Бахшҳо

Зайд Саидов аз иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ даст кашид

Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, бо изҳори нобоварӣ ба мустақилӣ ва беғаразии Шавкат Абдулхайров -- додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандааш рӯзи 23 октябр эълон кард, ки дар мурофиаҳои баъдӣ иштирок нахоҳад кард. Вай, инчунин, аз се вакили мудофеаш хостааст, то аз иштирок дар баҳси додгоҳие, ки зоҳиран тақдираш ҳалшуда аст, худдорӣ намоянд.

ТАШХИСИ ДНК

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони оқои Саидов, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки додгоҳ дархости онҳоро дар бораи ташхиси ДНК дар парвандаи аввали “таҷовуз ба номус” ва тағйири додрас дар мурофиаи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташон рад кардааст. “Мо дархост дода будем, ки аз сабаби бидуни огоҳии мо гузарондани ташхиси хунӣ ё ДНК, ин дафъа амалиёт бояд дар яке аз давлатҳои Аврупо гузаронда шавад. Бигзор, додгоҳ худ як кишвари аврупоиро интихоб бикунад ва хароҷоти тамоми ин амалиёт аз тарафи зерҳимояи мо пардохт хоҳад шуд. Вале додгоҳ инро қабул накард”,-гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, “баъд аз ин, Зайд Саидов мустақиливу беғаразии додраси парвандаро зери шубҳа бурда, талаб намуд, додрас иваз шавад. Аммо додгоҳ ин дархости Зайд Шеровичро низ рад кард. Дар натиҷа, ӯ ба далели он ки ба беғаразию мустақили додрас шубҳа дорад, изҳор дошт, дар мурофиаҳои минбаъда иштирок нахоҳад кард. Вай гуфт, додгоҳ ҳар ҳукме, ки мегирад, бе ҳузури ӯ бигирад. Дар сурате, ки додгоҳ як тарафа ҷараён дорад, ҳузури ӯ чӣ маъно дорад.”

Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов 12 сентябри соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ оғоз ёфта, паси дарҳои баста ҷараён дошт. Мақомот оқои Саидовро, ки 19 май, ҳангоми бозгашт аз Фаронса, боздошт шуда буд, дар қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, сирқати амволи давлатӣ, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси ду ноболиғ муттаҳам медонанд. Гуруҳи тафтишотӣ мегӯяд, яке аз ин ноболиғон аз оқои Саидов фарзанд дорад ва ташхиси хунӣ ё ДНК-и он дар яке аз лабораторияҳои хусусии Русия гузаронда шудааст, ки ба нафъи раҳбари Тоҷикистони нав нест.

Аммо Зайд Саидов ва вакилони мудофеи ӯ ин ташхиси хуниро ғайриқонунӣ дониста буданд. Аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов гуфта буд, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад. Дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст. Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”
Мӯҳр
Саид
Ачабо ин мардак холохам эътимод ба додгоху хукумати Точикистон дорад!!!!!!!

Аслан дар точикистон бовари вучуд надорад на дар судаш на дар малисаш на дар суханхои Э.рахмонов хамааш дуруг аст.

Хамон рузе, ки аз болои Зайд Сайидов парванда кушоданд, такдири у маълум шуда буд. Парвандаи у супориши аст ва то имруз дар таърихи 22 соли истиклолияти Точикистон ягон нафар кахрамонони чунин парвандахо сафед нашудаанд. Нахуст Зайд бояд аз Фаронса намеомад. У медонист, ки адолати суди дар Точикистон вучуд надорад, аммо ба чи бовар карда у баргашт, то хол хама хайронанд.
Вокеан такдири у чун такдири интихобот халшуда аст ва танхо ба расмият даровардани чанбахои конуниаш боки мондаасту халос. Ман фикр мекунам, ки хама харочоти Зайд Сайидов барои химоя ва иштироки у дар мурофиахо аз аввал маъно надошт. Ин нахустин карори дурустест, ки у дар нихоят кабул кард. Бигзор хамин тавр гунохашро эълон кунанд. Ин хама мурофиахо чуз бози чизе нест

Бале Шамсиддин дуруст гуфтед ва аммо ин мурофиа давом хохад кард ва на дар Суди Оли на дар Сизо балки дар хузури тамоми олам дар Киёмат ва дар назди подшохи подшохон Оллох ва баъд он руз мухтарам Зайд Саидов хушхол мешавад чун дар ончо дигар тухмат нест хакикат аст.

Бе шубха дар Точикистон адолати суди вучуд надорад.Ин садхо бор исбот шудааст.

Zaid Saidov mard bud mard memonad , on kas dili mardi dorad .

Худо бар хамаи корхои ин нобакорон шохид аст ва медонад, ки гунахкори асоси кист!
Биёед, эй мардуми сарбаланди Точикистон, эй шахсоне, ки ба бегунохии огои Саидов боварии якин доред, дасти дуо ба даргохи Парвардори аз хама пуркувваттарин ва Донотарин бардорем ва талаби онро кунем, ки У ба золимон тавфики хидоят бидихад ва агар ин золимон лоики тавфик нестанд, онхоро шармандаи ду дунё бигардонад. Омин....
Танбали накунед, баъди намоз барои аз доми зулм рахо ёфтани марди бузург - Зайд Саидов дуо бихонед.

ЗАЙД САИДОВ КИ МУСАЛМОНИ ВОКЕИ БУД ЗИНОГАР НАБУД ИН ХУКУМАТДОРО АЗИН ЗИНОГАР БАРОВАРДАН ИН АСРИ19ВА20НЕ ИН АСРИ21 ХАМАИ ЧИЗРО ИМРУЗ МУАЕАН МЕКУНАН ТО ХАКИКАТРО ХАМА ДОНАНД АГАР ИН ТАЧОВУС БОФТА НАБОШАД ЧИ ХУКУМАТ ИКА МЕТАРСА ИН ХУКУМАТ БОРИ АВАЛ ДУРУГ НАГУФТААСТ КИ ИН ДАФА РОСТ БУГУВАН ЗАЙД САИДОВ АЗ ХУД БОВАР ДОРАД БА ТОЗГИАШ БОВАР ДОРАД БАРОИ ТОЗАГИШ ИСБОТ ДОРАД ВАЕ ЗИНОГАР НЕ АЗ ХУДАШ БОВАР НАМЕДОШТ ХИЧВАХТ ТАШХИСИ ДНК НАМЕГУФТ ИН ШААВЛЛОХ АЛЛОХИ ПОК ХИМОЯАШ МЕКУНА АЗИН ТУХМАТОИ БАР ДУРУГ

Точик
Зинда бошед чаноби Зайд Саидов!!! Бехтарин икдом, пештар бояд эълон мешуд. Зеро ин чаласахои суди хаммааш бози аст. Хукми Шуморо Чаноби ... пеш аз боздоштшуданатон содир карда буд. Инхо хамма ичрочи хастанд. Албатта ин маънои инро надорад ки ин бозингархо аз масъулияти назди Худо ва тарих халос мешаванд, харгиз!!!! Сарбаланд бошед, факат ба Худо такя кунед, иншоаллох пируз мешавед.

АХСАНТ ВА БОЗ АХСАНТ БА БУЗУРГМАРД ЗАЙД САИД. ВА БОЗ БАРОИ РАДДИЯАШ АЛАЙХИ КУДРАТМАНДОН. ИН ХАМА ЧУРЪАТ АЗ КУВВАТИ ИМОНИ УСТ. ХУДО БАР КУЛЛИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ЧУНИН ХАЙСИЯТ,ЧУНИН ХУВВИЯТ,ЧУНИН ИМОНУ МАРДОНАГИ ДИХАД,ОМИН !

in xel zaidho omadavu meravand misle artisthoi navburomad.artistoni hakiki profesionalho zindavu murda nomashon astand har ruz dar zaboni xalk.

nameoi?-meoranut.sud be tuham meguzarad

ДИЛБАР
АЗ ХУДОИ МЕХРУБОН УМЕД ДОРАМ КИ ОЗОДИ НАСИБАТОНА МЕГАРДАД!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)