Бахшҳо

Гуфтугӯ бо ҳамсари Саид Шарифов, “қаҳрамон”-и Пусть говорят

Нилуфари КАРИМ

“Озодагон” бо Шаҳзода Абдураҳимова, ҳамсари Саид Шарифов, ки ахиран дар барномаи “Пусть говорят”-и шабакаи аввали Русия иштирок карда, баъдан қиссаи онҳо мавриди баҳси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт, сӯҳбате анҷом дод. Дар ин барнома гуфта шуд, оқои Шарифов даҳ сол боз хонаводаи худро дар Душанбе танҳо гузошта, худаш аз як зани ҷавони рус фарзанддор шудааст. Шаҳзода мегӯяд, баъд аз иштирокаш дар барномаи “Пусть говорят” рӯзи 3 октябр ба Душанбе баргашт ва ба зиндагияш идома медиҳад.


Озодагон: Барномае, ки Шумо дар он иштирок кардед, боиси баҳсҳои зиёде шуд. Аксарият ҳамсаратонро ба хотири он ки даҳ сол боз Шумову фарзандҳоятонро танҳо гузоштаву аз худ дараке надодааст, маҳкум карданд. Баъд аз ин барнома чӣ гап шуд, оё Саид Шарифов ба назди Шумову фарзандонатон омад? Чӣ гуфт?
Шаҳзода: “Баъд аз сабти барнома ба назди модараш омад. Кӯдакони ман рафта, ӯро ба оғӯш гирифтанд. Рости гап, нафратам нисбат ба ӯ дар тӯли барнома бештар шуда буд ва ман ҳатто ба тарафаш нигоҳ накардам. Тамоми иштирокдорони барномаи “Пусть говорят” назди ману фарзандонам омада, миннатдорӣ карданд. Баъзеашон ба оғӯш гирифта, дилбардорӣ намуданд. Баъзеашон барои ин қадар таҳаммули мо раҳмат мегуфтанд.”



Озодагон: Ҳамон лаҳзае ки шавҳаратон дар барнома сӯҳбат мекарду Шуморо дидаву гуфт, ки намешиносад, чӣ эҳсос доштед?
Шаҳзода: “Мегӯянд, дурӯғ торикии имон аст. Дар ин барнома ҳамсояи Саид, ки бо модараш омада буд, гуфт, ки ба хонаи мо пеш аз издивоҷ бо ӯ чанд хостгор омада буд. Аммо мо, ки якдигарро дӯст медоштем, ҳамаи хостгорҳоро рад кардам. Вақте вай моро партофта рафт, дар тӯли тақрибан даҳ сол ягон бор барои зиндагӣ кардан ба хонаи бародаронам нарафтаам, то ягон хешам нагӯяд, ки “ана, нағз дида гирифту имрӯз партофту рафт”. Духтарони ман обрӯи падарашонро нарезонданд, ба хотири он падарашон омада, бо сари баланд роҳ гардад. То лаҳзаи охир, вақте гуфт, ман инҳоро намешиносам, фарзандонам чанд бор садо баланд карданд, ки “ота, ин хел нагӯ”. Духтари калониам ин ҳамаро бо чашмони худ медиду бовар намекард. Мо оғози барнома ва суҳбатҳои Саидро дар дигар ҳуҷра тавассути як экрани калон тамошо доштем. Кӯдакон он лаҳзаҳоро дида мегиристанд.”

Озодагон: Дар ин тақрибан даҳ сол, ки бори зиндагӣ ба дӯшатон буд, чӣ кор мекардед?
Шаҳзода: “Агар дар ин 9 сол азобҳои кашидаамро нақл кунам, чанд китоб хоҳад шуд. Азоби маро ҳамаи ҳамсояҳоям медонанд. Тамоми авлоди Саид омада медиданд, ки чӣ хел ман рӯз мегузаронам. Вақташ омад, пули хобгоҳро дода натавонистам, дар ҳамин ҷо фаррошӣ ҳам кардам. Ба он хотир, ки аз кулбаам берун накунанд.”

Озодагон: Ҳоло дар куҷо кор мекунед ва оё ягон маълумот доред?
Шаҳзода: “Ҳозир дар бемористони рақами 4-и Душанбе ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекунам. Баъд аз хатми мактаб ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, маълумот гирифта будам. Ҳамон маълумоти гирифтаам сахт кумак кард. Агар маълумот намедоштам, намедонам тақдири ману фарзандонам чӣ мешуд. Духтари калониамро низ пас аз хатми мактабаш ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе дохил кардам. Шукри Худо, бо саводи худ шомили коллеҷ шуда, ҳоло дар курси севум мехонад. Духтари хурдиам то синфи 9 хонда, аммо аз идомаи он даст кашид. Ҳоло дар назди хонаамон мева оварда мефурӯшад. Писарам дар синфи ҳаштуми мактаби рақами 49 мехонад.”

Озодагон: Дар барномаи “Пусть говорят” модари Саид ҳам иштирок дошт. Баъд аз он муносибати ӯ бо Шумо чӣ хел шуд?
Шаҳзода: “Пас аз сабти барнома бо мо дигар хуб сӯҳбат накард. Аз ин чархиш дар муносибати бибиаашон кӯдаконам ҳайрон шуданд. Вай ба назди ман омада гуфт, “ҳозир шавҳарат сар диҳад, рафта як каси дигарро меёбӣ”. Духтарчаам гашта ба бибиаш гуфт, “ба модари ман ягон нафарро накобед, шавҳар карданӣ нест”. Ба ман ягон кас даркор нест, ман танҳо барои фарзандонам зиндаяму нафас мекашам. Ҳарчанд саломатиам хуб нест, аммо ба кӯдаконам нишон намедиҳам то рӯҳафтода нашаванд.”

Озодагон: Чанд сол бо Саид зиндагӣ кардед?
Шаҳзода: “Аз соли 1992 то соли 2005 зиндагӣ кардем, то он вақте ки ба муҳоҷират рафт. Дар ҳамин қадар соли зиндагӣ Саид ягон бор маро дашном надода ва ягон гапи сахт ҳам назада буд. Ба хушҳолӣ аз хона баромада рафт. Ба умеде, ки дар Русия кор мекунаду мо дар Душанбе хона мехарем. Як бор занг зада ва гуфт, корҳояш хуб нест ва корхонаашонро калон мекунанду насиб дар оянда пул мефиристад. Ду сол пеш як ҳамсояамон рақамҳояшро пайдо карда ба мо дод. Духтаронаш занг зада гирён бо ӯ сӯҳбат карданд. Бо духтаронаш гап зада, ягон чиз нагуфтааст. Баъд аз як ҳафта занг задем, ки телефонаш хомӯш буд...”

Озодагон: Саид қабл аз он ки ба Русия равад, ба чӣ кор машғул буд?
Шаҳзода: “Пеш аз Русия рафтанаш дар Вазорати умури дохилӣ (ОМОН) кор мекард. Ҳамон соле, ки ба кор даромад, моро ба хобгоҳ овард, ки то ҳол мо дар инҷо зиндагӣ дорем. Агар вай инсон мебуду камтар номуси мардӣ медошт, аз паси як зане, ки бо чанд кас муносибат кардаасту намедонад фарзандаш аз кист, намерафт. Аз фарзандони ҳалоли худ рӯ намегардонд.”

Озодагон: Тӯли тақрибан даҳ соли охир Шумо ба умеди он ки Саид рӯзе аз дари хонаатон медарояд, зиндагӣ мекардед. Ҳоло чӣ фикр доред?
Шаҳзода: “Ҳоло ҳеч чиз, тамом. Фикр мекардам, баъд аз дидор бо кӯдаконаш фикраш тағйир меёбад. Аммо тағйир наёфт. Ман мефаҳмам, бештари мардони тоҷик дар Русия зан мегиранд. Вале онҳо боз оилаҳои тоҷикашро нигоҳубин менамоянд. Ҳеч боварам намеояд, ки ҳамон Саиде, ки ман дӯсташ медоштаму чанд сол зиндагӣ кардаем, ба ин ҳол афтодааст.”

Озодагон: Агар Саид аз кардаи худ пушаймон шаваду ба назади Шумову фарзандонаш биёяд, мебахшед?

Шаҳзода: “Баъд аз он ки сари маро дар байни мардум хам кард? Барномаро тамоми мардуми ҷаҳон дид ва ӯ аз кудаконаш рӯ гардонд. Боз ба кадом дидаю рӯ аз дари мо медарояду ман вайро қабул кунам? Дигар нафратам меояд.”

Озодагон: Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
Шаҳзода: “Духтари хурдиамро бо обрӯ ба шавҳар барораму писарамро соҳиби маълумот кунам. Дигар ба падараш умед надорам. Орзуҳоям бисёр аст, аммо Худо чизе хост, ҳамон мешавад.”
Мӯҳр
Давлат
Худованд ба Шумо ва фарзандонатон сабри чамил ато кунад!!!

Аввалан лаънати Худованд бод бар ин гунаҳое ки имрӯз занҳояшон ва кӯдакҳояшон ба сабаби онҳо азоб мекашанд. Ва баъдан ба ин модари меҳрубон нисбати фарзандҳояшон аз Аллоҳи меҳрабон сабр ва тоқат хоҳонам. Ва аз давлат хошиш мекунам ки барои кӯмак ба ин оила саҳми назаррас дошта бошад!

МУХОЧИР
Лаънати ХУДО бар он хукуматдороне,ки мардуми моро ба чунин ахвол оварданд ва боз даъвои хукуматдориву хукуматрони доранд.

Бекор
Саратон аз сар бошад, аппаи Шаҳзода!!
Сад офарин барои ин бономусиатон ва сабратон!! Ҳатман меваи ин ҳама ранҷро мечашед!!
Офарин ба духатаронат, ки номуси падарро беномусро посбонанд!!

Манучер
Бубинед аз соли 92 то соли 2005 зиндагии хуб доштан ин хам ру овардан ба мухочират хама мушкил пеш омад агар кори хубе пайдо мекард дар дохили ватан шояд ин ходиса рух намедод

Худованд мададгоратон бод! Апаи Шахзода, бо ин хама сабуриатон. Одоби волое, ки фарзандонатон нишондоданд нишонаи он аст, ки онхоро бо мехнати халол бузург карди ва таълиму тарбият карди. он бешараф вокеъан арзандаи шумо нест! шояд хикмати чудоии шумохам дар хамин аст? Худованд мададгоратон бод!

Худван ачратон дихад Апаи Шахзода, бо ин хама сабуриатон. Одоби волое, ки фарзандонатон нишондоданд нишонаи он аст, ки онхоро бо мехнати халол бузург карди ва таълиму тарбият карди. он бешараф вокеъан арзандаи шумо нест! шояд хикмати чудоии шумохам дар хамин аст? Худованд мададгоратон бод!

шавҳари хоҳари мо мард нест yн як зан як палиди беномус аст. Мард ин хоҳари мост ки мардонавор фарзандҳоро ба воя расонд. Дар кишварҳои димократи давлат кушиш мекyнад ба мушкилоти модарони бепадар расидаги кyнад то фарзандон хyб дарс хонанд ва дар оянда хидматгори ватан бошанд. Кош бади дидани ин навор давлатмардони мо ба номyс ояндy ба ин хоҳари мо хона диҳанд ва ба фарзандонашон кyмак кyнанд то нафаси роҳате кашида бошанд. Воқеан ин модар қобили дастгирист. Раҳмат ба инхел зани бономyс ва ланати Аллоҳ бод бар шавҳари беномyсаш ки аз фарзандон ва ҳатто аз модари хyд рyй гардондаст.

шайдо
Авало аз даргохи Худованд ба апаи шахноза тани сихат орзу менамоям.Худованд еру мададгоратон бод апаи шахноза.дар амони Худо бошед.

abdurahmon
asalomu alekum xudo sabr tiyan

ОФАРИН, ХОНУМИ ҶАСУР. ТУФ БИКУН БА РӮИ ИН ХЕЛ МАРДИ КАСИФ.

лаънат ба ту айби и хукуматдоро чи

лаънат ба ту айбии и хукуматдоро чи

Хамаи ин ходисая гунахаш ба сари чаноб , ки имрузхо дар баромади худ чан сум кор кардани мардикорона обсуждение мекунан ва дар охир пешгуи (прогноз)мекунан ки чансум дар оянда аз руссия ба точикистон интикол мешавад . Хамаи хамин аз ноухдадори ба халк .

Assalomu alaykum,
Pesh az hama ba Shumo va ahli oilaaton sabr/salomati khohonam. Khudovand niyathoi dar dil doshtaaton amali gardonad. Mushkili bar sari hama meoyad, fakat Shumo sabr kuned va salomatiatonro az dast nadihed, Khudokhohad hamash nagz meshad.

Орзу
Хазор рахмат апаи Шахзода ба Шумо!!! Ба Худо оби чашми инсони камтар баномусу аклдор мерезад... Ташаккур ба Шумо апаи азиз, ки ин ду хохаракро хам зохиран, хам ботинан зебо тарбия намудед. Аз чехрахояшон тарбияи хуби додаатон, нигохдошти номуси мусалмони маълум аст. Иншоаллох Худованд мушкилатонро осон мекунад. Лекин Саидро... Худо чазираш кунад..... Дигар баъди тамошо чиаш хам гуям???

Рости гап ман ин барномаро надидам вале аз ончи ки дар инчо навишта шудааст ба хаячон омадам, мефахмам чи азоберо ин зан паси сар кардааст. Рахмат ба ин гуна зан, ки бо хамин кадар азоб нигох накарда 4 фарзандашро тарбия кардааст. Лаънат ба он марде, ки аз фарзандони худ руй гардонид. Шарм бидор эй беномус.
Аз худо талаби он мекунам, ки ба ин зан якум саломати ато фармояд, дуюм хушбахти ба фарзандонаш ва ба у.
Аз Хукуматдорон мехостам, то ки ин мардро дар ба худуди Точикистон дигар рох надиханд ва бар болои у дело чинои кушоянд чунки у конун дар бораи масъулияти падару модарро вайрон кардааст.
Хохари азиз сабру токат мехохем ба шумову ба кудаконатон. Холи як руз пир ки шуд аз дасташ ягон чиз намеомадаги шуд у зани русаш уро бароварда пеш мекунад, ин табиист у ё бомж мегардад ё ба хонаи шумо омада бахшиш мепурсад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)