Бахшҳо
15 ноя 2013 12:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дастдарозии Шаҳбози 16-сола ба номуси ҳамхонаҳои кӯчакаш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси писарони ноболиғ як ҷавони 16-соларо дастгир кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон, Шаҳбоз Резвонови 16-сола, сокини ноҳияи Ҳисор ба номуси ду писарбачаи ноболиғи ҳамхонаи худ даст дароз намудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ин ноболиғон ҳамроҳ бо Резвонов дар ҳуҷраи иҷоравии Ҷамолиддини Муслиҳиддини 21-сола, сокини минтақаи Рашт дар Душанбе ба сар бурда, аз Муслиҳиддин ғайриқонунӣ таълимоти динӣ мегирифтаанд.

Шаҳбоз Резвонов, ки зимни як барнома тариқи шабакаи аввали Тоҷикистон дар бораи иллати даст заданаш ба ин амали нанговар суҳбат мекард, гуфт, аз сабабе, ки волидайнаш ба дидорбинии ӯ намеомаданд, аз нороҳатӣ ин ноболиғонро латту кӯб ва ба номусашон дастдарозӣ мекардааст.

Ҷалолиддини Муслиҳиддин, соҳибхона ва нафаре, ки ба ин наврасони тоҷик таълимоти динӣ медод, мегӯяд, ҳар чанд медонист, ки омӯзиши таълимоти динӣ ба ин ноболиғон ғайриқонунист, вале ба хотири хоҳиши зиёди пайвандони онҳо, ки дӯстонаш мебошанд, ба ин роҳ рафтааст. Ҷалолиддини Муслиҳиддин, ки сокини ноҳияи Тоҷикобод мебошаду оиладор аст, таҳсилкардаи яке аз таълимгоҳҳои динии Эрон буда, муваққатан дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.
Вазорати умури дохилии кишвар мегӯяд, алайҳи Шаҳбоз Резвонов ва Ҷалолиддин Муслиҳиддин парвандаи ҷиноӣ боз ва дувумӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Мӯҳр
в
Ин хукумат ин хабархоро аз Сабасаи аввал нишон дода таргиб карда истодааст, ки умуман ислом чизи хуб нест. Бояд мардум харчи тезтар аз дини ислом руй гардонад. Хайр як ахмаки 16 сола кардааст, дини ислом инчо чи дахмл дорад?

Дилёб
Боз хамон бозихое, ки кал аз интихобот мекаданд. Хайр акнун каблан мегуфтем ин хамаро ба хотири интихобот ва ба пирузи расонидани рафик Рахмонов мекунанд, аммо интихобот гузаш боз ин ТВ-хои давлати ва ВКД чи максад дошта бошанд? Мо аз хамин ВКД ва дастгохи таблиготии онхо "шабакаи аввал" пурсиданием, Албатта ки коре намонда, ки у накарда бошад аммо шумо дояхоияш инро намебинед. Шумо биравед дунблои хамин мулохо ва аз онхо айб бичуед ва гумон кунед, ки бо хамин амалатон давлатро пеш мебаред. Шояд ин Шахбоз дар хакикат ба ин амал даст зада бошад, аммо гап сари он аст, ки хич набошад барои боварии мардумро ба даст овардан як бор ба чои он, ки аз бахр мохича медоред, боре нахангро сайд кунед ва ё кит ба даст оред. Охир бахр танхо аквариум надорад ку.

kurbon
дар инчо исломи азиз гунахгор нест балки баъзе муллои ахмак гунахгор аст чомеъарро аз ин хел одамон тоза кард,ки боз ранги муллои чодугарвори сабти видеоиаш дар интернет нагалтаду бад тамоми мардуми мусалмону гайри мусалсон ба холмон хандад офарин вкд хаминхел муллохоро шармана ккун,ки бо фардо ино мора дар назди чахониён шарманданакунанд ва бба д гароша дарси ибрат шава.

Точикистон бо "чо" дар чахон беобру шуд, на бо муллохо!

