Бахшҳо

Дар ҳошияи ҷойивазкуниҳо. Суруди Паваротти дар иҷрои Абрам

Марат МАМАДШОЕВ

Ҳоло бисёриҳо дар бораи ивазшавии тими ҳукумати Тоҷикистон ҳарф мезананд. Аммо, ба фикри ман, ин баҳсҳо ҳеч суде надоранд. Муҳим нест, кӣ дар курсии вазирӣ хоҳад нишаст. Муҳим он аст, ки аз ӯ чӣ талаб мекунанд ва чӣ гуна ҳосили кори ӯро бар мекашанд. Барои ин кор як нақшаи дақиқ зарур аст, ки мо куҷо равонаем.

Куҷо рафтани мо ҳанӯз аз ҳама пӯшида аст. Барои мисол, бахши иқтисодро бигирем. Зоҳиран мо ба сӯи иқтисоди бозаргонӣ равонаем. Аммо дар асл ин самте, ки мо пеш гирифтаем метавон онро ҳар гуна номгузорӣ кард. Феодализм бо нишонаҳои ғуломдорӣ ва ё ғуломдорӣ бо нишонаҳои феодализм. Ба ёд оред ба ҳайрат афтодани як яҳудиро, ки гуфта буд: “Немафаҳмам, чаро ҳама Павароттиро меписанданд. Абрам сурудҳои ӯро ҳамин ҳоло барои ман хонд. Ҳеч арзише надоранд.”

Бозори сохтаи мо ҳам мисли ҳамин ҳодиса аст. Дар мо замин моликияти шахсӣ нест. Азизон, метавонед, чӣ қадаре, ки хоҳед баҳс кунед. Аммо бидуни моликияти шахсӣ будани лавозимоти асосӣ истеҳсоли бозор намешавад! Дар мо бозори коғазҳои гаронбаҳо мавҷуд нест. Ин ҳам бошад яке аз омилҳои асосии иқтисоди бозаргонӣ маҳсуб мешавад. Бозори коғазҳои қимматнок то ба андозае метавонад ба ҳукуматдорон маҳдудиятҳо биоварад. Масалан, Путин як чизи номаъқуле гуфт ва ҳамин тавр дар бозор фурӯравӣ муҳайё мешавад. Дар мо қоидаҳои фаҳмо ва барои ҳамаи бозигарон яксонро дӯст намедоранд. Дар мо як нафар аз “бачаҳои боло” метавонад аз ҳама қонунҳои будаву набуда болотар бошад. Шумо метавонед ба ман фикр накарда номи як нафар аз роҳбаронро ба ёд оваред, ки барои ноӯҳдабароиаш аз вазифа сабукдӯш шуда бошад?

Аз рӯи омор ҳама “сад дар сад” олӣ аст. Аммо, бадбахтона, оморро агар ба пиёлаи чой бирезӣ, ширин нахоҳад шуд. Дар мо иқтисод ба маънои аслаш вуҷуд надорад. Гурӯҳи калони аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагӣ доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин чиз одат кардааст ва дигар дар ҳайрат ҳам намеуфтад. Ҷойҳои корӣ ҳам агар муҳайё карда шаванд, он ҷойҳо насиби чиниҳо хоҳанд шуд. Шояд дар оянда барои инҳо ҳуқуқи раъй доданро низ бидиҳанд.

Одитарин масъалаи мантиқӣ, ки ҳатто дар ҳукумати мо ҳам мефаҳманд ин ҳам бошад пахта аст. Дар шароити бозор, вақте чизеро кишт мекунанд, аз он чиз ҳосил интизор мешаванд. Ва ин ҳосил бояд фоидаовар бошад. Инак, ҳосил шуд, онро танҳо ҷамъ овардан лозим. Ин корро метавон пардохти ҳаққи заҳмат, на иҷбориву бепул иҷро кард. Ҳеч кори мушкиле нест.

Аммо мо чиро мебинем? Пахтаро соҳибкорону созмонҳо ҷамъ меоваранд. Кормандони давлатӣ ва савдогарон. Оё ин бозор аст? Роҳбари вилоят ба пахтачинӣ меравад, магар ин аст рисолати ӯ? Оё ин кори роҳбар аст? Дар мо магар ҷанг аст? Немисҳо ба шаҳри Чкаловск магар ҳуҷум кардаанд ва барои рӯҳафтода нашудани аскарон ин намуд корҳоро мекунем? Аммо ҳатто дар давраи ҷанг ҳам рафиқ Сталин мебуду Жуков агар ба ҷои он ки қувваҳои ҷангиро идора кунад, бираваду хандақ меканд, мегуфт, аблаҳ, ин корро ҳар нафари кӯчагӣ метавонад анҷом диҳад бидуни доштани маълумот ва истеъдод. Вазифаи роҳбар ҳам ҳамин аст, ки чунин корҳои аблаҳона анҷом наёбанд.

Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои он ки қаттолонеро, ки оилаҳоро мекушанд ҷустуҷӯ намоянд, аз паи хабарнигору мошини донишҷӯён медаванд. Чаро мо дар роҳҳо дурбинҳо насб мекунем, вақте аз оддитарин садама бо иштироки писари нафари калон чашм мепӯшем? Оре, ҳама дурбинҳои оламро ҷамъ кунед, тафтиш кунед, аммо дар охир маълум хоҳад шуд, ки дар ҷои садама як нафари нимодаму ноаён бо фамилияи Шарифов гунаҳкор асту ҳоло ғайб задааст. Чӣ гуна дурбинҳо лозиманд барои он ки бибунем чӣ тавр дар даруни милисахона як нафар метавонад сарашро бикафонаду аз тиреза худро берун партояд! Дар ВКД мегӯянд, ки гӯиё он нафарон мехостанд аз ҷазо гурезанд ва додситонӣ ҳам бо ин розӣ мешавад. Аҷаб нест!? Хадамоти алоқа ба ҷои он ки барои мисол дар бораи фатҳ кардани бозори телекоммуникастионии афғонҳо андешад, машғули тафтиши сензура дар интернет аст. Вазорати тандурустиро донистани суруди миллӣ ба ташвиш овардааст, Вазорати маорифаро каблуку галстуки донишҷӯён. Донишҷӯён ба ҷои он ки ба дарс бираванд ба ҳар гуна маршировкаҳои ба ҳеч касе нолозим мераванд.

“Зиёиён” бошанд бо ҷои он ки моро бо ихтироъҳояшону эҷодҳояшон ба ҳайрат биоранд, аз паи додгоҳу додрасҳо медаванд. Ин, албатта, нигаронкунанда аст. Тақлид ҷои корро гирифтааст. Муҳим воқеият нест, муҳим ҳисобот ва экрани телевизион аст. Як ҳодисаи аҷибе рух дода истодааст. Базми бошукӯҳи як нафар, ки гӯиё ҳамаи мо дар он бегонаем.
Мӯҳр
Хами хдт барои мардум чи кор кадаи?

Хусниддин
Марат, мегуед, ки" "Чӣ гуна дурбинҳо лозиманд барои он ки бибунем чӣ тавр дар даруни милисахона як нафар метавонад сарашро бикафонаду аз тиреза худро берун партояд"
аммо гам нахуред, он дурбину камераее, ки он хама кору кирдори паси пардаро мебинанду сабт доранд, аст. Камерахои Худо хаст, ки дар рузи хисоб хакро ба хакдор мерасонанд

тоҷик
Беҳтарин, дарди миллатро гуфтед. дирӯз барои он ки дар майдони футболро пур кунанд, мактаббачогонро барои тамошо сафарбар кардаанд, зеро дар он бозии командае бо номи имстқлол бози мекунад. барои шуда дарсҳои мактабро *(ё якчанд дарсро) хобониданд. вақто ки бачаҳо барои рафтан ба роҳ баромаданд, боз онҳоро баргардониданд. на ба хотири он ки баъзеҳо ба худ омаданд, ва ё ҳаво хеле хунук асту мактаббачагон хунук мехуранд, балки ба хотири он ки футбол бозон ва ё "як нафар олизода" хунук мехурад..........

DZS
Офарин сад офарин дарди милат ва хакикатро мегуед.
Аммо афсус сад афсус, ки ин милат дигар на чашми бино, дораду на гуши шунаво, мисоли (Дилсуз).

Akai Marat, hami gapi xudat rost, lekin in hukumatdoron parvoi yagon gapa nadorand.

касе дарди милатро мегуяд дусти милату давлату ватан аст бояд ислох щаванд вокеият мо бояд душман начуем аз камбуди Худованд нигахбони давлату милату сарварони мо

xxx
ofarin Marat polnostyu podderzhivayu

Tojik
Olii. Suchani behtarini hafta.

Абдулло
суханхояд хамаш хакикат аст бародар.рахмат

Фикрхои хуб, аммо хангоми хондан гумон мекуни, ки точики нестанд. Фикррони гайриточики, услуби гайриточики... Гуё тарчумашуда аз руси бошад

сардор
Дурбинхо хаст Марат парво накун. Он дурбинхое, ки Коруну Фиръавнхоро сабт карданд, дурбинхое, ки Казофи, Хусни Муборак, Садом Хусейн ва дигаронро сабт карданд хастанд, ки окибати кор подоши хамаро бар киёси амолашон медиханд. Иншаоллохи Таъоло. Ин дунё хар киро дар курси нишонд окибат бар замин зад ва харкиро чома пушонд окибат урёнаш кард. Ту факат бишину тамошо кун!!!

Abdurahmon
Ин тахлили Шумо хакикати талх ва вокеияти хаёти имрузаи моро бори дигар ба худи мо шинос мекунад. Аммо чи гуна вазъиятро дигар кунем ва барои ислохи чомеъа чи гуна хурдтарин кадами нахустинро хар яки мо гузорем, аз чи сар кунем ва дар натича ба кучо хохем расид. Ман фикр мекунам ин навиштаи шумо бояд кисми дуюм хам дошта бошад.
PS.Бале "базми бошукухи як нафар". ки мо дар он иштирокчием, вале маълум нест ба сифати ки?

Халк
Марат Мамадшоев! интихоботи раисчумхури исбот намуд, ки ... ИН ГУЛОМ ИБНИ ГУЛОМ ИБНИ ГУЛОМ, ХУРРИЯТ АНДЕШАИ УРО ХАРОМ. Чи бояд кард?

OFARIN AKOI MARAT.... ANA IN TAHLILI WOKEEBINONA AST... KANI KHONED KALONOWU FAHMED AGAR AKL DOSHTA BOSHED...

Одил
Агар дар чомеъаи точикон ва точикистониён ба монанди Марат Мамадшоев
нафарони зиёд мебуданд, Точикисон гул-гулшукуфон мешуд.
Офарин Марат Мамадшоев хулосахои бехтаринро дарч кардаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)