Бахшҳо
30 сен 2013 15:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Норизоиятии ЮНИСЕФ аз пахши “Пойбанди нафрат”

Дафтари ЮНИСЕФ, Бунёди кӯдакони Созмони Милал, дар Тоҷикистон аз расонаҳои кишвар даъват кардааст, ҳангоми таҳияи гузориш ва пахши барномаҳое, ки марбут ба кӯдакон мебошад, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Ин созмон мегӯяд, намоиши барномаҳое ба мисли “Пойбанди нафрат” тариқи шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла “Баҳористон”, ки махсус барои наврасони аз 3 то 16-сола роҳандозӣ шудааст, хилофи усулҳои ахлоқии инъикос намудани масоили марбут ба кӯдакон мебошад. Ин филми вижа дар бораи куштори Қиёмиддини ҳаштсола аз сӯи Сомон Муҳаббатов нақл мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, ки Сомон бо задани даҳ-дувоздаҳ кордча ба пушти Қиёмиддин ӯро куштаву баъдан ба номусаш таҷовуз намудааст.

“Тавлиди матолиб барои кӯдакон ё дар бораи онҳо, бахусус барномаҳои телевизионӣ аз журналист равиши бодиққатеро талаб намуда, инчунин эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҷониби ҷабрдидаро низ тақозо мекунад”,-омадааст дар изҳороти ЮНИСЕФ. Ба қавли масъулони ин созмон, барномаҳое, ки муҳтавояшон ба рушду нумӯи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад, набояд аз тариқи шабакаи телевизионии махсус барои кӯдакон роҳандозишуда ба намоиш гузошта шавад.

Ин созмон илова кардааст, ҳарчанд мардум ҳақ доранд, барои иттилооти марбут ба мушкилоти худ дастрасӣ дошта бошанд. Вале ҳангоми пӯшиши онҳо бояд маҳдудиятҳои ахлоқӣ низ ба инобат гирифта шавад. Ба гуфтаи ЮНИСЕФ, яке аз ин маҳдудиятҳо ин масоили марбут ба кӯдакон мебошад: "Зеро инъикоси масоили вобаста ба наврасони синашон аз 18 поин хусусиятҳои вижаи худро дорад."

Меъёрҳои этикии инъикоси масоили марбут ба кӯдакон ва наврасони синашон то 18 дар Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдакон баррасӣ шудаааст, ки ба гуфтаи ин созмон метавонад барои намояндагони ВАО ҳангоми инъикос ва омода кардани матолиби бачагона кӯмак кунад. Ин даструламал барои кумак ба беҳтарин хабарнигорони дар доираи ахлоқӣ амалкунанда пешбинӣ шудааст: “Хидмат ба хотири манофеи аҳолӣ дур аз поймол намудани ҳуқуқи кӯдакон.”
Мӯҳр
Хирад хамон ташкилкунандагони хамин барнома надоранд чи чои таълим додан барои онхо сами главни корашон буд шавад. Вакте, ки Худое накунаду ду тифл чунин кунанду гуянд, ки аз тв бахористон ёд гирифтем ё дидем гунахкор ки мешуда бошад.?

Хайрият, ки акаллан як ташкилоти байналхалки ба хотири кудакхо гап зад. Лекин мехохам умуман зиди намоиш додани мурдахо ва ном бурдани чабрдидахо эътироз кунам. СССР нишон намедоду ном намегирифт, барои он ки медонист, таъсири бад дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)