Обуҳавосанҷон иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз тафси ҳаво дар Душанбе ба 34 дараҷа баробар шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Тибқи иттилои маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шимоли кишвар беғубор буда, гармии он аз 28 то 33 дараҷа мерасад.Пойтахти вилояти Хатлон бошад, чун рӯзҳои қаблӣ тафсон боқӣ мемонад ва ҳарорати ҳаво 36 дараҷа болои сифр қарор мегирад. Интизор меравад, ки дар шаҳри Хоруғ боришот шавад, ҳаво абрнок ва шамоли суст вазад. Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои гарм дар назар аст, аммо дар баъзе мавзеъҳо, аз ҷумла, Тавилдара, Шаҳринав ва Турсунзода шояд борон меборад. Ҳарорати ҳаво то 32 дараҷа гарм хоҳад шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр