Бахшҳо
29 июл 2011 12:05Рӯ ба рӯ

Абдураҳим Қаҳҳоров: Дар масҷид намоз хонданро касе манъ накардааст, дар қонун ҳам ин чиз нест…

Ҷавобҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров  Абдураҳим Абдулаҳадович ба суолҳои хонандагони хабаргузории «ОЗОДАГОН»:


Мӯҳтарам хонандагони (муштариёни) хабаргузорӣ! Пеш аз он, ки ба саволҳои сершумори шумо, ки дар сомонаи «Озодагон» (www.ozodagon.tj) чоп шудаанд, ҷавоб диҳам, мехоҳам ба шумо хонандагони азиз барои саволҳои пешниҳоднамудаатон миннатдории худро изҳор намоям. Бояд  қайд намоям, ки аз ҷониби шумо дарк намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мушкилиҳои ҷойдоштаи мақомот,  эҳсос карда мешавад, ки ин ҳолат гувоҳи он аст, ки шумо ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳед. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки дар асоси саволу дархостҳо ва пешниҳодҳои шумо, мо чорабиниҳои мушаххас на танҳо  аз рӯйи камбудиҳои ҷойдошта таҳия намуда, дар амал татбиқ менамоем, ҳамзамон самтҳои асосии мақомотро такмил хоҳем дод.  Ин нахустин мусоҳибаи ман бо васоити ахбори умум нест. ВКД ҳамеша барои мусоҳиба  ва ҳамсӯҳбат шудан бо воситаҳои ахбори умум омода мебошад. Гуворо аст, ки бештари  хонандагон фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро аз корманди қаторӣ  то роҳбарон мусбӣ арзёбӣ намудаанд.Ин бори дигар  нақши муҳими мақомоти корҳои дохилиро дар ҷомеа нишон медиҳад.

Акнун ба посухи пурсишҳои шумо руҷӯъ мекунем:
(Аз «Озодагон»: Саволҳо ва имлои онҳо бетағйир гузошта шуданд)

Farrukh
Савол: Шумо то нафақаатон дар вазорат кор карданиед, ё қабл аз мӯҳлат истеъфо медихед?

Ҷавоб: Ман ҳанӯз дар овони донишҷӯиям дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллӣ қисмати хешро бо мақомоти корҳои дохилӣ пайвастаам, зеро дар он давр ба сифати корманди ғайриштатӣ дар вақтҳои берун аз дарс ба муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И.Сомонӣ (пештар Октябр) ёрӣ мерасонидам. Фаъолияти кориам танҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ вобаста буда, дар ин ҷода дар вазифаҳои гуногун, аз вазифаи қатории ваколатдори кофтукови ҷиноӣ то ба вазифаи муовини аввали Вазир хизмат намудаам. Имрӯз Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ лозим донистанд ва боварӣ намуда, ба вазифаи Вазири корҳои дохилӣ таъин намуданд ва ин бовариро ман бисёр қадр  мекунам.
Фаъолияти манро Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳо медиҳанд. Ҳамчун афсари содиқ ба Савганд ба кадом вазифае, ки лоиқ донанд ва таъин намоянд, содиқона хизмат хоҳам кард.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

SAID az Kulob
Савол: Чаноби генерал-полковник, ба назари Шумо амалкарди гурухи ОМОН дар шахри Кулоб, рузи 14-06-2011 пас аз футболи Равшану Истиклол оё аз руи конун буд? Назари шумо хамчун вазири умури дохиларо мехостам бифахмам? Ташаккур...

Ҷавоб: Ҳама гуна кору амал ва ҳаракат аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД сурат мегирад. Мутобиқи моддаи 14   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолати рӯй додани ҳодисаҳои авбошии гурӯҳӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ки барои ҳаёти шаҳрвандон хатари зиёдро ба амал меорад, ҳуқуқ доранд аз воситаҳои махсус, аз қабили чубдасти резинӣ, газҳои ашковар, гулулаҳои афрӯзанда ва овоздиҳанда, дастбандҳо ва дигар воситаҳо, истифода кунанд. Ҳангоми анҷом ёфтани бозии футболи дастаҳои мазкур гурӯҳи  мухлисони футбол даст ба авбошӣ заданд, ки дар натиҷа кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  аз воситаҳои махсуси дар боло номбаршуда истифода намуданд.
Амали кормандони милитсия, ки ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин бозӣ сафарбар карда шуда буданд, аз рӯи талаботи санадҳои меъёрии амалкунанда ба роҳ монда шуда буд
.
--------------------------------------------------------------------------------------------------------

Шахси бегараз!
Савол: Вазири Мухтарам, дар хамсоягии мо шахсе зиндаги мекунад, ки мошини худро доимо оварда дар назди дарвозаи мо мемонад. Чанд бор таъкид кардем, ки гир намегирад. То чанде ман медонам дар чойхои чамъияти ё ба дар чое ки ба дигар шахс халал мерасони таваккуф кардан манъ асть. Илочи хамин вокеа дар чист?

