Бахшҳо
12 ноя 2013 15:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Замони “шукрона” дубора оғоз шуд

Ҳумайрои БАХТИЁР

Интихоботе, ки натиҷа ва ғолиби он барои коршиносон ва мардуми тоҷик аз қабл маълум буд, бидуни ягон “сюрприз” бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ анҷом ёфт.

Интихоботи президентии 6-уми ноябри соли равон 4-умин буд, ки чун интихоботи солҳои 1994, 1999 ва 2006 бо пирӯзии як нафар, раҳбари ҳукумати феълӣ-Эмомалӣ Раҳмон анҷомид. Ин дафъа барои курсии раёсатҷумҳур 6 нафар “талош” доштанд.

Коршиносон аз аввал бо таваҷҷӯҳ ба рақобат барои пирӯзӣ дар ин маърака, ширкати номзадҳои дигарро ба истисонои як нафар талоши беҳуда мегуфтанд. Ба гуфтаи онҳо баргузории интихобот ва номзадҳои аҳзоби сиёсӣ танҳо барои исбот кардани меъёри интихоботи озод ва ҷомеаи демократии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ буд.

Бино бар таҳлили гузоришҳои расонаҳо ва масъулини давлатӣ аз вазъияти сиёсӣ ва шарту шароити зист дар кишвар ҳамагон қаноатманд ҳастанд. Ба хусус дар остонаи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ расонаҳои давлатӣ бо пахши наворҳо нооромиҳои солҳои 1990 –умро барои мардум зиёд “гӯшрас” мекарданд.

Таъсири баръакси қаҳрамонтарошиҳо ба ҳукумат


Аз оҳанг ва пахши чунин гузоришҳо як навъ мушоҳида мешавад, ки дастгоҳи таблиғотӣ ва худи ҳукумат барои мардум миннат мегузоранд. Расонаҳои давлатӣ ҳамеша аз он мегӯянд, ки бо шарофати ҳукумати феълӣ, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон оромӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаасту мардуми тоҷик набояд ҳаводиси хунини даҳаи гузаштаро фаромӯш кунанд. Бо дидани чунин наворҳо аввалин пурсиш ба вуҷуд меояд, ки як дастгоҳи таблиғотӣ то куҷо ҳаққи баҳогузорӣ кардан аз таърихро дорад? Гузашта аз ин, дар таърихи ҷаҳонӣ ҳеч нашудааст, ки бархӯрд ва ё даргириҳо танҳо бо айби як ҷониб ба вуқӯъ пайваставу, бо шарофати ҷониби дигар сулҳ баста шавад. Беҳтар аст, ки ҳодисаҳои 1990-умро таърихнигорон таҳлил бикунанд, аз ин ки расонаҳо ба дарназардошти манфиати гурӯҳи худ баҳогузорӣ кунанд.

Аммо аз чунин амали расонаҳои давлатии Тоҷикистон метавон хулосабарорӣ кард, ки ҳукумати феълӣ идеяе барои бақои ҳокимияти худ надорад. Аз ин хотир бештар талош мекунад, бо ишора аз нооромиҳо мардумро ба тарафи худ ҷалб кунад. Аммо ин ишораҳову каҳрамонтарошиҳо то ба ҳадде расид, ки дигар барои ҳукумат он таъсири баръакс медиҳад.

20 соли шукргузорӣ ва сабри мардуми тоҷик

Ҳамеша мардуми тоҷикро мутақоид мекунанд, ки агар ин ҳукумат сари қудрат намеомад, хунрезиву гуруснагӣ ва гурезагиву қашшоқӣ аз байн намерафт. Ба ибораи дигар метавон гуфт, ки барои иҷрои рисолати худ миннат ҳам мегузоранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки то ин замон мардуми тоҷик чунин суханҳоро таҳаммулпазирона қабул кардаву, аз вазъи худ шукрона мекарданд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин авохир мардум аз фаъолияти ҳукумат ва шароити зисти худ бештар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки 7 солаи баъдӣ барои Эмомалӣ Раҳмон бояд, ки марҳилаи дигари корӣ бошад. Ҳамакнун фурсате фаро расидааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар мавриди беҳтар кардани зиндагонии мардуми кишвар ва иҷрои воқеъии салоҳияти раисҷумҳурӣ дар ростои рифоҳ ва зиндагии беҳтари мардум бештар талош намояд.

