Бахшҳо

Хитоби Мурсӣ ба додрас: "Ман раисиҷумҳури қонуниям ва ту ноҳаққӣ!"

Додгоҳи ҷиноии Қоҳира муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури баргузидаи мардуми Мисрро, то 8 январи соли оянда ба таъхир гузошт.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира”, мурофиаи додгоҳии Мурсӣ ба хотири худдории ӯ аз ба бар намудани либоси маҳбусӣ ва пофишорияш барои раисиҷумҳури қонунӣ будани Миср ба таъхир гузошта шудааст. Муҳаммад Мурсӣ бо либоси расмӣ ба додгоҳ ҳозир шуда, аз пӯшидани либосҳои маҳбусӣ худдорӣ карда буд.

Бархе аз расонаҳои дигар гуфтаанд, додрас ба хотири шиносоӣ бо маводи парванда ин ҳукмро эълон кардааст. Мурофиаи додгоҳии раисиҷумҳури “барканоршуда”-и Миср рӯзи 4 ноябр дар бинои Академияи пулиси Қоҳира барои бори нахуст баргузор гардид. Муҳаммад Мурсӣ бо шумули 14 тан аз шахсиятҳои воломақоми “Бародарони мусулмон”, ки ба додгоҳ ҳозир карда шуданд, дар таҳрик ба қатли тазоҳургарон дар ҳодисаи Қасри раисиҷумҳур айбдор мешаванд. Ин дар ҳолест, ки Мурсӣ худро бегуноҳ хонда, мегӯяд, ӯ ҳанӯз ҳам раисиҷумҳури қонунии Миср мебошад.

Раисиҷумҳури “барканоршуда”-и Миср ҳангоми мурофиаи додгоҳияш дар хитоб ба додраси парванда гуфтааст, “ман раисиҷумҳури қонунӣ ҳастам ва ту ноҳақ мебошӣ!”

Шабакаи телевизионии "ал-Ҷазира" такя ба қавли яке аз манобеи худ гузориш додааст, ки мурофиаи нахустини Муҳаммад Мурсӣ ва 14 тан аз шахсиятҳои варзидаи "Бародарони мусулмон" дар ҳоле сурат гирифтааст, бо фармони додраси Додгоҳи таҷдиди назари Миср вакилони мудофеи ӯро ба мурофиа роҳ надодаанд. Муҳаммад Сайид, яке аз аъзои гуруҳи ҳуқушиносони мудофеи Мурсӣ гуфтааст, посбонон ба онҳо бидуни ягон шарҳ иҷоза надоданд, то дохили биное, ки дар онҷо мурофиа сурат мегирифт, шаванд.

Дар ҳоле ки ҳуқуқшиносон аз нақзи ҳуқуқ ва ба миён омадани қонуншиканӣ дар нахустин мурофиаи Мурсӣ хабар медиҳанд, Созмони авфи байналмилалӣ аз мақомти феълии Миср талаб кардааст, то ба баргузории одилонаи мурофиаи раисиҷумҳури “барканоршуда”-и Миср кафолат диҳанд. Ин созмони байналмилалӣ хостааст, ки барои Мурсӣ тамоми шароит ва ҳуқуқ дар мавриди дастрасӣ ба вакилони мудофеъ фароҳам карда шавад, то ӯ дар баробари иттиҳомоти эълонгардиа мубориза барад.

Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш барканор кард. Абдуфаттоҳ Сисӣ, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чаҳоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонда буд. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ба ҷойи номуайян интиқол доданд ва ҳузури имрӯзаи Мурсӣ ба додгоҳ нахустин зуҳураш ба маърази ом баъд аз боздошт мебошад.

Раисиҷумҳури баргузидаи мардуми Миср дар он замон, яъне баъд аз ҳукми артиши мисрӣ дар борааш аз шаҳрвандони худ даъват карда буд, ки ба Қонуни асосии Миср эҳтиром гузошта, аз ҳаргуна тазоҳуроти хушунатомез ва рехтани хуни фарзандони миллати худ даст кашанд. “Зеро ин амал боз Мисрро дубора ба ақиб мебарад”,-гуфтт ӯ. Инчунин афзуда буд, ки шаҳрвандони Миср, ки мехоҳанд, кишварашонро ба як давлати демократӣ бирасонанд, ҳеч гоҳ ба ин гуна иқдомот даст нахоҳанд зад ва аз нерӯҳои артиши Миср даъват кард, то пеши роҳи хунрезиро дар Миср бигиранд.
Мӯҳр
Salmon
Alloh ba Muhammad Mursi nusrat dihad, aaaamin.

Тарафдори хакикат
Эй Мурси хушо ба холат ва эй сиси вой бар холат!Мухаммад Мурси рост мегуяд президенти конуни аст.

нисо
президенти "барканорашуда" не балки рабудашуда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)