Бахшҳо

Боздошти бародарзодаи Зайд Саидов ҳангоми бозгашт аэ Эрон

Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидов -- соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” рӯзи 18 ноябр, ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст.

Фахридин Зокиров, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло онҳо дар фурудгоҳанд ва Дилшод Раҳимов дар боздошт қарор дорад. Ба қавли ӯ, мақомот дар шарҳи боздошти Раҳимов гуфтаанд, гӯиё бародарзодаи Зайд Саидов бо маълумоти пешниҳодкардаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ таҳти пайгард қарор дошт.

Дилшод Раҳимов қаблан иттиҳомоти Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов дар мавриди аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтани "Тоҷикатлас"-ро буҳтон номида буд. Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро дар он муттаҳам мекард, ки ҳангоми вазирияш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро бо сӯиистифода аз мавқеяш аз Низомхон Ҷӯраев кашида гирифтааст.

Аммо Дилшод Раҳимов мегӯяд, “Тоҷикатлас”-ро ӯ харидааст, на Зайд Саидов. Ӯ таъкид намуда буд, агар амнияту дахлнопазирияш дар Тоҷикистон кафолат дода шавад, омодааст, ба Ватан баргардад ва ба қазияи “Тоҷикатлас”-у Зайд Саидов рӯшанӣ андозад.

Аммо зимни бозгашт дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд. Фахриддин Зокиров мегӯяд, мақомоти тоҷик ҳақ надоштанд, Дилшод Раҳимовро боздошт кунанд, чун алайҳи ӯ парвандае боз нашудааст ва ӯ танҳо ба сифати шоҳид ба Тоҷикистон даъват шуда буд ва имкон дошт, ба парвандаи Зайд Саидов дар мавриди Тоҷикатлас рӯшанӣ андозад.

Гузашта аз ин, Дилшод Раҳимов мехостааст, дар маросими дафни модараш, ки рӯзи 17 ноябр даргузаштааст, иштирок намояд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ин чи бе адолатист ки дар ватани худат яагончиз хари Чинояаткорат мехисобонд бад харчики мехоханд хавая нисбати ту мекунанд АЗ ХАМА АЛАМ ОВАРАШ ИНАСТ КИ ХАМАИ МАРдуми ТОЧИК ДАР ГАРИБИАСТ БАСАРИ ХАРЯАКТАИ МО МУСИБАТ МИЕОЯ МО ДАР МАРОСИМИ ЧАНОЗАИ ЧИ МОДАРМОН чи ДАР НАЗДИКОНАМОН БОШАД ИШТТРОК КУНИМОН НАМЕМОНАНД ХАМИ ХЕЛ НИСБАТИ РАХИМОВ ДИЛШОД КАРДАНД КИ ЧАНОЗАИ МОДАРАШ ДА ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)