Фавти сокини 80-солаи Кӯлоб дар сӯхтори ҷангали Шӯрообод
Аҳмад Фахриев, сокини 80-солаи Кӯлоб, зимни ҳезумҷамъкунӣ дар ҷангали мавзеи Шуркӯли ноҳияи Шӯрообод сӯхта, ба ҳалокат расидааст.
Як манбаъ аз Шӯъбаи умури дохилии Шӯрообод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шоми 18 ноябр рух дода, Аҳмад Фахриев бо хараш дар ҳалқаи оташ мондааст ва натавонистааст, худро аз миёни оташ берун орад. Ба қавли манбаъ, “ин пирамард худаш танҳо будааст. Вақте масъулин ба ҷои ҳодиса расиданд, алакай 100 дарсад сӯхта буд."
Манбаъ илова намуд, сӯхтори ҷангал табиӣ набуда, маълум аст, ки ҷангалро касе оташ задааст, аммо омилони сӯхтор ҳанӯз маълум нест: "Барои дақиқ кардани ҷузъиёти ин ҳодиса тафтишот аллакай шурӯъ шудааст." Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |