Бахшҳо

Раиси ҲНИТ дар Кӯлоб: Ба овоздиҳӣ нарафтам

Муҳаммадшариф Набиев, раиси ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар интихоботи раёсат ҷумҳурӣ ширкат накард.

Дар суҳбат ба “Озодагон” оқои Набиев гуфт, алъон бо далели маризӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва агар дар Кӯлоб ҳам мебуд, ба райъдиҳӣ намерафт: “Интихоботҳои Тоҷикистон ба ҳама маълум аст. Шаффоф нест ва олудаи тақаллубкориҳо мебошад”.

Аммо Муҳаммадшариф Набиев дар мавриди тасмими дигар аъзои ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, онҳо соҳибихтиёранд, “агар хоҳанд дар райъдиҳӣ ширкат мекунанд, нахоҳанд намераванд”.

Раиси ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб афзуд, ки “бештари аъзои ҳизб қаблан иброз доштанд, ки дар сурати ба интихобот рафтан ҳам исми ҳамаи номзадҳоро хат мезананд”.

Теъдоди аъзоёни ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб 3 ҳазору 800 нафар гуфта мешавад.

21-уми октябр Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласае эълон кард, ки аз ширкат дар интихоботи президентӣ худдорӣ мекунанд. Далели чунин тасмимро Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба он рабт дод, ки номзади онҳо - Ойниҳол Бобоназарова сабти ном нашуд.

Баъдан, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳоло бо як сафари ғайрирасмӣ дар Туркия қарор дорад, гуфт, дар раъйдиҳии интихоботи президентии кишвар иштирок нахоҳад кард, чун зарурати баргаштан ба Ватанро то интихобот намебинад. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик низ гуфт, барои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ нарафтааст ва дар сурати рафтан ҳам намедонад, ба кӣ овоз бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Сафар Сафаров, муовини раҳбари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон пешгӯӣ карда буд, ки дар интихоботи раисиҷумҳури кишварбеш аз 90 дарсади овоздиҳандаҳо ширкат хоҳанд кард.

Ҷараёни овоздиҳии интихоботи президентӣ аз соати 6-и субҳи имрӯз, 6 ноябр оғоз шуда,то соати 20:00-и шом идома хоҳад кард. Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон мегӯяд, имсол аз 8 миллион сокини Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ 4 миллиону 34 ҳазор нафарашон ҳаққи раъй доранд, ки беш аз 157 ҳазори онҳо барои нахустин бор пойи сандуқҳои овоздиҳӣ хоҳанд рафт.

Дар интихобот 6 номзад барои дарёфти курсии президентӣ талош мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ яке аз онҳост. Оқои Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро ба даст дорад, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ ишитирок ва бар рақибонаш пирӯз омадааст.

Исмоил Талбаков, номзади коммунистҳо, Олимҷон Бобоев, номзади ислоҳоти иқтисодӣ ва Абдуҳалим Ғаффоров, номзади состиалистҳо барои бори дувум ба ҳайси довталаби курсии президентӣ дар интихобот ширкат меҷӯянд. Дар интихоботи соли 2006 низ ин се нафар ба унвони рақибони Эмомалӣ Раҳмон вориди корзори интихобот шуда, натавониста буданд раъйи кофии мардумро ба даст оранд. Аммо Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демократ ва Толиббек Бухориев, номзади аграриҳо бори аввал аст, ки вориди ин сабқат мешаванд.
Мӯҳр
И
Хар ки ба ин спектакл меравад, у худашро эхтиром намекунад.

Сафар
овоздихи нарафти! Ту барин нарен бехтарай. Якбора ай паси раист Туркия нарафти?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)