Президент варзиши бадан мекунад (ВИДЕО)
Туркманистон Рӯзи сиҳатиро ҷашн гирифт. Шабакаҳои телевизионии давлатӣ тамоми рӯз барномаҳоеро манзур кард, ки ба рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим бахшида шуда буд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳур ҳам дар маркази диққат буд. Нахуст ӯ аз муҷтамаи нави варзишӣ дидан кард. Чанд лаҳза ба варзиш машғул шуд: давид, вазнбардорӣ кард. Баъдан алафчой нушид. Гуфта мешавад, президенти Туркманистон алафчойро хеле дуст медорад. Ӯ доктори илмҳои тиб аст ва ҳатто китоби бисёрҷилда дар мавриди растаниҳои шифобахш навиштааст.
Бердимуҳаммадов ба муҷтамаи аспдавонӣ омад. Бо дучарха ҳам каме сайр кард. Дар ин навор чанд лаҳза аз варзиши бадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро хоҳед дид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |