Бахшҳо
18 ноя 2013 17:08Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

ВКД муваззаф шуд, ба модари Баҳромиддин 14 000 сомонӣ диҳад (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Вазорати умури дохилиро ба пардохти 14 000 сомонӣ ҷуброн ба хонаводаи Баҳромиддин Шодиев, як сокини Душанбе, ки соли 2011 баъд аз боздошти маъмурони пулис сахт маҷруҳ ва дар Қарияи Боло ҷон бохта буд, муваззаф кард. Дар ҳоле ки наздикони ӯ аз ВКД барои марги Баҳромиддин 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн талаб карда буданд.

Ҳотамҷон Раҷабов, раисикунандаи мурофиа, гуфт, “даъвои Ниёзбибӣ Бӯриева нисбат ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо ҳамҷавогарии Раёсати умури дохилии Душанбе қисман қонеъ карда шавад. Аз ҳисоби ВКД ба фоидаи Бӯриева 8 ҳазору 579 сомонӣ зарари моддӣ ва 6 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ рӯёнда шавад.” Оқои Ҳотамов афзуд, ҷонибҳо метавонанд, то панҷ рӯз ҳамагуна эътирози худро ба онҳо бирасонанд. Дар лаҳзаҳои аввали эълони ин қарор Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев, гуфт, аз ин қарори додгоҳ розӣ нест ва барои 14 ҳазор сомонӣ ин қадар худро паст ҳам намекунад.

ЭЪЛОНИ ҚАРОРИ ДОДГОҲ:



Ҳамагӣ чанд соат пештар аз қироати ин қарор Азизахон Мирзоева, намояндаи додситонӣ дар баҳси миёни хонаводаи Баҳромиддин Шодиев ва маъмурони пулис, аз дувумӣ ҳимоят карда буд. Вай аз раисикунандаи мурофиа хост, то даъвои хонаводаи Баҳромиддин Шодиевро дар бораи ин ки гӯиё маъмурони пулис дар марги писараш даст доранду бояд 180 ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт намоянд, рад кунад.



Хонум Мирзоева афзуд, мурофиаҳои пешин нишон дод, ки Баҳромиддин Шодиев худро аз ошёнаи дувуми бинои пулиси Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба зер андохта, сахт зарб хӯрдаву дар бемористон ҷон додааст. Аммо Ниёзбибӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев, чунин мавқеъгирии намояндаи додситониро дар баҳсашон бо маъмурони пулис “ноадолатӣ” хонд. Ӯ гуфт, “мо мушоҳида мекунем, маъмурони пулис намояндаи додситониро бо мошин ба хонааш мебаранд. Агар дар ҷои ӯ ман ҳам мебудам, шояд тарафи ҳамонҳо мешудам. Ман як одами одиям ва агар одами одӣ намешудам, фарзанди маро намекуштанд. Албатта, барои намояндаи доситонӣ ҳам маъмурони пулис даркоранд, на мо.”

Бӯриева аз он изҳори таассуф кард, ки дар вақташ натавонистааст ҳарфҳои охирини писарашро дар бораи чӣ гуна латту кӯб шуданаш сабт намояд. Вай афзуд, дар он сурат шояд мақомот ба ҳарфҳои ӯ ҳам гӯш медоданд: “Бачам гуфта буд, маро азият карданд. Наход аз ошёнаи дувум худро партоям? Вай гуфт, ба баданаш барқ гузошта, даҳонашро скочпеч кардаанд.”



Баҳромиддин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи Боло ҷон дод. Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ дар пайи зарбу латти маъмурони пулис сахт маҷруҳ шуда, баъдан аз дунё даргузашт. Вале мақомот ин иддаоро рад карда мегӯянд, оқои Шодиев талош карда буд, худро аз ошёнаи дувум ба зер андохта, ҳамин тавр, аз боздошт ва ҷавобгарӣ озод шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ҳаёти як одам 14 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст? Оё метавон ҳаёти инсонро бо сомонӣ ҳисоб кард?

Сарфароз
Яъне ин маънои онро дорад ки нархи инсон дар Точикистон 14 000 сомони аст. Ба даврони чохилияти араб хам нарасидаед ку хукуматдорхо! дар замони чохилияти араб хунбахои як инсон баробар бо сад уштур буд. Имруз дар асри 21 дар кишвари хукукбунёд, демократи, дуняви ва сиёсати хирадмандона дошта -и Точикистон нархи инсон ба нархи як уштур хам баробар нест. Панох бар Худо! Боз хамеша газетаи чумхурияти хукумат аз арабхои мусалмон менолад. Шумо то хол бо араби даврони чохилият баробар нестед, чи расад ба як мусалмони араб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)