Бахшҳо

Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо хостори бозгашти ӯ шуданд

Тарафдорони Ҳоҷӣ Мирзо (Ибронов), яке аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ки қаблан имом-хатибии масҷиди "Ҳилоли Аҳмар"-и шаҳри Кӯлобро ба зимма дошт, хостори бозгашти ӯ ба минбар шудаанд.

Ин рӯҳонии тоҷик дар пайи як “маърака”-и ивазкунии имомхатибони масоҷиди ҷомеи кишвар бо сабабҳои “номаълум” ду соли пеш аз имом-хатибӣ ба истеъфо рафта буд. Ҷонибдорони Ҳоҷӣ Мирзо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, бо ташкили як гурӯҳи махсус гирди ҳам омада, мехоҳанд ин руҳонии саршиноси тоҷик дубора ба минбар баргардад.

Ин гуруҳ дар Фейсбук зери унвони “Мо мехоҳем, Ҳоҷӣ Мирзо болои минбар бошад!” ташкил шуда, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 160 нафар ба ҳайати он шомил шудаанд. Бояд гуфт, ташкили гуруҳи вижа аз сӯи ҷонибдории Ҳоҷӣ Мирзо таҷрибаи нав нест. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет низ торнамо ё блогҳои зиёде бо номи ӯ таъсис ёфта, фаъолият дорад.

Ин рӯҳонии тоҷик баъд аз барканории аз симати имом-хатибӣ ба Душанбе омада, ҳоло дар пойтахт ба сар мебарад. Ҳоҷӣ Мирзо нахустин рӯҳонии варзида ва шинохтаи исломии тоҷик нест, ки аз минбари масоҷиди ҷомеи кишвар дур андохта шудааст. Дар баробари ӯ як қатор ходимони маъруф, аз ҷумла Мулло Абдураҳим (Раҳим Назаров), имом-хатиби масҷиди "Қазоқон"-и шаҳри Душанбе, Эшони Нуриддинҷон, имом-хатиби масҷиди "Муҳаммадия", домулло Абдумалик, имом-хатиби масҷиди "Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд"-и шаҳри Душанбе низ аз симатҳои худ барканор шуда буданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Тарафдор
Мо ҷонибдори мекунем ва на ин, ки ҳамчун мулло балки ҳамчун як шаҳрванди оддӣ мегуям, ки мо Ҳоҷи Мирзоро бе ниҳоят ҳурмат мекунем ва овози Худододи ӯро дуст медорем, зеро ба гуфтаҳои у чандин оилаҳо аз парокандашави эмин нигоҳ дошад шуда, садҳо мардуми бехабар аз шариати ислом роҳи худро дарёфтанд. Мо тарафдорем, ки боз гуфтаҳои уро шунавем. Худо ҳофиз, Худо ёратон бошад.

Кулоби аз чгп
Аз сабаби он,ки Хочи Мирзо тарсруй буд ва молу мулкашро нахост аз даст дихад ,барои хамин барканор шуд. Мардуми Кулоб ба У бовар карданд ва
мехостанд дар шахсияти Хочи Мирзо ,пешвоеро бубинанд,ки часорату далер бошад ва хакикатро бигуяд,лекин мардум хато карданд.
Хочи Мирзоро гуфтахош ба рафтораш мувофикат намекунад ва аз паи молу
мулки ин дунёст.

Банда
Афсус мехурам,ки на хама ба кадри хочи мирзо мерасад!

Барзу
Илтимос дигар кор надоред шумо Озодагон. оиди ягон олим якон касб ва навовари гап занед. чи ин муллохоро реклама мекунед? беш аз 1000 соласт ки онхо факат чангдози мекунанд. монед мо халки кулоб осоишта зиндаги кунем. ин 160 ё 1600 пурра аз номи Кулоб шуда наметавонанд.
Дар фейсбуку однокласники хар чизи фачро менависанд ва наход шумо мутахасасисони ботачриба ин гапхоро гирифта чоп кунед!?

9 Микрараёни кулоб
Бародари "Кулоби аз чгп" якумаш, ки т ай кулоб нести, дар ҳақи як марди воқеъан ҳам Худотарс ту чи ҳақ дорӣ ҳар хел суханҳои ноҷо мегуи. Шояд ту дар умрат ба касе неки накардаи. Неки, ки накарда бошӣ пас чаро ба касе сузан мезани. Пеш аз оне, сузанро ба бадани як шахс мехалонӣ аввал онро ба бадани худат халон агар дард наёфти баъд фикри дигаронро кун. Аз суханҳоят маълум, ки ту инсони хуб нести. Як бор бшин фикр кун баъд посух навис ман интизори посухи ту агар хоҳи рақами телефонма менависм биё гап мезанем. Неки бо мегум, ки т инсони асил нестӣ!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Бисёр хато мекни!!! "Кулоби аз чгп" Т дар умрат як яксомано Ҳоҷимирзораи додай. Ай куҷо фаҳмидӣ, ки у ай паи ҷамъ намудани моли дунё бдаст. Якбор дар сӯҳбатш бшин баъд мефаҳми, ки ӯ ки бдаст. Як хели навиштай, ки мегуй, ки Ҳоҷи Мирзо хонаи тра гирифта боша ва кудакот дар майдон монда бошанд. Т бе ҳад марди мумсик бдай.

Ку Озодагон навиштаҳои фанати Ҳоҷи Мирзора чоп кун кайф кнем!

Ба қадри ин шахси воқеъан ҳам бузург расидан лозим. Дар ин ҷо фикри (Кулоби аз ЧМ)-ро хондаи ба ҷои ӯ ман шарм доштам. Наход, ки дар ҳақи чунин марҳои воқеъан ҳам ангуштшумур чунин суханҳо гуӣ. Ту шарм надоштӣ, ки ин суханҳоро навиштӣ. Шахсан банда як бор дар сӯҳбати ин мард шиштам ва баъди хестан ба ӯ пул доданд ва маҷбур ҳам карданд нагирифт ва гуфт, ки ба ягон камбағале, ки худат медонӣ ки ӯ камбизоат аст бурдаи ин маблағатро бидеҳ. Бе ин ҳам ман ин шахсро ҳамчун як марди Асил ҳурмат мекунам. Барои ҳамин агар аз даҳонатон сухани хуб набароя хубаш хомуш истед, ки у дар ҳақиқат худодод аст ва ризқи ӯро Худо медиҳад. Ягом бор фаҳмидӣ, ки Хоҷи Мирзо аз касе чизе тамаъ карда бошад. Пас хомушӣ беҳтар аз он, ки як каси бе айбро айбдор кунӣ. Озодагон чоп кун, ки баъзеҳо бекор монданд.

Озодагон а бача чо кадӣ назарҳои навишаи мора чоп намекнӣ шартай парон парон шава, ку хдта бҷмбон.

Кулоби
Кулоби аз чгп, сафсата мегуи. Хочи Мирзо нахост байни чомеа ихтилоф зиёд шавад, ба ин хотир аз макомаш рафт. Агар меистоду макомот фишораш меоварданд, шояд аз суи тарафдоронаш кадом номахкулие рух медод, чунки кисми аглаби тарафдорони ин марди начиб кишри чавони шахрвандони Кулоб хастанд ва шояд хуб бидони, ки чавонони кулоби чи кадар фидои ва нотарс хастанд, чун худат хам аз хамон тарафхо хасти. Ин боис шуд, ки Хочи Мирзо рафт вагарна хеч як макомоти кудрати уро аз назди хаводоронаш дур карда наметавонист.

Аз Восеъ
Бачаи ,,,,,,Кулоби аз чгп,,,,,, Ризқи тра Худованд кам дода боша қасдита ай Ҳоҷи Мирзо мегирӣ. ба фикрм т бо сояи хдт ҳам рст намегири ва аз дастаи тра ягом ҳамсоят хонаи ҳалол ҳам карда наметона ва мошини қимат ҳам харида наметона чун ки тубаринҳо одамони хатарнокедха, ха, ха, ха, ха, ха, ха, хааааааааааааааааааааааа Эй тоба айби Ҳоҷи Мирзора ҳам ёфтанде.

Сино аз Восеъ
Кулоби аз чгп,
еее рута лахча кнм ту вори Кулобира кадом бангии ё кадом герчики ки ика Бобои Хочира бад мебини. Ба хотири он бад мебини ки сухани хака мега. Худо хидоятат кунад.

Худуш ждат дора
Диққат, Диққат, Диққат!!! Озодагон хоб бурдай. назарҳора чопкниша аз ёд бровардайи АААААААААААААААха, ха, ха, хааааааааааааааааааааааааааааааааааааааа
ауфе хела вақт бд ихели нахандидабдм.

АХМАДЧОН
МО ЧОНИБДОРИ БОЗГАШТАНИ ҲОЧИ МИРЗО МЕБОШЕМ БОЗЕАШТАН ВАЙ ПЕШРАФТИАХЛОКИ ЧОМЪА ВАДАВЛАТ МЕБОШАД

ВАЙХОРО БАРОИ ОН АЗ ИМОМ ХАТИБИ БАР КАНОР КАРДАНД, КИ ОН НАВИШТАЧОТХОЕ КИ БАР ЗИДДИ ИСЛОМ ТАХИЯ ШУДА БУДАНД ДАР КУМИТАИ АМНИЯТИ МИЛЛИ БА ОНХО МЕДОД, КИ ДАР БАРОМАДАШОН ДАР НАМОЗХОИ ЧУМЪА ХОНАНД ВАЙХО НАМЕХОНДАН
АГАР ХУКУМАТДОР КУРСАВОД БОШАД ХЕЧ ГОХ АЗ КАФОИ ИЛМУ ТАРАКИЁТ НАМЕГАВАД ВА ХАР ЯК НАФАС КИ МЕКАШАД ДАР ФИКРИ ХАРОБКУНИИ ХАЛКУ ДАВЛАТИ ХУД АСТ

Аз Ғарм
И Мардуми Кулоб айби ҳами одама ҳам, ки ёфта бошанд дигар мн гап надорм. Бай ами ғарма умада буд Бобои Ҳоҷи қади мағзи нон ура ҳурмат карданд. Неки аз ягон кас нафаҳмидм, ки бга ки Ҳоҷи Мирзо ай мо пул талаб кард. Бай чира итарш менен. Дар Кулоб мардуми Худотарс бисёрай. Бобиҳои мо ҳам ай ҳамуҷа моҷр шидагианд. Инсони хубай итарш наген. Ӯ марди Худододай. Бо Худодагон ситеза манкун Чунки онҳо Худо додай.

айб
Аму одаме, ки нисбати ҳами шахс суханҳои ганда мегша яг бор ба ҳаму назар накарди. Агар дуруст аҳамият медодӣ и суханҳота наменавиштӣ. """""""""""""&q

uot;"Кулоби аз чгп""""""""""""&q
uot;
;"" Т бояд Расман Ӯзр пурсӣ.

Вокеан хам дуруст гуфтед бародарони кулоби ман аз н.Ашт мебошам ва домуллои азиз чан бор ба ашти мо омада буданд мардуми мо низ уро сахт эхтиром мекунанд хохиш мекунам якчоя дар хаккаш дуо кунем ки боз минбарро ба у Аллох насиб кунаду мардуми точик озод даъват кунад.аз фурсат истифода карда мардумм Кулобро барои гирифтани чои аввал дар футбол табрик мекунам дар амони Худо бошед!

бандаи Худо
Мо х,ама мардуми мусалмони точ,ик хох,они онем, ки ин пешвоёни исломро ба мисли ХОЧ,И МИРЗО, ЭШОНИ НУРИДДИНЧ,ОН, ДОМУЛЛО АБДУМАЛИК -ду бора сари минбари ислом биёянд!
Зеро баъди дур шудани инх,о мардум ба фасоду гумрох,и даст заданд, ки ояндаи хуб надорад!
Ин олимони ислом х,амааш барои мо ва ватанамон мех,рубонанд бояд ба к,адрашон расид!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)