Бахшҳо

Шеъри нави Б.Собир дар ҳаққи Э.Раҳмон ва баҳси гарм дар Фейсбук

Шеъри нави Бозор Собир дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон баъд аз пирӯзияш дар интихоботи 6 ноябр, ки онро нашрияи “Ҷумҳурият” ба чоп расондааст, баҳси гарму доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук, ба по кардааст.

Бозор Собир, ки баъд аз 19 соли ғурбат дар Русияву Амрико, панҷ майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргашт, дар шеъри тозаи худ мегӯяд, сахт дасту панҷаҳои маҳками оқои Раҳмонро мефишорад:

"Мефишорам сахт дасту панҷаҳои
маҳкаматро
Ҳамчу дасту панҷаи фарзанди деҳқон,
Ҳамчу дасту панҷаи шахшӯли
деҳқонбаччаи қишлоқ
Аз каланду досу мисрон.

Бо садои гармат одат кардаем
Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,
Ҳамчу бо зангӯлаи ваҳдат,
Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Чунки дар рӯи ту мебинем
Рӯи миллатро,
Нури миллатро,
Чунки аз пешонии бози ту мехонем
Мо хати тақдири миллатро.

Чун кафи дасти ту шаҳроҳат
Аз Душанбе то Бадахшон,
Аз канори Суғд то Хатлон;
Дар кафи дасти ту меронанд,
Дар кафи дасти ту метозанд,
Дар кафи дасти ту ҷорист
Сели мошин,
Фавҷи дарёҳои мошин.

Пойгоҳи давлататро карда кафшер
Бастакори нақби Анзоб,
Бастакори нақби Шаршар,
Бастакори Чормағзак,
Бастакори ГЭС-и Роғон
Ҳамчу оҳан,
Ҳамчу чӯян,
Ҳамчу пӯлод
Пойдор."


Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, ин шеъри Бозор Собирро дар саҳифаи Фейсбуки худ бознашр кардаву аз зиндонӣ шудани ӯ дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ёдоварӣ намудааст: “...Рӯзе Бозор Собир ба Маскав омад, ҳама истиқболаш баромадем. Дар осоишгоҳи Иттифоқи журналистони Русия барояш ҷой гирифтем. Бо хоҳиши устодон -- Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳама барои шоири зиндонӣ пул ҷамъ овардем, ки хор нашавад. Барояш сарулибос харидем, хона иҷора гирифтем. Баъдан Бозор ба Амрико кӯч баст. Дар ин давра даҳҳо шеъру мақолаҳо бар зидди режими Эмомалӣ Раҳмон навишт. Имрӯз ин шеър... Тафсире надорам.”

Диловар Ашӯров, яке дигар аз корбарони Фейсбук, навиштааст, “дар дафтари таърих ӯ ҳамчун шоир ва лагандбардори дарборӣ мемонаду бас. Вай бисёр шеърҳои хуби худашро хоки роҳ кард...” Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик, ҳам ба ин масъала дахл кардааст: “Аҷаб давру замоне фаро расидааст. Намедонам, замона дигар шудааст, ё одамон? Агар Рӯдакӣ зинда мебуд, шояд посухашро медод. Во аҷабо!”

Абдураҳмон Юсуфӣ навишта, ки “пул ҳамаро девона кардааст!” Куруши Кабир ҳам мегӯяд, “Бозор худро хор кард. Куҷо шуд он шеваи озодихоҳиат? Бозор мурдааст, он Бозори озод...” Аммо бар хилофи аксарият, ки Бозор Собирро барои шеъраш дар васфи Эмомалӣ Раҳмон зери бори танқид гирифтаанд, Усто Искандар Нодиров гуфтааст, “оппозитсиюн, Шумо дар дарунатон ҳамин хел одамҳо доштед, ки Худованд нусрататон надод.”

Нахустин мисраъҳои шеъри Бозор Собир, шоири тоҷик дар васфи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо номи “Қаҳрамони ваҳдат”, ки аз 24 мисраъ иборат аст, ҳанӯз дар оғози моҳи июл дар “Ҷумҳурият” чоп шуда буд. Ин шеърро то замони чопаш овозхонҳои тоҷик рӯзи 27 июн дар маросими таҷлили Рӯзи ваҳдат дар Наврӯзгоҳи марказии шаҳри Душанбе хондаанд. Дар лаҳзаҳои хондани ин шеър тариқи телевизион ду бор Бозор Собир ва як бор Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир аз нахустин шоирони тоҷике ба шумор меравад, ки дар даврони Шӯравӣ аз сурудан ё навиштани шеър дар ҳаққи ҳизбу ҳукуматдорони коммунист худдорӣ намудааст. Вай, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нуздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27 май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуда буд.
Мӯҳр
Ин мисраъҳо ҳеҷ ба шеър монанд ҳам нестанд. Фикр мекунам, фарҳангу шеъри волои форсу тоҷик ниёз ба чунин шеърҳои пучу бемаъни надорад.

ЧАМИК
РОСТИ БИСЁР АЧИБАСТ ИН НАВИШТАХОВУ АНДЕШПХО, АЛАЛ ХУСУС НАВИШТАХОИ ДОДОЧОН ДАР ХАКИ БРЗОР СОБИР... МАН БАРОИ ДОДОЧОН ВА БИСЛИ ДОДОЧОНУ БОЗОР СОБИР ГУФТАНИЯМ, КИ ХОХАНД ДАР ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ ЗИНДАГИ КУНАНД ПАС ТАВОНАНД БА МИСЛИ БОЗОР СОБИР ДАР ВАСФИ ЧАНОБИ ОЛИ ШЕЪР НАИСАНДУ ЛАГАНБАРДОР ШАВАНД!!!АЛАЛ ХУСУС БА ДОДОЧОН ГУФТАНИЯМ КИ КОРИ ЖУРНАЛИСТИЯТРО ЯКСУ ГУЗОРУ ХУБТАРАШ ДАР ВАСФИ ЭМОМАЛИ ШЕЪР ЭЧОД КУН ХАТМАН ТУРО НИЗ ДУБОРА БА ВАТАН БАРМЕГАРДОНАД...

в
Мухтарам

Дар бораи ман хам як мадхия навис. ба хар мисраъаш 10 сомони медихам. Рози?

xai in mardak sher navishta pul kor mekunad kori shumo chi?pesh bar zidi hukumat menavisht az nurivu digarosh pul mekand.puli onho tamom shud navbat ba inhosh.hej gapne in biznes ast.osh shavad ustod.

Kurbon
Хахахаха дигар ин додои бечора чихам гуфта метонад медонад,ки гапаш ба мисли пули 61 кадр надора ва ба фикрам хомуширо авлотар донист хайф ту ки инкадар хиёнат ба миллат кардаи бо шарм надошта лофи ватандусти мезани озодагон озод боши чоп факат суханони мухолифина чоп мекни?

Амрико
Намедонам, ба ин мардак чи намерасид, ки худашро дар назди миллат бекадр кард. Дар Амрико гурусна набуд, танхо набуд, бо оилааш буд. Чи ба у намерасид? Барои ман Бозор Собир аллакай мурдааст. Дигар у шоири миллат нест. Номашро бад кард.

Дилщод
Азин дарборихо зиёданд. миллати точик худ решатан дарбори вагуломпарвар аст. Чои тааччуб нест барои тагйир ёфтани ин холат бояд хуни ин миллатро иваз кард. Муллохо ва муфтихо ки худро ворисони Паёмбар (с) медонанд, дарбори хастанд. Аз Б.Собир чи умеде дорен?Khursand,

Шодмон
Хама 100 аст . Бхъ бгард Бозор-ако ..нав рохата ефти..

Ростгу
Хар касе ку дур монд аз асли хеш
Боз чуяд рузгори васли хеш

Ман фикр мекунам, ки хеч як нафари мо хакки рох нишон додан ба Устод Бозор Собирро надорем. Агар чи бархе уро махкум мекунанд, вале набояд фаромуш кард, ки у вокеан шоири миллат аст ва дар таърих на танхо номи худ, балки номи ин миллатро низ бо ашълори гаронбахои худ гузошт. Имруз низ шоиреро дар микёси Точикистон ба истиснои Муъмин Каноат ва Гулрухсор касеро намебинам. Чун ин се тан бирафтанд, мо метавонем эътироф кунем, ки дигар шоире надорем, ки муаррификунандаи вокеии мо бошад. Дар васфи ин ё он шахс навиштан хукуки маънавии хар шоир аст ва касе хукуки манъ намудани уро надорад

Садкаи точик ва точикистон шави агар дасти мазлуме гирифта натавони кумаки золим накун. Имруз Точикистон ба ислох ниёз дорад. Бояд чавононро фурсат дод то аз системаи кухна хорич шавем. то ба каи зулмро назди призидент мепушонед!!!
Бас будагист ин чоплусию дунё талабиатон. магар фикр

намекунед ки мурдан хак аст ва эхтиёч ба чаноза доред. ки шуморо чаноза хохад кард. магар инро андешидаед?
холо хам фурсат доред худо бахшанда аст шуморо мебахшад. шумо ки назди призидент харфатон мегузарад шояд тавонед хакикатро расонед.

Беном
Бозор Собир дар бораи ту чизе гуфтан ва навиштан дигар айб аст. Хатто ту ба тахкиру хакорат сазовор нести...

Худоё сарнавишти мо зи сар кун,
Ва моро миллате соҳибназар кун.
Абармардаш агар Бозор бошад,
Ту моро беҳтараш аз хайли хар кун.

Хамон шоир ном мебарорад, ки у вокеан ба халк наздик бошад ва ба забони ба халк наздик шеър гуяду шеъри уро на танхо дар доираи алохида, балки дар миёни халк хам хонанду азёд кунанд?
Имруз ки гуфта метавонад, ки халки одди ба гайр аз шеърхои Лоику Бозор ва Муъмин Каноату Гулрухсор боз аз кадом шоиронро азёд кардаанд? Масалан ки шеъре аз Аскар Хаким, Гулназар Келди (ба гайр аз гимни Точикистон), Камол Насрулло ва ё дигарон азёд медонад. Шахсан ман аз эшон хеч чизе азёд накардаам ва дарди ман намехурад.
Ин аст, ки мегуям:
- Бехуда Бозорро сарзаниш накунед! Сохибназар рост мегуяд. Бозор вокеан шоири миллат аст. "

Ачоиб
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)