Бахшҳо

Қиссаи ишқбозии Саид Шарифов дар Русия ва надомати тоҷикон (Видео)

Қиссаҳо аз саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русия тавассути барномаи “Пусть говорят” баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст.

Ин барнома шоми 9-уми октябр тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия ба намоиш гузошта шуда, дар он аз робитаи пинҳонии Шарифов бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳил (шавҳардор)-и рус ва фарзанди пинҳонии онҳо қисса мешавад.

Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад, иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.

Бархе аз корбарони шабкаи иҷтимоии Фейсбук, ин амали муҳоҷири тоҷикро як беобрӯӣ ва тавҳин ба миллати тоҷик хондаанд. Бархе дигар аз он ибрози нигаронӣ доранд, ки “имрӯз тавассути баъзе аз шаҳрвандони бенангу номуси Тоҷикистон, миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ манфӣ муаррифӣ мешавад”. Яке аз корбарони Фейсбук аз ҷумла навиштааст, “дар чеҳраи ингуна “барзагов” ҳама тоҷикҳо ҳамингуна муаррифӣ мешаванд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар асл шумораи зиёди муҳоҷирини тоҷик ингуна нестанд: “Аксарияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷонашонро барои падару модару зану фарзанд медиҳанд, то онҳо хуб зиндагӣ кунанд.”



Номи муҳоҷири тоҷик замоне сархати ин барномаи русӣ қарор гирифт, ки Михаил, шавҳари Елена ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, иддао мекунад, ӯ падари фарзандаш нест. Дар ҳоле ки ин зани рус иддаои шавҳарашро рад карда, ӯро қонеъ карданӣ мешавад, ки ӯ падари фарзандаш мебошад.

Масъулони барномаи “Пусть говорят” ин қазияро мавриди пажуҳиш қарор дода, бо гузаронидани се ташхиси тиббии ДНК муайян менамоянд, ки воқеан Михаил падари фарзанди Елена нест. Бар асоси ташхисҳои тиббии мазкур, Саид Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 42 болост, падари ин тифл мебошад.
Мӯҳр
р
Хамон афти Саидовро бинед ин як майзадаро мемонад. Ин зани ёфтагии русаш чи? Шарм намедошта бошад бо хамин зани ефтааш ин зинокор?

Khurshed az Malaysia
Ba nomi khudovandi jonofarin....
Rosti vaqte inro har insone ki mebinad megiryad, bubined hatto nomusalmonho in saidro gunahgor mehisoband, hatto meguyand dar dini onhoham in gunohi buzurg ast. Yo Alloh! Ba in mardi nokas tavfiq ato kun, to ba nazdi modari bo hazor dardu alam, bo shabhoi bekhobi kalonkardaash boz gardad. Khusho ba holi modarash, bubined khelo farzandoni boodob va boimon tarbiyat kardaast. Biyoyed az televizioni tojikiston khohish mekunem in sahnaro namoish dihad, to ba digar javonho darsi ibrat boshad. Boyad az kalonhoi televizioni tojokiston qoteona khohish kard ki inro namoish dihand. Boyad inro namoish dod ey insonho!!!!р,

Сафар
шармандаги

шармандаги

шармандаги

Бародаро ин бечораро фахмидан мумкин аст инро хамон шайтохо бо роххои хароми аз модараш руй гардонида аст

Ин мардак аввал гумрох шудаги!!!
Барои чи модари ин мард набараи урусаша этироф намекунад? барои он
ки вай фарзд бе никог ба дунё омадаги!!

Ин хел мардхо на балки обруи худашону оилахошон балики Тамами
мардуми точика шармада кард. Ин хел мардхора чазош якто
вакте, ки ба ватан баргашт сангборон мекуни тамом дигар хел
рох вучуд надорад.

Ин хел мард нагз мешуд, ки аз ин дуё равад. am

кулоби
Сабаби вайроншудани як оилаи точик агар падари оила Саид бошад сабаби дигари он ин хукумати Точикистон аст ки шахрвандони худро бо кор таъмин карда наметавонад. Вагарна дар ватан, дар назди зану кудаки худ рузгор мегузаронд.

Фира
Дар назди мардуми русс номи точикора паст зад фарзандои худашро гуфт инхо аз ман нестан барои як кофар шуд марг ба тувори мусалмон Худованд боз хаминхел инсонхоро фарзанд медихад инхел одам садкаи як нохуни пойи фарзанд шавад..... Боз мегуяд модарам мурдаги ин харомиро ба даст гирифта ин авалин фарзанди ман аст мегуяд..........

Рости намедонам ба ин миллати сарсахт чи шуд? Модарро мебинам ва гиряи тталхи уро гиряи тамоми модарони чашмбарахи точик мехисобам ва танхо аз Худои мутаъол илтичо мекунам, ки ин рузхои сахтро аз Сари мардуми мо дур кунад. Мисли Саид хазорхоянд ва шояд рузе расад, ки онхо ва душманони ин миллат чазои худро гиранд.

садкаи хамин фарзандон шави садкаи хамон модарат шави мардуми точика шарманда карди камсаводи беемон

Hafi khudakoni zebo, kii khudovand ba in alkash dodaast. / Zanat maqul nabud., farzandon modar va kheshovandonat chi gunoh doshtand ki yk marotiba az ahvoli khud khabar nadodi" Khair akhloqi zanhoi avrupo malum. In khodozada az modar, ahli bytash ru gardonda az qafoi yk alkshka gasta ast.

кучо шуд гурури шаркиёнаи марди точик

кучо шуд гурури шаркиёнаи марди точик

андрей млахов точикора масхара кардестай ьо у чимира ай кичо ефтиян бовар кнен хамамон якхел чими шида рафтем

ҷаноби икс
офарин шери нар!!! imruzho afgon, rus, hato khitoyi dukhtari tojika istifoda mebarad... yak tojikam bogayrat shuda rusa istifodabarad......tarsonchak nashaved tojiko

точикиАсл
не мужик а тряпка

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)