Президент подполковникро барои “камбудиҳои ҷиддӣ” аз вазифа озод кард
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон подполковник Тувакмурод Шириев, муовини сардори Хадамоти давлатии марзбони кишварашро барои “роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кор” аз вазифа озод кардааст. Дар ин бора расонаҳои давлатии Туркманистон хабар додаанд.
Аммо гуфта нашудааст, ки камбудиҳои ҷиддии Шириев кадом аст. Ба иттилои манбаъ, бо як фармони дигар Бердимуҳаммадов подполковник Даврон Егенмирадовро муовини сардори Хадамоти давлатии марзбонӣ таъин кардааст. Егенмирадов то ба ин вазифа расидан муовини ректори Институти сарҳадбонии Туркманистон буд. Ҳамчунин президент фармони аз вазифаи ректори Институти марзбонӣ озод шудани подполковник Батир Какагелдиевро имзо гузошта, бо фармони дигар ба ин вазифа подполковник Давлатмурод Аннамуродовро таъин кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |