Абдуқаюм Юсуфов зидди амалиёти Вазорати умури дохилӣ
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони шинохта ва узви Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон, амалиёти махсуси Вазорати умури дохилӣ алайҳи бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани ҷавононро дахолат ба ҳаёти шахсии инсон номид.
Оқои Юсуфов дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин феҳрист, ки дар он номи донишҷӯёни бо мошини худ ба дарс рафта аз сӯи кормандони умури дохилӣ тартиб дода шудааст, ба ягон чаҳорчӯб дохил намешавад. “Ин як дахолати маҳз ба ҳаёти шахсӣ мебошад. Донишҷӯён ҳам ҳақ доранд, мошини шахсӣ дошта бошанд”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони тоҷик, дар ягон қонун зикр нашудааст, ки донишҷӯй бояд мошин надошта бошад: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳар шаҳрванде, ки синнаш ба 18 расидааст, ҳаққи гирифтани шаҳодатномаи ронандагиро дорад. Яъне, ин маънои онро дорад, ки ин шаҳрванд, метавонад мошинро идора кунаду пушти чанбарак нишинад.”
Аз сӯи дигар, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз рафтани донишҷӯён бо мошини шахсӣ ба дарс ҷилавгирӣ мекунанд, ки ҳанӯз ҳам мушкилоти таъмини аҳолӣ, бахусус донишомӯзон бо васоити нақлиёт дар кишвар ҳалли худро наёфтааст. Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон натиҷаҳои амалиёти махсусро, ки алайҳи бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани ҷавонон равона шуда буд, эълон намуд. Ин ниҳод мегӯяд, танҳо давоми як ҳафта дар ҷумҳурӣ 160 ҳолати бо мошини шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯён сабт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |