Ноҳияи Балҷувон 53-километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дорад.
Аммо барои таъмиру барқарорсозии ин ҷодаҳо аз аввали соли равон то кунун аз буҷаи маҳалл ягон дирам ҷудо нагардидааст. Фотеҳ Аминов, раиси ноҳия мегӯяд, дар хазинаи буҷаи маҳаллӣ маблағ нест, то роҳхоро таъмир намоянд. Ба гуфтаи вай феълан ноҳия 65 фисад дар дотатсия, ё худ мабалғгузори ҳукумати марказӣ нишастааст.
«Нақшаи ҷамъоварии андоз дар нимаи аввали соли равон барзиёд иҷро гардид. Чанде пештар ба буҷаи маҳаллӣ ҳудуди 10 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки барои тақсим ба соҳаҳои гуногун бениҳоят кам мебошад. Аз ҳамин хотир мо наметавонем барои таъмири роҳҳо маблағе ҷудо намоем»,- мегӯяд Аминов.
Ин дар ҳолест, ки роҳҳои нақлиётгарди ноҳияи Балҷувон дар ҳоли вайрону валангор шудан ҳастанд. Шурӯъ аз сарҳади ноҳия, аз ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик то маркази Балҷувон ва берун аз ҳудуди ноҳия роҳҳо ҳамагӣ вайрону таъмирталабанд. Аммо роҳсозон бо сабаби набудани маблағ тавони барқароркунии онҳоро надоранд. Дар ҳоле, ки Балҷувон мавзеи туристӣ эълом гаштаву мунтазири меҳмонони дохиливу хориҷӣ аст. {jathumbnail off}
Мӯҳр