Бахшҳо

Ба камбизоатони пойтахт гӯшт ба таври ройгон расонида мешавад

Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи якуми август дар Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор шуд.


Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нишаст ба ҷуз масъулини шаҳрдорӣ, намояндагони бахши савдо ва тиҷорати шаҳр, аз ҷумла соҳибкорони ба интиқол ва фурўши маҳсулоти гўштӣ ва маводи сўзишворӣ машғулиятдошта, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ иштирок намуданд.

Манбаъ афзуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи оини шаҳрдорӣ  кулли соҳибкорони дар бозори  истеъмолии пойтахт  фаъолиятдоштаро  ба инсофу  эҳтироми рисолати моҳи мубораки Рамазон  даъват намуда, директорони бозорҳои коммуналии шаҳр, иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва 20 нафар соҳибкорони растаи гўштфурўшии маҳаллаи  33-юми шаҳрро, ки барои  таъминоти аҳолии шаҳр бо гўшт аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрӣ қарзҳои бефоиз дарёфт намудаанд, муваззаф сохт, ки бо нархи ҷории 23 сомонӣ фурўши гўшти хушсифати  говро дар шаҳр ба роҳ монанд.

Дар ин росто муқаррар гардид, ки баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои иҷтимоии шаҳр тадбирҳои муассир роҳандозӣ карда шаванд. Бо ин мақсад бобати ҳамовозӣ ибтикороти  роҳбари растаи гўштфурўшии маҳаллаи  33-юми шаҳр оид ба ҳамарўза  1 тонна гўшти гўсфанд бо нархи 23 сомонӣ барои муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамарўза 1 тонна гўшти гов бо нархи 22 сомонӣ  барои оилаҳои камбизоат  дар асоси рўйхати шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ карда шуд.  Дар ин радиф роҳбарони бозорҳои   коммуналӣ ҳамарўза 10 кг,  «Корвон», «Панҷшер» ва «Ганҷина»  ҳар кадоме 30 кг  ва дигар бозорҳои хусусӣ ҳар кадоме ҳамарўза 5 кг гўшти хушсифати говро тибқи рўйхати шаҳрдорӣ ба оилаҳои камбизоат тариқи ройгон дастрас намоянд.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)