Бахшҳо

Суоли вакилони Зайд Саидов: Чаро сирри тафтишот фош шуд?

Се вакили мудофеи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав” гузориши телевизониеро, ки дар бораи таҷовузи як духтари навраси рус аз сӯи нафари таҳти ҳимояташон ҳикоят мекард, ғайриқонунӣ донистанд. Ин гузориш шоми 30-юми сентябр аз барномаи “Ахбор”-и телевизионҳои Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки дар он Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғ муттаҳам мешуд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъ, гуфт, ин кори мақомот бидуни ризоияти вакилони мудофеи Зайд Саидов сурат гирифта, махфӣ будани парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро зери суол бурдааст. Вай афзуд, аз болои ин кори мақомот ба Додситонии кулл шикоят бурдаанд: “Мо аз додситони кулл Шерхон Салимзода хостем, дар доираи ваколатҳои ба ӯ додашуда ҳолати ба миёномадаро ҳаматарфа мавриди санҷиш қарор дода, нисбат ба ин қонуншиканиҳо ҷораҳо андешад.”

Вай дар идома гуфт, “мо дар ҳайрат мондем, чун ин парванда мӯҳри махфӣ дорад ва аз мо дар бораи фош накардани сирри тафтишот забонхат гирифтаанд. Лекин онҳо худашон дар барномаи “Ахбор” сирри тафтишотро фош карданду парвандаи махфиро дар телевизион нишон доданд, ки мо аз ин амалӣ мақомот комилан розӣ нестем.”

Мусоҳиби мо мегӯяд, “агарчӣ дар асоси парвандаи нави таҷовуз ба номус алайҳи Зайд Саидов айб эълон нашудааст, аммо мақомот ӯро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор ҳисобиданд. Мо аз ин амалҳои ғайриқонунии тафтишот розӣ нестем ва худи ҳамин рӯз аз болои он ба Додситонии кулл шикоят ҳоҳем бурд ва нусхаи шикоятро ба Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ месупорем, чун тафтиши ин парванда ба уҳдаи ин ду мақомот аст. Ин дар тафаккури мардум ҷо намудани хабарҳо дар бораи ҷиноят содир намудани Зайд Шерович ва паст задани шаъну шарафи ӯ дар назди мардум аст.”

Ин вакили мудофеи Зайд Саидов таъкид кард, баъд аз машварат бо дигар ҳуқуқдонҳои маъруф Шабакаи аввали Тоҷикистонро, ки ин наворро намиш дод, ба додгоҳ хоҳанд кашид. Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт гардид. Мақомот ӯро дар бисёрзанӣ, ришват, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақом, таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам мешуморанд.

Дар акс: Исҳоқ Табаров, Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов, се вакили мудофеи Зайд Саидов
Мӯҳр
в
Ин хукуматдорон тамоман ба корхои пасту нангин даст зада истодаанд.

Адвокат
Мо дар Точикистон не дар чангал зиндаги дорем ва як гурух ба мо хукумат карда истодаанд, ки конунхоро хамчун бозича ба манфиати худ истифода мебаранд. телевизиони давлати на моли мардум балки моли прзидент ва хонаводааш аст. Ин чондорхо то вакте дар вазифаанд корашон хамин аст.
Наход ин мардум то ин хад бечора бошанд ки якчанд нафар хар коре хоханд бар сари онхо биёранд. Худоё худат ин миллатро аз дасти зоилмон начот дех. Гап факат дар бораи Зайд намеравад, имруз хатто як одами оддиро хам барои он ки прокурорхо, кумитаи амният, милдиса ва г.. макоми баландтар гиранд ва дили чанобашонро гарм кунанд бояд хатман касеро тухмат кунанд ва ба зиндон шинонанд.Зеро диктаторхо аз дидани одамони бисёр дар зиндонхо кайфу лаззат мебаранд. ин як навъ бемори аст.

Зиёвиддин Душанбе
ОООООООООООО Ахбор вазифаи расонаии худро ичро кардааст, ягон нафарро гунахкор хукум набаровардааст. Журналистика коидаву конун дорад, кадом банди он поймол шудааст?

Манучер
Мухтарам ш.кудратов ба ягон суду макомот шикоят бурдани шумо фоида надорад чун ки хамаи онхо дар як дег чушидагианд ва чушидаистодаанд ба ягон конунхои байналмилал шикоят баред чун кори зайд паси дархои баста сурат мегирифт аз ин бар меояд ки дар ин кишвар чизе ки худашон хоханд хамуна мекунанд хукуки дигарон дар кор нес ба инхо илтимос илочи корро ебед мардуми точикистон то ба кай ин хама зулму ситам болои мардум барои чи эътирози худи зайдро дар навор нишон надоданд бубинед факат як тарафро ба инобат мегиран тарафи дигар хаки гап задан надорад ин сагон то ба кай мекунанд ав ав

Shahrvand
Murdani in khel hukamt beh az on ki marde ki inqadar baroi vatani khud kidamat kard uro beobru karda dat Tv 1 az in ruzaton murdanton ruze meshavad ki baroi in tuhmathoi nojo javob metiyen Khudo shumoro jazoi sakht dihad

Мануч
Лахзахои гуворо давом дорад бехабар намон. ДАХШАТ тухмати навбати алайхи Зайд Сайидов... АЧИБ чаро парвандае ки мухри махфи дошт ошкор шуд...? Ое ин парвандаи мухри махфи дошта танхо барои адвокатхои зайд мебошад...? Чаро масъулони конун ба конухои худ кабул карда итоат намекунанд е ин конунхо танхо барои мардуми бечора хаст...? ОББО боз Зайдро чи интизор мебошад...?

Сайд
ин парванда махфӣ пахфӣ нест, бояд ба ҳар қимате набошад, ин марди худоро бояд, ки шикаст, дастгоҳи беандешаи хонаводаи қишлоқӣ, ки аз бетаҷрибаги тоҷикро ба равшану ҷамшуд табдил дод, бори дигар нишон медиҳад, ки ин тоифа дар фикри обруву нуфузи тоҷикон нестанд. Агар Саидов З. ба ҳайси вазири ҳукумати рахмон чунин ахлоқи ношоиста ва ғайриинсонӣ дошта бошад, пас худи раҳмону атрофаш аз Зайд ҳам бадтар. Нафрати ватан ба шумо, ки тамоми арзишҳои тоҷикиро зери суол бурда истодаед.

Алишер
Ба гуфти макомот Зайд педофил будаст бисер хандаовар )))))

Вакте ки дигаронро паси панчара карданд ё куштанд бояд аз номи 30%-гихо овоз мебароварди ва модоме ки хомуш нишаста бизнес карда дар ишки пулу мол рафти - мукофотат анахаминхел мешавад. Худо мададгорат бод.

Шарофиддин
Аз рафтори хукуматдорони имруза шармам омад.

ба haker
Haker,
худованд шайтонр ва бухлу хасадро аз дили Шумо бародар дур кунад.
бародар барои таквияти имон лутфан сурраи фалакро бо тафсираш боре хонед...
бовари дорам аз 100 фоиз хатто 0,5 оизи хидмати Зайдро ба мардум накардаед. худованд мо ва Шуморо имонамонро таквият дихад ва ин марди шарифро озод кунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)