Бахшҳо

Ба ҷуз Бобоназарова дигарон "план"-ро буд карданд

Ба ҷуз Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, муддаиёни дигари курсии президентӣ дар суҳбат бо “Озодагон” аз ҷамъоварии 210 ҳазор имзои зарурӣ барои пешбарии номзадияшон хабар доданд.

Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президентӣ, имрӯз, 8-уми октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол 217 ҳазору 887 имзо ҷамъоварӣ намудаанд ва фардо, 9-уми октябр имзоҳоро ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) пешниҳод хоҳанд кард.

Олим Бобоев
, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва муддаии дигари президентӣ, шумораи имзоҳои ҷамъовардаро 211 ҳазору 364 адад арзёбӣ кард ва афзуд, ки аллакай имзоҳоро ба КМИР пешниҳод намудаанд.

Зиё Раҳмон, масъули Ҳизби аграрӣ мегӯяд, беш аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуда, дирӯз аз аввалинҳо шуда ба КМИР рӯйхати имзоҳоро ирсол намудаанд.

Саидҷафар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфт, беш аз 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд ва пагоҳ ба КМИР ирсол хоҳанд кард.

Абдуҳалим Ғаффоров, номзад азҲизби сотсиалистӣ, мегӯяд нақшаи ҷамъоварии имзоҳоро ба 218 ҳазор расонидааст ва то пагоҳ ҷамъоварии имзоҳо идома хоҳад дошт. Ӯ низ изҳор дошт, ки фардо рӯйхати имзоҳои ҷамъовардашударо ба КМИР месупоранд.

Тибқи иттилои расмӣ ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, бештар аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст ва аз ҷониби ин ҳизб низ рӯйхати имзоҳои ҷамъовардашуда ба КМИР пешниҳод гардидаанд.

Дар ин миён Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба ҷонибдории номзади худ то субҳи имрӯз, 8-уми октябр беш аз 185 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд.

Мавриди зикр аст, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар як ҷаласаи худ, муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро 3 рӯз- то 10-уми октябр тамдид кард.

КМИР муҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр муайян намуд. Ин қарор ба гуфтаи масъулони КМИР бо дархости Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва коммунистии Тоҷикистон қабул шудааст.
Мӯҳр
Ман
Ман бовар дорам,ки ин имзохои хамаи инхо ба чуз инит калбаки буда. Ва е аз тарафи хукумат ердам карда шудаанд. Ман хона бахона мегардам мепурсам мегуянд,ки шиносномахоро е нозири минтакави е раиси махала гирафтаасту сабабашро намедонанд. Хукумат медонад,ки ин хизбхо заифанд барои инхо имзои заруриро медихад. Худи хукумат низ аз заифии худ дарак додааст алакай. Дар холати чам нашудани 210 хазор имзои зарури инит метавонад инхоро бо ерии суд тафтиш намояд. Иншоаллох инит пируз мешавад Худо хоста бошад.

рост
Точик
Агар ин суханхо рост бошад, бояд як гурухи кори иборат аз аъзои Коммисияи Марказии Интихобот, Нахзат, дигар хизбхо ва рузноманигорхои Озодагон, Нигох, Азия Плюс ва гайра ташкил шуда 0,5 фоиз яъне хазор имзо аз хизбхои киссагииро санчида бароянд. Ман бовар дорам, ки имзохои ин хизбхо хаммааш калбаки мебошад. Ягон нафар намегуяд ки ман ба хизби Социалист, Аграри, Демократ, Ислохоти Иктисоди имзо гузоштаам. Ба Худо касам хаммааш дуруг аст. Худи хукуматхои махалли паспортхоро чамъ карда е аз тарики идорахои паспортдихи ному фамилияи одамонро навишта додаги хастанд. Ба Рахмонов барои хотири хоричихоро фиреб додан даркор аст ки гуяд ки дар байни 8 нафар ман дар интихоботи "озод" пируз шудам. Шармандаги эй шармандахо.

Салмон
Аз ин маълум шуд, ки 98 фоизи мардуми Точикистон мусалмон набудааст...

man
бародарони ва хохарони журналист!
дируз дар интернет наореро ки озодитахия кардааст (дар хусуси итифоки нависандагон ва ахмади дониш аз мардум суол мекунад) тамошо кардам хуб мешуд як чунин пурсишеро наорбардори кунед дар минтакахои гуногуни кишвар кани ягон нафар хами хизбои голибомада дар имзочамъкуниро мешиносад ё не

Билол.
Ман бовар надорам хамин хизбхои дигар имзои тоза гирифта бошанд. Хамаш сохтаву бофтаи хукумат мебошад. Агар дар хакикат рост бошад бо Валлох касамшон дихед кане ростмеган е рушона сиех мекнан. Гайр аз чаноб ва инит ягомташ имзо нагирифтиян. Мусалмон бошанд касам бо Худо хуранд ку. Худо пирузира насиби инит гардонад омин.

Асил
Бори дигар исбот шуд, ки Бобоназароваро касе намешиносад ва он имзохоеро, ки чамъ намудаанд ба у неву ба ХНИТ додаанд. ХНИТ номзади нодурустро пешниход кард. Мусалмон бояд нагузорад, ки зан аз болои у рохбари намояд. (хусусан ба Салмон дахл дорад)

ба Худо касам ки ин дуруги махс хаст ман шахсан кариб ки дар хамаи нохияхои ЧТ хешу табору рафикону ошнохо дорам аксарашонро шахсан занг задам кадоме аз онхо дараки имзо чамъ кардани инхоро надорад ба чуз Оинихол Бобоназарова ..хамаш калбаки хаст ва хамаш як бозии сиеси хаст ки дар арсаи чахони ва дар чашми дигар созмонхои хукуки башар ва созмонхои байнал миллали нишон диханд ки мо интихоботи шафоф ва демократи гузаронидем ..инхо хамаш сохтаанд ва калбакиянд ))) чаро хукумат инкадар номардона рафтор мекунад ? магар хукумате ки ба халкаш хизмат кардаги бошади боварии халкашро дошта бошад ба ин гуна пастихо даст мезанад ?

ы
Рутон сиёх бо хамон имзохои чамъкардагиатон.

Ягон нафареро ба чуз намояндагони ИНИТ надидам,ки дар кучахо барои имзо чамъ кардан ба тарафдории номзади худ гашта бошанд. пас ин ахзоб аз кучо имзохои калбаки пур карданд ба хамагон маълум аст. Хар макотибро фармон шуда буд, то 5-6 вараки пур карда ба кумитаи махаллахонахо супоранд. касе намедонад,ки барои чи имзо монд.

ы,
Ман фикр мекунам, ки ту авлоди президент хасти.......

малика
ин чи гуна план буд ва онхо аз кучо ин имзохоро чамъ карданд хамааш дуругай медонад, ки ягон хизб мисли Бобоназарова бо онхо ракобат намекнад ва барои хамин хам овозхои дуругро чамъ карданд

Салмон
Ба Асил! Ту фикр мекуни дар Точикистон кудратро мард идора мекунад? Ой ин Точикистони моро духтарони пр идора карда истодаанд!...озодагон илтимос чоп кунед.

Shodmon
Qasam ba xudo man dar viloyati sugd ham chand ruz budam xujand istarafshan , chkalovs konibodom . Bo har nafar hamsuhbatam pursidam ki oyo ba gayr az init ba digar imzojamkun ru ba ru shuded yo na onho guftand ki tanho hnit ro didand va muallimoni maktab ki onham boshad bo rohi fireb imzoyashonro giriftand. Guyo ba intixobot ruixat darkor budaast.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)