Ҷавоб: Дар сурати ба эътибор нагирифтан ва ё гӯш накардани таъкиду суханҳоятон, Шумо ба нозири минтақавӣ ва ё корманди БДА муроҷиат кунед. Онҳо ҳатман нисбати ин гуна қоидавайронкунии ронандаи саркаш чора меандешанд.
Бо ин гуна қоидавайронкуниҳо мо фаъолона мубориза мебарем. Дар давоми 6 моҳи соли 2011 қариб 3000 нафар соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои таваққуф дар минтақаҳои истиқоматӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ахмадзода
Савол: Мухтарам Вазир! Ман ба хулосае омадам, ки дар Вазорати корхои дохили то хол интихоби кадрхо барои кор дар ин ниход на аз руи маълумоту касбият, балки аз руи ким кадом меъёрхои дигар сурат мегирад. Ду сол кабл дар нишасти матбуотие ман вобаста ба он, ки як духтаракро (Мохинав Рахмонкулова), ки чисман солим аст ва ду маълумоти юридики дорад (донишкадаи Хучанд ва Донишгохи Милли) ба кор кабул намекунанд, ба Шумо гуфта будам. Он вакт Шумо супориш додед. ки ин масъаларо дида бароянд. Мохинав тамоми хуччатхояшро ба Вазорат пешниход кард ва Вазорат онро ба Раёсати дар Сугд будаи худ равона намуд. Пас аз чанд мох чавоб доданд,ки онхо аввал кадрхои Академияи милисаро ба кор кабул мекунанд ва чой надоранд.Дар ин байн чанд нафареро, ки ба Академия наздик хам нашуда буданд. ба кор гирифтанд. Вале Мохинав дилгир нашуд ва то хол орзу дорад, ки дар ин ниход кор кунад. Имсол сохиби дипломи дуюм шуд. Вай хислати падари рахматиашро дорад, ки харгиз ноумед намешавад. Падараш Рачаббой Рахмонкулов солхои зиёд дар вазифахои баланди прокуратура ва суд кор карда, мутаассифона хеле чавон аз олам рафт. Ба андешаи ман, агар падараш зинда мебуд,шояд хеч кас садди рохи у дар сафхои милисаи точик намешуд. Аммо афсус...Холо хам ин духтарак тайёр аст, ки дар кадом гушаи чумхури набошад ва дар кадом вазифае набошад кори худро дар ВКД ичро кунад. Вале уро, ки падар надорад ва "таго" надорад ки ба кор кабул мекунад? Борхо дар ин маврид ба рохбарони баъзе сохторхои милиса мурочиат кардаму мушкилоти уро гуфтам. Хама танхо ваъда медиханду то вохурии оянда ин масъаларо фаромуш мекунанд. Мухтарам Вазир! Шояд худатон ба такдири ин духтараке, ки мехохад мисли Шумо ва падараш ба мардум хизмат кунад, машгул мешавед ва ё ягон маслихат медихед? Бо эхтиром: А. Ахмадзода, мухаррири газетаи "Тоxикистон" тел: 93 505 95 35

Ҷавоб: Дар ҳақиқат шаҳрванд Раҳмонқулова Моҳинав оиди бо кор қабул намуданаш ба мо муроҷиат карда буд. Мутаасифона, роҳбарияти РКД-и вилояти Сӯғд пеш аз ҳама дастгоҳи кадрии он то як андоза кашолкорӣ зоҳир намуда, сари вақт қарори дахлдор қабул накарданд.
Ба туфайли сомонаи шумо шаҳрванд Раҳмонқулова Моҳинав имрӯз ба ВКД даъват карда шудааст  ва  эҳтимол аст, ки лаҳзае, ки шумо мусоҳибаи мазкурро мутолиа менамоед, нисбати ӯ алакай қарори мушаххас бояд  қабул карда шуда бошад.

--------------------------------------------------------------------------------------------------------

Журналист: Аз чазираи озоди
Салом мухтарам вазир,
Савол: Дар тамоми чахон хар касеро ки барои айбу гунохе дастгир мекунанд, то вакте суд ё додгох гунохи уро исбот накунад, хеч кас хак надорад уро чинояткор ном барад. Аммо котиби матбуотии вазорати шумо Махмадулло Асадуллоев журналисти ВВС Урунбой Усмоновро нафахмида ва насанчида ба тамоми олам узви хизби тахрир муаррифи кард. Холо маълум мешавад,ки дар натичаи тафтиши мукаддамотии парвандаи ин журналисти ВВС аъзо будани вай дар ин хизб тасдики худро наёфтааст.
Оё аз руи адолат аст, ки онхое Усмоновро дастгир кардаанд ва ин котиби матбуотиатон бо шархаш дар бораи ин ходиса, ба корашон дар системаи вазорати корхои дохила идома диханд? Азоби рухии аъзои оила ва дустону хамкорони Усмоновро, ки зиёда аз ду хафта мешавад бегунох дар хабс аст, ки бояд чуброн кунад. Аз хама мухимаш, бахои он бадномиеро ки дар натичаи боздошти беасоси ин журналист дар ду хафтаи охир ба Точикистон "насиб" шуд, ки бояд пардохт кунад? Факат чавоби хакики ва бепардаро мунтазирем.

Ҷавоб: Нисбати хабарнигори радиои «Би-би-си» Урунбой Усмонов дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда аз ҷониби суд қарор дар бораи ба ҳабс гирифтани ӯ бароварда шудааст. Айни замон нисбати ӯ чораи пешгирӣ тағйир дода шуда, оиди набаромадан аз маҳалли зист забонхат гирифта шудааст. Аммо тафтиши парвандаи ҷиноӣ идома дошта, гунаҳкории ӯ баъди ба итмом расидани тафтишот муайян карда мешавад.Маркази матбуотии ВКД маълумоти мавҷударо дар бораи дастгир шудани У.Усмонов на ҳамчун ҷинояткор, балки ҳамчун гумонбар дар содири ҷиноят ба воситаҳои ахбори умум маълумот додааст, ки ин амали Марказ ғайриқонунӣ нест.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

НУФАРН-4
Савол: Чаноби вазир, оё рост аст, ки Шумо ду маротиба ариза барои истеъфо навиштаед, аммо онро имзо нагузоштаанд? Агар ин гап рост бошад, пас чи Шуморо ба навиштани ариза мачбур кард: вичдон ё солхурдагӣ?

Ҷавоб: Агар ин ҳазли навбатӣ дар интернет набошад, ахбороти мазкур комилан нодуруст аст.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Шахрванд ! ЧТ !
Савол: Ба шахрванди Точикистон мухтарам -вазири умури дохилаи ҶТ
Манн хайронам ё ин тичорати тан фурушии занон ва хохарону модаронb чавон дар рустохои шахри азизу поки Душанбеи Мо ва шумо низ бубахшед ки назорат ва тафтишот бурда манъ мекунад ва чаро ба ин чиз ягон органхои дохила ва ё хукук чора намебинанд ин амалхо обуруи модарону хохарони Мо ва шумо-ро яъне халки бо изату обру ва Мусалмони Точик-ро ин дахшат ва пасти ва хорию залили халку милати азизи манну шумо аст ё ин ки ба ин тичорат – манфиат дороне ас тки – дар ин шахр наход ки ягон органи хуку милиса – намебинанд ё намехоханд бинанд ин чи пасти ва шармандаги аст находки нангу номуси милат ва ё одамгари намонда аст ин чи бе назорати ин чи бе масъулияти ас тки ин вазифаи чони ва кори шумов а зер дастони шумо аст . чаро рушод тан фуруши ва ё зуровари бар занхои точики мо хаст аз чониби баъзе шахрвандони бе номусу палиди мост ки хатман ва чарахои катъи дидан лозим ас тки ба хама ин аъмолхои ё корхои ношоям шумо низ чавоб гаред ба маънои он ки пеши ин рохи тан фуруши ё фахшоро гиред илтимос – ки тамоми беморихо вабои аср – Спид – ва пасти ва разили ва фахшо аз ин аъмолхои сар мезанад ки дар назди Худо ва Чамъият шумо низ чавобгаред хамчун вазири хуку назорат ва амнияти шахрвандон ва миллат - ! илтимос Чавоб гуед ба ин номаи манн .
вазири умури дохила – ки бошед илтимос то ки халк ба нобуди ва нести ва ба пастихо назанад ки дер мешавад – рушод а рушод савдои тан дар кучахои душанбе асосан дар назди Маркази тичоратии Мардон - ва бовари дорам ки даст ба ин амалхо зано не балки мардон хастанд ки мачбур мекунанд карздор мекунанд занони мо ро о ин чи бенанги-ст ки намебинед пас барои чи ба Шумо бовари карданд хукуки шахрвандон-ро ба шумо !


Ҷавоб: Ҳимояи обрӯ, шараф ва номус аз худи шахс вобаста аст. Аз он ки Шумо аз танфурӯшии занону духтарони тоҷикистонӣ изҳори нигаронӣ кардед, сипосгузорам. Танҳо бо андешидани чораҳои ҷиноию маъмурӣ мо ба мақсади ниҳоӣ расида наметавонем. Гирифтани пеши роҳи ҷиноятҳои ахлоқӣ на танҳо вазифаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, пеш аз ҳама ин вазифаи оила, ҷомеа ва ҳар як фарди бонангу номус ва Ватандӯст мебошад.
Шахсан маро низ ин ҳолат ба ташвиш меоварад. Дар 6 моҳи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 301 ҷинояти вобаста ба ахлоқ ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд ин ҳолатҳо 39 адад кам гардида бошанд ҳам, аммо ташвишовар боқӣ мемонад. Аз шумораи ишорашуда 63 ҳолатро  ташкил ва нигоҳдории фоҳишахонаҳо, даллагӣ ва занҷаллобӣ  ташкил медиҳанд. 75 нафар занони сабукпой ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ҳамагӣ бошад дар қайдҳои профилактикии мақомоти корҳои дохилӣ 1444 нафар занони фоҳиша қарор доранд.
Мутаассифона, ин танҳо рақамҳои муайянкардашуда мебошанд.Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт чорабиниҳои зиёди пешгирикунанда гузаронида мешаванд. Дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ мунтазам амалиётҳои муштарак доир ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии ахлоқӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин самти фаъолият қувваву таъсиррасонии воситаҳои ахбори умум васеъ истифода карда мешавад. Танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ тавассути телевизиони марказӣ ва радиову матбуот зиёда аз 50 маротиба барномаву гузоришҳо доир карда шуда, мақолаву очеркҳои мақсаднок интишор карда шуданд.Дар ин ҷода дар мақомоти корҳои дохилӣ хадамот ва шӯъбаҳои махсусгардонидашуда амал менамоянд, ки боварӣ дорем фаъолияти онҳо самараи мусбӣ хоҳад дод.
Ба мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ супориш дода шудааст, ки ҷойҳои эҳтимолии ҷамъшавии занҳои фоҳиша таҳти назорат гирифта шуда, бастҳои хадамоти берунаи милитсия ба ин минтақаҳо наздик карда шавад.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Alik
Савол: чаноби вазир вактхои ахир дар бархе аз расонахои хабари мебинем, ки навиштаанд, кормандони макомоти кудрати манзурам ВКД зимни боздошти гумонбаршудагон, онхоро мавриди шиканча карор медихан, барои мисол казияи Сафарали Сангов, шояд аз ин бо хабар асттед, дар ин бора чи назар доред?


