Бахшҳо

ҲХДТ Раҳмонро боз номзади худ интихоб кард

Тақрибан ҳазор вакили Анҷумани 11-уми Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки рӯзи чоруми октябр дар Филармонияи давлатӣ баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари ин ҳизбро ба унвони номзади худ интихоб карданд. Аммо худи Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иштирок надошт ва интихоби номзадии ӯ дар ғайбаш сурат пазируфтааст.

Анҷумани ҲХДТ таҳти раёсати Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ин ҳизб, баргузор шуда, нахуст пешбарии номзадии Раҳмон аз забони Ҷонибек Қозибеков – вакил аз Бадахшон садо додааст. Вай аз ҳамаи иштирокдорони анҷуман хоста, ки ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон раъй бидиҳанд, чун дар ҳоли ҳозир аз ӯ дида нафари арзандае нест.

Қаблан номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва, инчунин, Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст. Дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябр, вай барои бори чорум ба курсии президентӣ такя хоҳад зад.
Мӯҳр
Чаноби Икс
Интизор бошед! Барои зодрузи президент Суперприз тухфа мекунанд!

Маъракаи интихоботи нею як спектакли таппа тайёр факат афсус, ки бародар Барзу Абдураззоков ин спектаклро ба сахна нагузоштааст. Хеле дардовар, риккатовар, хандаовар, гиряовар короче САМОВАР.

манижа
интихоб накунанду бинанд холашон чи мешавад

Чаноби Икс
уууфффффффф боз 7 соли дигар бебарк мемонам-а??? Э мардуми содда умедатонро аз ин хукумату хукуматдор канед!!!! ххдт 7 соли дигар лачоми давлатро дар даст дорад!!!!!!!!! Чаноби исмонову талбакову бухориеву гаффорову бобоев кучо???? ИНИТ имконият дораддд!!! Агар муборизаро то ба охир барад!!! Агар не,ба хамин хамаш тамом! Дигар дар мавзуи интихобот харф назанед! Сукут кунед,сукут аломати ризост!

А
Хабари бисер ногахони,

Бор
Иншоаллох пирузи насиби апаи Ойнихолнон хаст. Ин рахмон агар кухи тило ваъда дихадам,ки мардум набояд аз ин пуштибони кунанд.

Вокеан спектакли хуб мешавад. Бо аз хама ачиб он аст, ки номзадии Чаноби Олиро вакили бадахшонии мо пешниход кард ва нахустин пешниходкунанда хам ячейкаи бадахшонии хизб аст. Ин хама тухфаи мо ба ЧО бар ивази чанги Хоруг алайхи мардуми осоишта аст

саттор
Рахмон аз ухдаи давлатдори аз рузи авали ба сари кудрат омаданаш баромада натавонист ва наметавонад. Тем более хозир торхои асабашро равган пахш кардааст.Президенте ки гапаш дар чиновникош намегузарад аз у уммед барканд.Масалан; як масалаи зиндонхоро ба танзим оварда натонист.Чинояткор ку чиноят кард пас суд хукм баровард нисбаташ бояд чазояшро дар махбас мувофики сарконун адо кунад.Иззатулло шарифов худаш кист ки боз конухои гайри одамиро нисбат ба махбусон раво мебинад?Бап

Абдуллох
Бор,
Ойнихолат чи хизмате бар мардум кардааст!!! Аз номи дигарон гап назан арзандатарин мард ба курсии президенти Эмомали Рахмон мебошад мо бо Шумоем Чаноби Оли...

Саттор,исбод кун ки ки чи гуна натавонист.
и праблемахои мухочирону нарасидани чои корро мисол наор и фикри гудакияй ,

Чамшед н.Восеъ
Мо аз ин кори пеш гирифтаи аъзоёни ХХДТ бисёр шод шудем. Дар хакикат чаноби Оли арзандаи курсии президенти мебошад.Хизматхое ки Чаноби Оли барои халки Точик кард ягон сарвари давлати дигар барои мардуми худаш кардаги нест. Корро аз сифр сар кард. Солхои гуруснагию чанги шахрванди аз ёдатон рафт? Барои як бурда нон шуда 3 руз ба навбат меистодем. Шукри истиклоли ватанро кардан лозим аст. Албата камбуди хаст ягон шахс бе камбудию бе гунох гайр аз Худо намешавад лекин барои бартараф кардани хамаи камбудихо хукумат кушиш карда истодааст. Мо бояд ин кушишхоро нодида нагирем. У хизбхое ки Шумо пайрави мекунеду таърифашон мекунед ба хамаи он аъзохояшон як руз давлатро ирода карда наметавонанд. Факат дар фикри манфиати худ хастанд. Ман на мансаб дорам на фабрикаи чавобам чи хеле ки шумо мегуед. Ман хамчун як шахрванди Точикистони Азиз фикри худамро баён кардам. Саломату сарбаланд бошед. Аз озодагон илтимос ки бе ягон тагирот чоп намоед. Ташакур.

Хуррам
Агар касе хизматхои Чаноби Олиро нодида мегирад Кур аст ва душмани ин миллат. Холо бисёр хадс мезананд, ки Чаноби Оли 20 сол Хукумат карду пешрави нашуд. Чаноби Оли 10 соли аввал алайхи душманони дохилие. ки бо силох хуни халкро мехурданд мубориза бурд ва бо матонати чавонмардони асили ин миллат онхоро аз решаву бум мавхв кард. Дар дах соли охир Точикистон бо сурати кайхони пеш рафт. Асри 21 Асри ТОЧИК аст албата бо Чаноби Оли. Русиёхи накунед МУХОЧИРАТ моли Хукумати РАХМОН нест. Ин дар тамомми дунё хаст ва бо хости ХУДОВУ рохбарии ин марди ХИРАД дар хафт соли оянда кохиш меёбад. Озодагон бас аст яктарафи хама фикрхоро чоп кун ё ДАСИСАРОЮ ХИЗМАТИ ХОЧАГОНИ БЕРУНАРО БАС, БАЙНИ МИЛЛАТ ТАФРИКА НААНДОЗ,

саттор
ИСБОТ БА 03 ДАНГАРА.Хоб масалаи чои кору мухочирату , шахси кардани бонкхову заводхоро,аз худ кардани тичоратхои сердаромадро,руирост пойпол кардани конунхои конститутсияро майлаш бо андешаи шумо фикри кудакияй. Лекин бо опозитсион тоб наовардан,куввахои кудратиро истифода бурдан,шахсони бегунохро паси панчара бурдан,роххои ба харчи дигар давлат соз шудаву ба чайби шахсии худи домоди у зам шуда,ба гапхои бардуруги чиговникхои бесаводаш бовар карда ва хо казо....Хулас рости аз давлатдории Рахмон дар тамоми хорич аз точик буданамон шарм мекунем! фикр мекунам ки давлатдории Рахмон дар таърих хамчун як сахифаи сиёхро боки хохад гузошт! ба фикри шумо 03 дангара бо навори шиканчаи Садриддин Тошев ки додраси кунад?

Умед
Ман фикр мекунам, ба президенти хозира Шахси мусалмон хечгох рози нест ба ин масчид манъкунихо чавононро, бо баландгуяк азон гуфтанро, манъи сатр дар мактабхову донишкадахо роххои пулакихо, бекории аксари мардум, нафакаи ночиз, бебарки дар фасли тирамоху зимистону аввали бахор. Ба хамаи инхо нигох накарда лагандбардорон, ба гуфти худашон чаноби оли овоз хоханд дод халос... Озодагон аз шумо илтимос дорам чоп кунед!...

Усмон
Аъзои ХХДТ беш ах 230 хазор вст. Хато шудаст дар ин матлаб...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)