Бахшҳо
11 окт 2013 10:39Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Соҳиби BMW-е, ки 3 нафарро кушт, писари 16-солаи Ҳукумов гуфта мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия номи соҳиби BMW-еро, ки шаби 9 октябр дар Душанбе се нафарро кушт, эълон кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, соҳиби BMW Расули Амонуллои 16-сола, сокини шаҳри Душанбе, будааст.

Ҳарчанд Вазорати умури дохилӣ дар бораи киву чикора будани Расули шонздаҳсола иттилое надодааст, вале бино ба баъзе хабарҳо ӯ писари Амонулло Ҳукумов (Ҳукуматулло), раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон будааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯзи пеш соҳиби ин BMW Асрор Ҳукумов, бародарзодаи Амонулло Ҳукумов эълон шуда буд.

Бо ин ҳол, Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақам 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Ф.Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов (соли таваллудаш 1991), сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.”

“Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова Сурайё (соли таваллудаш 1989), сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Уктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро идома медиҳанд.
Мӯҳр
ман
писари хукумов буд дидаанд.

Аслам
Огои Хукумов Худованд хамин кадар мезанад.Ин як дарси хуб барои тамоми одамхое ки дар сари мансаб нишастаанд мебошад.Худоанд шумо номухтарамора хидоят кунад.Омин

Anahito
Ду ҳафта пеш дар назди супермаркети " Пойтахт " ана ҳамин БМВ бо рақами 20/ 20 РТ )01 бо суръати баланд наздик буд, ки маро бо каляскаи кудаки шашмоҳа зада тикка пора кунад ва худо раҳми маро хурду тасодуфи худро ба канори роҳ партофта ҷон ба саломат бурдам. Новобаста ба он, ки писари кадом роҳбар ё дузд аст бояд, ки аз руи қонун муҷозот шавад, набошад "безнаказанность рождает новое преступление "

Карим
Намедонед, барои чи табдили ном карданд барои аз чавобгари ва хабс шудан рахо ушдан. ВКД ба ин чи чавоб медихад, САНАД ТАЙОР КАРДАНД...чиноята худашон мепушонанд..

а
Як ба афти хамин кудак нигаред. Магар у кудрату акли рондани чунин мошини пуркувватро дорад? Ки ба хамин гуна кудак чунин мошинро харида додааст? Ана хамон одамро паси панчара шинондан лозим аст.

2
Ин чи гап аст? Катора ба садама дучор мешавад, писари бузург бо иттикоми интиколи маводи мухадир дастгир мешавад, писари хурди чони чандин нафарро мерабояд. Боз интизори кадом чинояте аз суйи наздикони ин волохазрат шавем? Не пора ли в отставку?

Аловуддин ва Уктам ачаб мардони хоксор ва рахмдил буданд, ки ба марги нобахангом дучор шуданд. Алам дар он аст,ки ин мардон шояд бегунох фавтидаанд, вале хама мирандааст, чойи нола нест,ки замоне марг аз гулуи мо хохад дошт. Чуз дуо дигар чизе зи дастамон наояд. ХУДО мехрубон (ч) бихиштро насибашон гардон.

Конуни ЧТ "Дар бораи масъулияти падару модар" барои КИ кабул карда шудааст. Даромади волидайни ин кудак тахти санчиш карордода шавад. Лекин сад афсус, писари калоншавандахо мебоошад. Уро хатман чавоб медиханд. Дигар макомотхо бошанд, танхо бар зидди халки одди мубориза мебаранд.

Ба фикри хонандагон, проблемаи садамаи катора вазнинр аст ё садамаи писарбача?

мухочир
асои худо садо надорад ....баъд аз заданаш даво надорад

Ааа
Jada.. Харду ходиса фарке надора.дар харду ходиса ягон ашрофзода зарар надидааст

хичгап не хай Насибшонда бдай Ами бачарам намехост ами кора кна дидиаву дониста кадаги нестай ку

Ислом
Ёкуб,
Бародар насиб хаст, лекин чаро вакти ягон хешу таборат Аз дунё гузарад гирявунола мекуни?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)