Ҷасади муҳоҷири беҳуҷҷати тоҷик ниҳоят ба Ватан расид
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мушкили Умаров Абдувоҳид, падари як муҳоҷири тоҷикро зимни интиқоли ҷасади фарзандаш ба Ватан ҳал кардаанд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Умаров Абдувоҳид ба хадамот муроҷиат карда, арз доштааст, ки фарзандаш, Умаров Искандар, рӯзи 31-уми октябри соли равон бар асари беморӣ фавтидааст: “Аммо чун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шиноснома ва акс надорад, наздиконаш имкони баргардонидани ҷасади ӯро ба Ватан надоранд.”
Хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон эълон медорад, ки баъди дахолати масъулини ин ниҳод ҷасади Умаров Искандар Абдувоҳидович аз шаҳри Москва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд ва рӯзи 3-юми ноябр, дар ноҳияи Шаҳритуз ба хок супорида шудааст.
Хадамот мегӯяд, Умаров Искандар Абдувоҳидович соли таваллудаш 1980 истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, аз соли 2010 то инҷониб дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият мекард ва бо сабабҳои беморӣ, санаи 31 октябри соли 2013 вафот кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |