбе-Миёнаду-Тавилдара-Душанбе{jathumbnail off}
Мӯҳр
Мухтарам Алишер ман аз номи худ ва номи хамаи мардуми нохия ба Шумо рахмат мегуям ки аз холи мо бохабаред! якон сокини нохия аз ин рози нест чаро инро президент дарк намекарда бошад.
Илтимос акаи Алишер ба наздики боз ба чои мо оед ва боз маколахо чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)