Хаел
Дин ва махалро кор нагиред

Э Бародарон. Монен хамин дини мубини Ислома ба холи худаш.Ки окибати ин хел корхо, ба газаб овардани Парвардигори инсу чин.

Худованд хаммаро нзорат дорад хелло бо сабр аст. Аввал кам кам заминро мечумбонад агар нафахмиданд баъд ранги Филиппин шамолборон сахтро мефиристад .

Ман дар вакти донишчуиям як муаллим доштем ,ки вай голубой буд.Чи вай хамин хел буд гуфта хамаи муаллимонро гунахгор кунем.Ин хукумат дига бахона надора.Чи камбудие ёфт дар сари исломи азизи мо мезана.

Умед
Баъзе афгонхо бо ин амали нангинашон мардумашонро сархам намудаанд.Ин ВКДву ТВТ коре карда истодаанд ки дигар моро дар дуне хамчун мардуми афгон ном мебаранд

Азиз
Эй монед ҳамин халқи мусалмонро ба ҳоли худаш обод намекунед ақалан вайрон накунед аз руи шумо барин беимонҳо чӣ қадар мардум азоб мекашанд он заминларзаро фаромуш накунед он огоҳи бароои шумобарин беимонҳо буд ки инқадар мусалмононро озор надиҳед am

ин пулисҳои мо чаро ба бачаҳои вазиро ки бо мошинашон одамҳора мекушанд чизе намегуянд вале хона ба хонаи муллоҳо мегарданд таҳқиқ мекунанд дар наворашон мегиранд ва дар телевизиони давлати пахш мекунанд.Агар ҳамин дарс додани талимоти исломиро қонун иҷозат медод шояд ин корҳои бад аслан рух намедод. Мешyд ҳамон атфоли масyм дар назди муллои маҳала ки солҳо мардум онҳоро мехонданд дарс мехонданд ва шаб назди падару модар бармегаштанд. Чигyна дар як кишвари мусалмони ки 95 фисади он мусалмон бошанд фарзандони натавонанд озодона дарси дини бигиранд. Магар ин кишвар демократи ҳисоб мехурда бошад? Дар ин кишвар иҷрои қонyн ба нафарони махсус татбиқ меёбад вале онҳое ки давлатмард бошанд ба қонуни сохтаи худ амал намекунанд.

Абдуллох,
Чароги золим то дами махшар намесузад, агар сузад шаби дигар намесузад. Харчанде дини азизи моро тахкир мекнан, хаонкадар ИМОНИ мо зиед мешавад. Аллох бузург аст якрузне-як руз балоашро мефиристад бад инхора чашошон бозмешавад

Бародар
Бародарон шумо хамчун як шахрванди хамин миллат харф занед у шахсияте ки дируз дар телевизион нишон дода шуд исломро барои хадафхои нопоки худ истифода бурдааст

салом бар хонандагони азиз
филме, ки дар телефезион ба намоиш доданд, яъне "Пойбанди нафрат" идома доштааст, қисми дуввумаш ҳам ба наздикӣ дар шабакаҳои давлатӣ ба намоиш гузошта мешавад, дар қисмати дуввум нақши асосиро Шаҳбози 16-сола мебозад. ҳамон менария ҳаст танҳо бозингарон иваз шудааст.
Кормандони корҳои дохилӣ хуб тафтишот гузаронед шояд, падари ин писар "Узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикстон бошад" чун ин писар зери 18 сол аст ва натавонистааст "узви ҲНИТ шавад".
илтимос бас кунед ин гуна амалҳоятонро

a
сабаби ҳамаи ин корҳо касоне ҳастанд ки аз таълимоти саҳеҳи динӣ пешгирӣ мекунанд.
агар мардум озод бошанд, ки муасисаҳои дини ва донишгоҳҳои исломӣ ташкил кунанд, дигар ҳеч кас пинҳонӣ ҳар тълимоти ифротгароиро ба ҷавонони тоҷик намедиҳад, ва ин ҳам барои ҳукумат хуб аст ва ҳам барои мардум мусулмони тоҷик.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)