Мардуми Тоҷикистон дар бонкҳо 3,5 миллиард пасандоз доранд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, пасандозҳои мардум дар бонкҳои кишвар майли афзоиш доранд.
Ба иттилои ин ниҳоди молиявӣ дар интиҳои моҳи октябр ҳаҷми пасандозҳои шахсони инфиродӣ дар бонкҳо 3 миллиарду 475,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,3 фоиз бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол пасандозҳои корхонаю ташкилотҳо дар бонкҳо коҳиш ёфтаанд. Бонки миллӣ ҳаҷми пасандозҳои шахсони ҳуқуқиро 1 миллиарду 874,2 миллион сомонӣ арзёбӣ намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ фоизҳои миёнаи пасандозҳо бо пули миллӣ 15,74 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,44 фоизи солонаро ташкил намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,05 фоиз ва 1,6 фоиз паст мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |