Бахшҳо
19 окт 2013 11:58Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Шоҳиён дархости Кабирӣ дар мавриди Бобоназароваро рад кардааст

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба дархости Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар мавриди бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ҷавоби рад додааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 18-уми октябр, бо ирсоли як нома, аз Шермуҳаммади Шоҳиён, хоста буд сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба мақоми президентиро аз нав дида бароянд.

Кабирӣ барои бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба КМИР се далел ироа намудааст:

1.Агарчӣ бо қарори КМИР барои ҳар номзад чамъоварии 210 ҳазор имзо муайян шуда буд, аммо бинобар гуфтаҳои Шумо ва роҳбари дастгоҳи КМИР теъдоди интихоботкунандагон 4 миллиону 22 ҳазор ва дар ниҳоят 4 миллиону 34 ҳазор будааст. Аз ин рӯ меъёри дар Қарори КМИР овардашуда ба воқеъият созгор намебошад ва теъдоди имзоҳои зарурӣ бояд каме бештар аз 200 ҳазор бошад;

2.ҲНИТ дар раванди чамъоварии имзоҳо беш аз 202 ҳазор имзои чонибдоронашро барои номзад ҷамъ овардааст, ки беш аз 5% интихобкунандагон мебошад;

3.Мувофиқи Қарори КМИР муҳлати чамъоварии имзоҳо то соати 18 00-и рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид шуда буд, аммо рӯзи 10-уми октябр, соати 8:02 роҳбари дастгоҳи КМИР Абдуманон Додоев аз тариқи сомонаи “Азия -плюс” изҳор дошт, ки Ойниҳол Бобоназарова теъдоди муайяншудаи имзоҳоро ба чонибдориаш чамъ наовардааст ва аз сабқат дар интихобот берун шуд.

Бо зикри ин далелҳо Кабирӣ аз КМИР хостааст, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ сабт кунанд, то воқеъӣ ва демократӣ баргузор гардидани интихоботи моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон зери суол наравад.

Аммо КМИР ба ин дархостҳо ҷавоби рад дода, бознигарии сабти номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ғайриимкон хондааст.
Мӯҳр
А
Демократи шудани интихобот.ягон кас бовар дорад?

дар Точикистон на демокративу на шоффоф мешавад
хеч имкон надорад

донишчу
интихобот 100%байкот элон карда шавад!

бародар донишчу дар точикистон ягон одам аз тарси хукумат шуда на бойкот мекунаду на чуръат ба бойкот кунад хам фоида надорад.
як ду одаме ки бойкот мекунем мегуянд ваёра аз боло фармон метан ино бул бул барин фармона амал мекунан ба забон...
барои хамин оли 7-соли дига демократия ба зиндаги мекунем агар Худованд амонатро таслим нагира.

Дар кишварҳои осиёи маркази қyдрат доштан роли муҳимро барои роҳандози кардани як интихоботи озодy шаффоф ҳамвор хоҳад кард. Аҳзоби мухолиф дар кишвар мудати солҳои тулони мухлисона ва самимона барои амалан беҳтар нишон додани хyд анҷом надоданд ва имруз ҳам ба таври ошкор мебинем ки мардyм на ба ҳарфи ин аҳзоб ва на ба давлатмрдони имруза бовар надоранд. Ҳизби Халқи димократи аз тарафи давлатмардон ҳимоя мешавад ва тамоми бойгарии давлати имрyза барои комёб гардондани номзади ин ҳизб талош доранд. Аҳзоби мухолиф на пул доранду на мардyм лиҳозо талошҳои инҳо бефоида аст. Қyвваи бyзyрг ин мардyманд вале мардyм дар симои ҳеҷ яке аз инҳо наҷотгарро намебинадy чyн ҳар яке аз ин аҳзоб амалан ба мардyм нишон надоданд ки инҳо беҳтар ҳастанд ва кори беҳтарро хоҳанд анҷом дод. Балки дар асл гуруҳеро дар атрофи хyд гирд овардандy бо роҳои мухталиф ва бо ин ки ба мардyм хидмати арзандае хоҳанд кард аз кишварҳои мухталиф исломи ва ғайри исломи пyлy молро ба даст оварда шотҳои банкии худро пyр кардандy мекyнанд. Агар инҳо мухлисона барои беҳтар гардондани мардyм кишиш мекарданд имруз мардyм бо ҷонy дил бо инҳо истодагари мекардандy ҳеҷ як зулмеро таҳамyл намекарданд. Чyн мардyм мебинанд ҳеҷ кадоме аз инҳо ба нафи онҳо нест идомаи ҳамон зиндагии фақиронаро мехоҳанд идома бидиҳанд.

Donishju
Yagontai hamin nomzadho haq nadorad ba intikhobot ishtirok kunad baroi ki az avval in kor prezidentshavho durug bud yagontai inho imzo ham jam nakardand tanho donishjuyoni donishgohhoro fireb doda imzo jam kardand tanho Bobonazarova imzoi halol jam kard tamom

barodaroni giromi hej khudatonro dar intikhobot sargardon nakuned ki foida nadorad zeroki قطعت جهيزة قول كل خطيبجج=yane ki hej foidae nest

Рустам
Ба кайд хам мегирифтанд, намегузашт. Вокеиятро бояд эътироф кард.

Байкот эълон карда шавад ! мо ингуна интихоботро намехохем! Байкот!

ovoz nagirifted charo davo mekuned?bo shumohon badi intixobot gapzanon.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)