“Шукрона”: Навбати кист?

Давоми 20 соли охир мардуми тоҷик чӣ қадаре тавонист вазифаи худро анҷом дод. 20 сол аст, ки мардуми тоҷик барои ин “тинҷӣ” аз ҳукумат шукргузорӣ мекунад.

Бештар аз 15 сол мешавад, ки шаҳрвандони кишвар аз маҳдудияти барқ, набудани гази табиӣ, моҳонаи баробар ба харҷи зиндагӣ садо баланд намекунанд.

Инак 10 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон аз вазъи ноҷури бахши тандурустӣ, маориф ва иқтисод эътироз намекунад.

Давоми 6 соли охир фасод дар сатҳе расид, ки ҳукумат барои пешгирии он як ниҳоди вижаи давлатӣ таъсис дод, аммо он на ҳама интизориҳои мардумро бароварда сохт. Ва боз ҳамин шаҳрвандони оддӣ буданд, ки сабр пеша карданду рушди фасодро таҳаммул менамоянд.

Ин ҳама барои мушкилтар кардани зиндагии мардум кам буд, ки давоми 3-4 соли охир масъулини ниҳодҳои давлатӣ бо ҳар роҳу васила ин косаи сабри мардумро мешикананд. Пулакӣ кардани роҳ аз тарафи парлумон метавонад исботи ин гуфтаҳо бошад. Набудани ҷойҳои корӣ, афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандон ба Русия мавзӯи дигари баҳс аст.

Ҳамакнун фурсате расидааст, ки аз ин ба баъд Эмомалӣ Раҳмон ва тими ӯ оҳиста оҳиста барои роҳандозӣ кардани ислоҳот дар кишвар камари ҳимат бибанданд. Шояд акнун фурсати он ҳам расидааст, ки ҳукумат аз ин сабри бесарҳади мардум суйиистифода накарда, аз ин таҳаммулпазирии мардум шукргузорӣ бикунад.

Мантиқан агар халқи тоҷик пеши ин ҳукумат вомдор аст, ин ҳукмат низ назди мардум қарз дорад. Биёед як бор воқеъбинона андеша намоем, ки мансабдорони имрӯза бист сол қабл чӣ рӯзу рӯзгоре доштанд ва акнун дар кадом шароит ба сар мебаранд. Оё онҳо муваззаф нестанд, ки шароитеро, ки барои худ ва пайвандонашон сохтаанд, ҳадди ақал сеякашро барои мардуми беандоза шокирашон низ ба миён оранд? Фикр мекунам барои ин масъуланд ва дигар навбати шукрона аз онҳост. Шукрона аз мардуми ранҷдида ва пурсабри тоҷик.
Мӯҳр
шукрона
Шукри рахмон карда боз 7соли дигар гардед ягон бехбудиро интизор нашавед -шукрона кунед ки,свет доред шукрона кунед ки чои кор доред шукрона кунед ки пул надоред

АЗ ХОТИМА ЁФТАНИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ ТО ИМРУЗ ШОНУЗДАХ (16) СОЛ ГУЗАШТ.
ТУЛИ ШОНУЗДАХ (16) СОЛ ТО ИНЧОНИБ ТОЧИКИСТОН ДАР ХОЛИ "ШУКРОНИЗАЦИЯ" КАРОР ДОШТ АКНУН ТО ХАФТ СОЛИ ДИГАР ХАМОН ХАФТ СОЛИ ОЁН ХАМОН ШУКРОНИЗАЦИЯРО "МОДЕРНИЗИРОВАТ" МЕКУНАНД....
ШУКРОНАИ МОДЕРНИЗИРОВАТ....

Хонандаи хамешаги
Офарин "Озодагон"!!!! Гумон надоштам, ки чунин кори бо гайратро анчом медихи. Инчунин ба Шумо пешниход дорам, ки дар бораи ахборотрасони ба мардум (Масалан то кая мо аз тарики шабакахои давлати ахборотхои бардуругро мешунаве) маколае менавистед.

Зевар
Мухтарам тахиягарони маводи мазкур. Дар хакикат шумо хамон гиёсе хастед, ки аз кафшхои худ бедарак мондаед. Конечно он рузхоро ба ёд овардан даркор аст. Шумо як ба худ биёед. Агар янгахо шуморо дар давоми руз огох накунад, хатто эхтиёчоти хонаро фаромуш мекунед. Зеро то бегох дар паи хирс ва гайбат хастед.
Ва хар руз ба гуши шумо то рузи зинда буданатон он рузхоро такрор ба такрор нишон додан лозим аст, то оромии ин миллатро бархам назанед. Зеро хунари шумо факат игво андохтану баъд ба Россия, Киргизистону Казокистон гурехтан аст. Мо бошем, баъдан паси шуморо тоза мекунем.
Озодагон чуваки чоп накардестаен.

Бехруз
Дар хакикат гуфтахои муаллиф вокеъбинонаанд. Хукумат бояд шукрона кунад, ки 2 млн мухочир ба Ватан бар нагаштанд, вагарна он коххои аз пули боз хамон мухочирон сохтаашонро ба сарашон чаппа мекарданд. Хукумат, шукрона бояд гуфт, ки мухочирон вазифаи шуморо, ки таъмини хаёти хуби шахрвандон аст, ичро карда истодаанд ва шумо аз хисоби эшон дар кайфу сафоед!

Сафол
Поёни шаби сиёх сафед аст. Ман хоб дидаам,ки мардуми чафокашидаи точик бо чои кор,бо барки доими, маош ва нафакахои баланд, манзили зист,роххои бепул таъмин гашта,дар тамоми каламрави Точикистон адолат ва тинчивуоромихукмфармост.Фасоди,ришваситон
и,вазифафуруши ва вазифахари,шиканча,дуруггуи ва ваъдахилофи ,сатхи пасти зиндаги ва факр,махалчиги ва хешутаборбози,андозхои баланд,"облава",сатхи пасти сохаи маориф ва тандурусти, интихоботхои ношаффоф ва бардуруг, пурра аз байн рафтаанд.
Лекин ачоибаш хамин,ки мардуми Точикистон соли нави фарорасидаро истикбол гирифта истодаанд ва дар хама чой соли 2018 навишта шудааст ва чинси Президенти Точикистон ЗАН-ХОНУМА мебошад ва аз хоб хеста ,дар хайрат мондам.

сароб
сафол рафмат ба ту

Masha Alloh! In muallif vokean bo istedod budaast. Tamomi mushkilothoi mavjudaro kutoh va purmazmun nishon dodaast. Hamai in mushkilot yak taraf, kushta shudani farzandoi ba zar barobari tojik az tarafi rushoi millatchi va korkunoni badbakhti organhoi Tjikiston az tarafi digar.

шокир
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад
хукуматдорон шукрона кунанд,ки ин точики овора дар русия корхои вазнину сангин карда хам худро таъмин мекунанду хам иктисоди кишварро

mardumro ahmaq farz kardand va sathi fikrii mardumro namekhohand ki bolo ravad va hamesha mardumro ba shukr daavat mekunand, yak guruhi khos az sarmoyai kishvar khurdestai digaron bo zur zindagii khudro guzarondestand KHUD ba in mardum rahm kunad

Шукргузор
Бехруз хак хастед. Хукумат шукрона кунад. ки точикон ин кадар пуртокат хастанд. Аммо ин хам охир дорад

rahmon behtarin prezident ast.

Замони шукрона даври чорум аст, ки огоз мешаваду, аммо боз мансабдорон ба мансабашон сохиб гашта истодаанду мардуми одди бе барк, бе чои кор ва бе пул "аз хаминаш хам намонам" гуфта шукр мекунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)