Ҷавоб: Барҳам додани истифодаи шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ ӯҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ду шартномаи байналхалқӣ мебошад. Вазорати корҳои дохилӣ чун узви Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ин ӯҳдадорӣ масъул аст. Доир ба ҳар як ахборот оид ба ҷой доштани ин муносибат санҷишоти қатъӣ гузаронида мешавад. Дар сурати тасдиқ шудани истифодаи шиканҷа чораҳои дар Қонуни ҷиноӣ пешбинӣ шуда татбиқ карда мешаванд.
Оид ба марги дастгиршуда Сангов Сафаралӣ мақомоти прокуратура тафтишоти пешакиро анҷом додааст, тафтишот истифодаи шиканҷаро нисбат ба марҳум муқаррар накардааст. Кормандоне, ки дар натиҷаи беҳаракатиашон Сангов ҳалок шуд, барои хунукназарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва парванда дар ҳаққи онҳо дар баррасии суд қарор дорад.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------  

Самрат !
Савол: Мо дар ин рузхо иди Вахдати Милли-ро чашн гирифте на парешони пас биёед коре кунем ки ин неъмати бе бахое ки аз чониби АЛЛОХ, ки ба мо арзони ва хадия шуда аст аз даст надихем бо амалхои масчид манкуни ки ин мадрасахое хастанд ки тарбияи инсон парвари инсондусти тарбияхои манави ва ахлоки-ро ба чо меоранд ки дар ин замона Падар ва Модар то ин дарача тарбия карда наметавонанд бо сабаби серкори ва мушкилихои ичтимои ва дигару дигар ва ин амалхои масчид манкуни бехтиромии хукуки хар як шахрванд аст. Хохишмандем ки ба ин пешниходи мо тавачух зохир намоед : ва ба тарбияи кишри чавони Точик ки оянда сози ин МИЛЛАТ-аст ахамияти чидди дихед !

Ҷавоб: Барои қадр намудани неъмати илоҳӣ дар шакли Ваҳдати миллӣ, мо сипосгузор ҳастам. Яке аз арзишҳои Конститутсияи Тоҷикистон эътирофнамуда ин озодии виҷдон мебошад ва онро ҳамаи мо бояд риоя намоем. Дар масҷид намоз хондан ин иштирок дар маросими динӣ мебошад ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масҷид намоз хондан ва таҳсилотро дар мактабҳои расмии динӣ ба касе манъ намекунад.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Сафар
Савол: Мухтарам, вазир! Мехостам донам, ки ронандаи сардори БДА-и ин ё он шахру навохи хукуку боздоштани наклиётро дорад ё не. Агар дар бораи кормандони нозирони гайриштатии БДА маълумот медодед хуб мебуд. Холо дар роххо якчи муд шудааст, ки ба чуз нозирони рох як нафари дигар бо либоси мулки аз ронандахои "конуншикан" пул мегиранд.

Ҷавоб: Мувофиқи ҷадвали штатӣ барои сардорони БДА - и шаҳру ноҳия ронандаи нақлиёти хизматӣ муқаррар карда нашудааст. Ваколатҳои нозири роҳро танҳо шахсони ба ин вазифа таъин шуда иҷро карда метавонанд, вале дар фаъолияти нозирони роҳ ба онҳо метавонанд нозирони ғайриштатӣ кӯмак расонанд.
Дар қисмати ришваситонии кормандони алоҳидаи БДА бошад, бояд бо таассуф иқрор шуд, ки чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалҳои номатлуб аз ҷониби хадамотҳои дахлдори Вазорат пайваста чорабиниҳо ва амалиётҳои махсус гузаронида мешаванд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбати 18 чунин корманд чораҳои қатъии интизомӣ андешида шуданд.
Оиди чунин ҳолатҳо маълумоти асоснок дошта бошед, ба мо маълум намоед, ва бо ин амали худ шумо мусоидат менамоед, ки сафи мақомот аз чунин кормандон тоза карда шавад. Аз ин амали шумо мо танҳо миннатдор хоҳем шуд.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Нишонрас
Саволҳо:
1)    Оё марги МАХМАДНАЗАР СОЛЕХОВ фармоиши набуд?
2)    Кисмати худро пас аз ба нафака баромадан гуфта метавонед? Яъне Шуморо чи нитизор аст?
3)    ВКД-и Точикистон бо ВКД-и Узбекистон хамкори дорад? агар не барои чи? Ташаккур.


Ҷавоб: Оид ба марги  М. Солеҳов тафтишоти расмии Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Мувофиқи қонун дар бораи натиҷаҳои тафтишот ба наздикони марҳум бояд маълумот равон карда мешуд.  Хулосаҳои тафтишотро ман эзоҳ дода наметавонам, зеро дар гузаронидани тафтишот иштирок надоштам.
Аз эҳтимол дур нест, ки агар насиб карда бошаду ба нафақа бароям, бо фаъолияти омӯзгорию илмӣ машғул мешавам, зеро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошам. Боз ки медонад, вақт нишон медиҳад. Ягон кирдоре дар давоми ҳаётам содир накардаам, ки боиси ноором шудани фазои зисти ман шуда метавониста бошад.
Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай як қатор созишнома ва шартномаҳои байнидавлатӣ ва минтақавӣ ба имзо расонидаанд, ки тибқи он ӯҳдадории худро доир ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ иҷро менамоянд. Ин ҳамкорӣ пайваста идома дорад.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ахад
Савол: Бобои вазир умуман аз кори мекардагиатон розиед? Агар ха чаро? Ва агар не барои чи?

Ҷавоб: Вақте, ки натиҷаҳои фаъолият хубанд, ки солҳои охир он аксар майли болоравӣ дорад, албатта чун ҳар як шахс аз кори худ ва кормандон розиям. Лекин кор бе камбудӣ намешавад ва дар ин ҳолатҳо бечунучаро норозӣ аз худ ва кормандоне, ки ба камбудиҳо роҳ медиҳанд, мебошам.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Рустам аз Тюмен
Салом ба Вазири ВКД ЧТ ва кормандону хонандагони сомонаи «Oзодагон»!
Саволи ман ба Шумо ин аст ки: Оё мо метавонем барномахои телевизонии Сипари ВКД, НАБЗ, Дидбон хар хафтаинаашро аз тарики сомонаи Вазорати Шумо тамошо кунем, чунки аз тамошои барномахои телевизион махрумем.Ба ман ин барномахо хеле маъкуланд, аз чумла тахияи барномахои Махмадуллои Асадулло. Мо ба милитсияи точик бовари дорем аз кордониву далерии ин посбонони ватан миннатдорем. Бисёр хохиш дорам ки ин барномахоро дар сомона чой дихед мо мухлисон тамошо кунем.Факат безараргардонии гурухи Абдулло Рахимов дигар чизе нест.Ташаккур.


Ҷавоб: Дар бораи дар сомонаи ВКД ҷой кардани барномаҳои гуфтаатон мувофиқи имкониятҳои техникӣ дастур дода мешавад.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

alik
Савол: Чаноби вазир, гуед, ки яку якбора ташрифоти вазири дифоъи Русия ва муовини котиби давлатии ИМА оид ба маводи мухадир ва тартиботи хукуки то кучо ба манфиати Точикистон аст, Яъне манзурам ин ки барои онхо аввалан амнияту суботи мо лозим ё мавкеи геопалитикияшон ро боз хам усувор кардан дар Точикистон?

Ҷавоб: Ман фикр дорам, ки ташрифҳои шахсиятҳои баландмақоми Россия ва ИМА мақсадҳои муайяни тарафайнро доранд. Тоҷикистон бо ин ду кишвар робитаҳои судманд дорад. Ҳукумати мо қодир аст, ки манфиатҳои Тоҷикистонро аз ҳадафҳои ғаразноки бегона ҳифз намояд.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Зухалбону
Савол: Салом арз мекунам ба шумо чаноби вазир. Мехостам ба ин суолхои ман аз руи вичдон посух гуед. Суоли якумам дар боло чанд маротиба омадааст, вале ман мехохам боз хам такроран аз шумо пурсон шавам, ки шумо ба ин ноадолатихое, ки дар чумхури дида мешаванд, ( ин муносибати кормандони милиса бо савдогарон дар бозорхо, агар ин боре худатон бо чашм бинед чи гуна одам як тараф истад нонро бо ШАТА мезананд) чи гуна бахо медихед ва барои пешгирии он оё кушише кардаед?
Ман хайронам, писареро ки 10-15 нафар дар куча мурдани таги лагат мемонад, ки аз диданаш авзоят бечо мешавад, боз болои ин кормандони милиса дастгир намуда бо гирифтани 250 доллар озод мекунанд, ва чониби дигар ки ким кадом писарони вазиру кабиранд бе чазо ва пардохти ягон гуна маблаг катаги карда мегарданд оё аз ин дида дигар беадолати мешавад дар Точикистон?
Ва билохира мехостам бо шумо як сухбати ру ба ру дошта бошам ин имкон дорам, оё шумо хамчун вазир метавонед бо як шахрванди оди сухбат кунед, яъне кабули шахрвандон дар вазорати шумо чи гуна ба рох монда шудааст?


Ҷавоб: Зуҳалбону! Бисёр ҳам бовар кардан мехостам, ки муроҷиати пурсӯзу гудозатон самимӣ аст ва асосҳои воқеиро дорад. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ҳармоҳа одатан рӯзи шанбе гузаронида мешавад. Дар бораи таърихи қабули навбатӣ метавонед ба воситаи телефони 221 67 04  ахборот гиред ва худро номнавис намоед. Азбаски дар муроҷиати Шумо аломатҳои ҷиноят дида мешавад, метавонам дар рӯзи барои Шумо мувофиқ қабул намоям.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Духтари бе криша
Савол: Вазири мухтарам, рости гап дар байни дигар вазирхо шуморо аз вазирони каблии НВД камтарак бештар дуст доштам, медонед чаро? Шунидаам ки гуё ба беадолатихо ба хар сурат кушиш мекунед камтар рох дихед. Аммо суол дорам, ки оё шумо барои як духтарак, ки корманди шумо хаёти уро сузондааст ва холо хар руз аз у рохи гурез мечуяд омода хастед, аз мансабаш уро канор гузоред? Зеро ин корманди макомот дар чандин сухбатхояш ба он хонум гуфтааст, ки вазир маро хеч гох аз креслоям даф намекунад, чунки чураам аст. Агар шумо ичозат дихед ман як маротиба бо у бонуи вокеан хам зебо ва хам хеле духтараки хирадманд аст наздатон дароем, хеле аз шумо хохиш мекунам. Чунки ун духтар дигар аз зиндашиаш хеле норохат аст ва баъзан хатто мешавад, ки даст ба худкуши задани мешавад. Вале ун духтарак хеле доно ва барои ояндаи Точикистон хакикатан хам лозим. Ба саволам чавоб дихед ва ман мунтазири 15 дакика мулокот бо шумо хастам! Барори кор ягона вазири чесный ва дустдоштании мардуми кишвар. Ман шуморо чени Зухурови амният дуст медорам. Шумо барин дар таърихи Точикистон дигар ёфт намешавад.

Ҷавоб: Ман омода ҳастам Шуморо дар кадом рӯзе, ки барои Шумо мувофиқ аст, қабул намоям. Барои мувофиқа бо телефони 221-67-04 дар тамос шавед.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Махмуд Ахмади
Савол:Чаро имруз мардум корманди Хифзи хукукро, хамчун хомии худ намебинад? Балки дуо мекунанд, ки Худованд корат ба милиса ва духтур нагалтад. Назари Шумо дар ин бора чист?

Ҷавоб: Такроран ҷавоб мегӯям, ки мо одатан ақидаи ҷудогонаро умумӣ намуда, ба ҳама мансуб медонем. Ба мардум мансуб донистани ақидаи ҷудогона ин худсарӣ мебошад.  Агар милитсия ҳомии мардум набошад, пас барои чӣ танҳо дар давоми нимсолаи ҷорӣ аз қариб 10 000 ҷиноят зиёда аз 92 фоизи он ошкор шудааст. Танҳо дар нимсолаи аввал зиёда аз 60 000 шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ доир ба масъалаҳои гуногун вобаста ба ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо муроҷиат намудаанд.
Ҳамзамон, дар паси ҳар як ҷиноят насибу тақдири камаш як ҷабрдида ниҳон мебошад. Шумо бошед мехоҳед, ки ин озордидагон низ ифодакунандаи ақидаатон бошанд.
Корманди милитсия ба вазнинии хизмат нигоҳ накарда, дар гармову сармо, ҷони худро ҳар лаҳза дар хавфу хатар монда, ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебарояд. Ҳамарӯза ҳар соату ҳар дақиқа дар баргузории чорабиниҳои маданӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамоянд.
Хизмати кормандони милитсия аз ҷониби бисёрии шаҳрвандон қадр карда мешавад, ба Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз 100-ҳо мактубҳои миннатдорӣ ворид гардидаанд, ки ин нишони он аст, ки дар умум кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон истода баромада метавонанд.
Албатта, дар фаъолияти мақомот камбудиҳои алоҳида ҷой доранд, аммо онро ба ҳар як корманди милитсия мансуб донистан норавост. Вазорат ҳар лаҳза ва дар ҳар як зина кӯшиш карда истодааст, ки ин камбудиҳо бартараф карда шаванд. Ахборотҳои дақиқи Шумо дар ин ҷода албатта аз манфиат холӣ намебуд.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ватандуст
Савол: Салом вазири мухтарам: аз шумо хохиш басуоли ман аз руи вичдон чавоб дихед.Барои кадрхои чавон дар ин ниход кор кардан чанд сол собикаи кори лозим аст боре мурочиат карда будам кормандони шумо гуфтанд, ки барои ба кор даромадан дар ВКД 7 сол собикаи кори даркор оё ин рост аст?

Ҷавоб: Не зарурият надорад. Мутобиқи талаботи банди 9-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 35 сола мебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, таҳсилот, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ё доштани билети ҳарбӣ (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин занҳо) дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Абубакр
Савол: Мухтарам вазир! Фаъолияти ЧДММ "Дурнамо" дар истехсоли аломатхои сабти давлатии воситахои наклиёт ба Шумо маълум аст, зеро аз ин корхона, ки дар бинои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ичоранишин аст, дидан намуда ба сифати махсулоти он бахои баланд дода будед. Аммо зиёда аз як сол мешавад, ки РБДА ВКД бо конуншиканихии махз ва маслихати пешакии ин Раёсат бо Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Хукумати Чумхурии Точикистон он аз фаъолият бозмондааст. Нисбати ин масъала мо ба Шумо чор маротиба мурочиат намуда будем, аммо онхо бечавоб монданд.
Рузи 20 июн боз як бори дигар Озмуни тайёр намудани аломатхои сабти давлатии воситахои наклиёт ба микдори 30.000 чуфт баргузор гардид ва ЧДММ "Дурнамо" нархи 33,30 сомони барои хар як аломат (бо истифода аз алюминии ватани ва нахустпатент) пешниход намуд. Аммо корхонаеро голиб эълон намуданд, ки нархи 51,58 сомониро барои хар як аломат (бо истифода аз алюминии Полша) пешниход намуд. Боз як корхонаи дигар - "Парки технологи"-и Донишгохи миллии Точикистон нархи 38,00 сомониро пешниход намуд. Бигуед, ки то ба кай рохбарияти РБДА буги кардани корхонаи моро давом додани аст? Мо чи кор кунем?


Ҷавоб: Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки озмун оид ба тайёр намудани аломатҳои қайди давлатии нақлиёт аз ҷониби Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидааст. Интихоби иҷрокунандаи кор аз Вазорати корҳои дохилӣ вобастагӣ  надорад.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Мая
Мухтарам вазир, мо дар махаллае зиндаги мекунем, ки дар пушти бинои истикоматии мо анбори аслихам ВКД ва хамзамон махбасхона аст. (махалли 2 Советский)
Саволхои ман чунин аст:
1. Шумо чойгир будани ин ду бинои ба хам хатарнокро чи гуна шарх медихед?
2. Барои чи сарбозон ё дидбонони анбори аслихаи ВКД шабона ба мардуми одди халал мерасонанд? (яъне онхо ба кавле ё марш мекунанд, ё суруд мехонанд, боз сурудхои ватнадусти, не балки мурдаму сухтаму пухтам...)
Каблан барои посуххо сипосгузорам.


Ҷавоб: Ташаккур ба саволҳои додаатон.
Дар ҳақиқат дар маҳалле, ки Шумо истиқомат доред ду иншооти муҳим қарор доранд, ки яке аз онҳо на анбори аслиҳа, балки Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД буда, дигари он муассисаи махсуси Вазорати адлия мебошад.  Иншоотҳои номбурда аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Кӯшунҳои дохилии ВКД ва Сарраёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлия муҳофизат карда мешаванд.
Аллакай ба Раёсатҳои дахлдор доир ба ислоҳи камбудиҳое, ки дар муроҷиати шумо ҷой доштанд, супориш дода шудааст. Эроди Шумо доир ба ин масъала ба ҳамкорони мо аз Вазорати адлия низ маълумот дода мешавад.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Шарифи Муким
Савол: Чаноби Вазир! Овозаи худкушии полковник Саъдулло Пиров дар Хучанд то кучо дуруст аст? Гурухе бар он назаранд, ки Пиров худкуши накардааст, балки мачбуран ба катл расидааст. Прокуратураи генерали низ ба ВКД пас аз марги Пиров бо гумон нигарист. Яъне Прокуратура чизеро пай бурд ва тафтиши марги Пировро ба ухда гирифтааст. Инро газетаи СССР низ аз кавли писараш навишта буд!!! Хохишмандам ба ин суол посухи дуруст дихед.Хохишмандам, посухатон реали ва конеъкунанда бошад. Ташаккур!

Ҷавоб: Саъдулло Пиров яке аз кормандони боэҳтирому шинохтаи  мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб мерафт.Ман намехоҳам, ки хотири ӯро бо мулоҳизаҳои ҳархела халалдор кунам.
Мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар як ҳодисаи марги маҷбурӣ мавриди санҷиш ва тафтиши мақомоти прокуратура гардад. Иҷроиши ин муқаррароти қонун боиси «ба гумон нигаристан» шуданаш зарур нест. Дар бораи натиҷаи тафтишоти ин ҳодиса мақомоти тафтишотии прокуратура маълумоти аниқ дода метавонад.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

АХМАД
Савол: САЛОМ ЧАНОБИ ВАЗИР МАН МЕХОХАМ ДАР ШАХРИ ДУШАНБЕ КОРУ ФАЪОЛИЯТ НАМОЯМ АММО КАЙДИ ЧОИ ИКОМАТ ДАР ПОЙТХТРО НАДОРАМ, ЯГОН ЧОЙ НАЁФТАМ ки монам бе прописка имконияти дар шахри Душанбе кору фаъолият карданро дорам?МАН ШАХРВАНДИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ШИНОСНОМА ДОРАМ БО КАЙДИ НОХИЯИ ДИГАР БАРОИ ЧАВОБАТОН СИПОСГУЗОРАМ

Ҷавоб: Мо дар давлати ҳуқуқбунёд истиқомат дорем. Тамоми муносибатҳои байни мо ва давлат бо санадҳои ҳуқуқӣ ба танзим оварда шудаанд. Агар Шумо дар қайди ноҳияҳои атрофи шаҳри  Душанбе бошед, барои ба кор дохил шудан дар пойтахт монеае надоред. Дар мавридҳои дигар мо бояд қоидаҳои муқарраргардидаро риоя кунем. Аммо дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 15 июли с. 1997 Шумо метавонед дар қайди муваққатӣ истода ба кор дохил шавед.
-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Neknazar
Salom,muhtarm vazir...
Suol: 1.Shumo milisai tojikro dar ghiyos bo hamkasboni khorijiaron chiguna arzyobi mekuned? (Шумо милисаи тоҷикро дар ҷиҳоз бо ҳамкасбони хориҷиатон чи гуна арзёбӣ мекунед).


Ҷавоб:Милитсия дар кадом давлату кишваре, ки набошад, гарчанде бо номҳои гуногун арзёбӣ шавад ҳам, функсия ва вазифааш як аст. Ин таъмини оромӣ, сулҳу суббот дар кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ,  мубориза ва пешгирӣ бо ҷинояткорӣ мебошад. Мо доимо таҷрибаи ҳамкорони хориҷиамонро меомӯзем ва ҳамзамон, таҷрибаи худро ба ҳамкорони хориҷиамон меандӯзем, аз ҷумла кормандони политсияи Афғонистон дар Тоҷикистон аз омӯзиши касбӣ гузаштанд.
Ҳамчунин мехоҳам қайд намоям, ки дар самти кушодани ҷиноятҳо, махсусан ҷиноятҳои вазнин ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои мустақил пешсаф мебошад. Натиҷаҳои ба даст овардаи кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар  дар якчанд соли ахир, дар мубориза бо терроризму экстремизм, бандитизм ва қочоқи маводи мухаддир, ин шаҳодати доштани малакаи баланди касбӣ, лаёқати кордонӣ ва азму кӯшиши онҳо мебошад, ки борҳо аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд.

-----------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ҷавоб ба суолҳои умумӣ:
Бархе аз хонандагони (муштариёни) сомонаи «Озодагон», ки ному насаби худро бо сабабҳои номаълум номбар накардаанд, масалаҳои сарулибоси низомии кормандони милитсия, одобу рафтори онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба ташвиш овардаст, ки вобаста ба ин як чанд саволҳо додаанд.
Дар ҳақиқат се сол пеш аз ин роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ дар ташвиш буданд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла занҳо, қоидаи пӯшидани сару либоси низомиро дағалона вайрон менамоянд. Чунин ба ҳисоб мерафт, ки дар якҷоягӣ аз болои сарулибоси низомӣ, дигар либоси гарми ғайринизомӣ, пойафзоли ғайриоинномавиро пӯшидан мумкин буда, бе кулоҳ гаштан чӣ барои ҳайати қаторӣ ва чӣ барои ҳайати роҳбарикунанда иҷозат аст.
Сабаби асосии камбудиҳои қайдгардида дар он буданд, ки мо тамоми ҳайати шахсиро бо либоси низомии ягона таъмин кардан наметавонистем.
Дар тӯли ин солҳо мо як қатор чораҳои ташкилию амалиро андешидем, ки онҳо, аз нигоҳи мо, натиҷаи мусбӣ доданд. Пеш аз ҳама мо дӯхтани либоси низомиро дар корхонаҳои кишвар ташкил намудем, ки он аз рӯи сифатнокӣ аз маҳсулоти истеҳсолии дигар кишварҳои хориҷӣ камӣ надорад.
Ҳолати мусбии дигар дар он аст, ки ба туфайли фармоишҳои мақомоти мо дар корхонаҳои ватанӣ шаҳрвандони бисёре бо ҷои кор таъмин гардида, интиқоли асъори миллӣ ба хориҷа назаррас кам гардид.
Ба либоси низомӣ аз ҷониби мо иловатан рамзу нишонҳои алоҳидае, ки мансубиятро ба хадамоту соҳаҳои хизматии мақомот ифода менамоянд, коркард карда шуданд.
Барои чи дар ин самт кўшишҳои ҷиддӣ карда шуданд? Зеро либоси низомии корманди милитсия бо рамзу нишонҳои махсусгардонидашуда низ ба нишонаҳои давлатдорӣ масубият дорад.
Барои он, ки масъулияти кормандон дар самти пўшидани сарулибоси низомӣ баланд бардошта шавад, дағалгуфторӣ ва муносибати дурушти онҳо дар муносибат бо шаҳрвандон аз байн бурда шавад, дигар камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ шаванд, тайёрии ҷисмонии ҳайати шахсӣ пурзўр карда шавад дар мақомоти минтақавии корҳои дохилӣ шўъбача доир ба корҳои тарбиявӣ таъсис дода шуд.
Бо ин мақсад мунтазам сафороиҳои ҳайати шахсӣ гузаронида мешавад. Фаъолияти гаштҳои назоратии милитсия дар шаҳру ноҳияҳо дар заминаи доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Қариб дар тамоми шўъбаҳои корҳои дохилӣ ва дигар воҳидҳои мақомот утоқҳои маишӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо кормандони милитсия метавонанд сарулибоси худ ва намуди зоҳириашонро ба тартиб дароранд.
Мағозаҳои махсус кушода шудаанд, ки кормандони мо метавонанд дар он лавозимоти зарурии хизматиро дастрас намоянд.
Масъалаҳои мазкур дар дарсҳои хизматӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешаванд. Феълан ҳолатҳои дағалона вайрон намудани риояи тартиби пўшидани сарулибоси низомӣ қариб, ки дида намешавад.
Ҳамзамон мо дар ин самт фаъолияти худро пайваста тақвият дода истодаем.
Қайд кардан зарур аст, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки рўзи 22 июни соли ҷорӣ доир гардида буд, фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро қадршиносӣ намуда, аз одоби рафтор ва дағалгуфтории бархе аз кормандони мақомот изҳори нигаронӣ намуданд.
Аз нахустин рўзҳои оғози фаъолияти худ ба масъалаи одобу рафтори ҳамида, муоширати ҳалим бо шаҳрвандон ва ҳамхизматон, аз байн бурдани қонунш
Мӯҳр
Салом мухтарам вазир
савол: маьлумотам оли хукукшинос, белити харбии дорам метовонам дар милитса кор кунам.

бахтовар
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)