Бахшҳо

ШБКСВ ХНДБКССК ҲҶТ. Нафаҳмидед? Видеоро бубинед!

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ёд кардани савганди садоқат, чорумин даври раёсаташро ба ҳайси президент аз такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон шурӯъ кард. Дар пайи ин такмилҳо номи чанд вазорату идораҳо тағйир хӯрд, ваколати баъзе ба баъзеи дигар гузашт ва чанде ҳам барҳам дода шуд. Мо ҳам аз ҳамин мавзӯъ мегӯем.

ВАЗОРАТҲО

1.Ба Вазорати маориф калимаи “илм” часпонда шуд. Маорифчиён то ин вақт илм намеомӯхтаанд-чӣ? Шояд акнун ба андӯхтани илм шурӯъ мекунанд? Воқеан, вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳо бароварда ва ба Вазорати мазкур вогузор мешавад. Аҷиб аст, ки аз ин баъд Академияи илмҳо чӣ кор мекунад?



2. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистонро барҳам доданд. Шояд билохира дарк шуд, ки ин ниҳод фаъолияти муассире надошту миссияи онро ҳамеша президент иҷро мекард. Масалан, соли оби тоза эълон шудани соли 2003, амалиёти об барои ҳаёт дар солҳои 2005-2015, конфронси байналмилалии об дар соли 2013 пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ва ҳам чанд соли ахир олимону донишмандон аз гармшавии босуръати ҳаво, обшавии пиряхҳо ва коҳиши оби рудхонаҳо бонги изтироб мезананд. Шояд тасмим ин шуд, ки дар чунин шароит ниёзе ба чунин ниҳод набошад. Кӣ медонад, баъди 7 сол шояд ин вазорат баргардад, аммо бо номи тамоман дигар. Ба гунаи мисол, Вазорати ҳифз ва нигаҳдории сангу куҳҳо ё Вазорати хок ва захоири қумреза...

3. Вазорати энергетика ва саноат Вазорати энергетика ва захираҳои об шуд. Акнун ки об пеши энергетика омад, умед мебандем, ки солҳои наздик мушкили бебарқӣ ҳал шуда, “Барқи тоҷик” никоҳаш бо лимит бекор ва онро “талоқ” медиҳад.

4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мантиқи тақдими планшетҳои зиёд ба ҷавононро нав дарк кардам. Он як давраи омодагӣ ба рушди технологияҳои нав будааст. Шояд акнун арзиши “айфон”-у “айпад” ҳам дар бозорҳо ба як тини пучак баробар мешавад.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ номашро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иваз кард. Акнун муҳоҷират худӣ шуд. Мардум ҳақ надоранд гӯянд, ки барояшон дар ватан ҷои кор пайдо кунанд. Вазорат дорем дигар. Шояд ҳам ин ниҳод дурнамои муҳоҷирати корӣ барои солҳои 2014-3899-ро таҳия мекунад, ки муҳоҷирати тоҷикон ба Сомалӣ, Кения ва Зимбабверо дар назар дорад.

КУМИТАҲО

1.Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон. Тоҷикистон “Таёта”-ву “БМВ”-ю “Мерседес” намесозад, хатто дучарха ҳам. Аммо замин месозад. Узр, месохт. То вақте ки президенти тозаинтихоб дар мавриди тағири номи ин ниҳод фармон набаровард. Дар амри раиси ҷумҳур калимаи заминсозӣ ба ибораи идораи замин иваз шуд, ки мантиқан дуруст ҳам ҳаст. Ҳинду Покистон, Арманистону Озарбойҷон барои замин дар ҷанг, аммо дар мо замин месохтаанд. Агар ин ниҳод чунин ҳунар дошт, пас чаро замин сохта ба кишварҳои ба он ниёзманд, назири Хитой нафурӯхт ё ҳади аққал бар ивази қарзҳоямон туҳфа накард? Шояд барои ҳамин ноуҳдабароӣ статуси заминсозиро аз он гирифтаву танҳо мақоми идораи заминаш додаанд.

Вақти номи баъзе ниҳодҳоро ба забон овардан, ба таври автоматӣ 366 паҳлуи он пеши назар чарх мезанад.

2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шояд аз як тараф ин ном барои сохтори мазкур мантиқӣ ҳам бошад – андоз, яъне пулро андоз. Ба киса ё ба хазина инаш мавзӯи дигар аст.

4. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. Суди олӣ. Дар забони тоҷикӣ суд ба маънии фоида истифода мешавад. Бо такя ба ин мантиқ мо Фоидаи олӣ дар рӯ ба рӯи Сирк, шаҳрӣ ва иқтисодӣ дорем...

Ва як каме дар бораи биноҳо. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ҳалқаи шоирону нависандаҳост. Вазорати фарҳанг бошад, ба қавле “худашу сари қоқаш”.

Номи мубораки баъзе мақомоти давлатиро намешавад бидуни шикаст гирифт, зеро дамат ба дарун меафтад, он қадар дуру дарозанд, ки...

1. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ниҳод қаблан Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт.

Дар тоҷикӣ мисли русӣ дар радио ва телевизион кӯтоҳ кардани номи вазорату идораҳо ҷоиз нест. Махсусан дар шабакаҳои давлатӣ наттоқ маҷбур аст номи расмии ниҳодро пурра ба забон биёрад. Масалан аз эфири радио ва телевизион ба ҷои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ККДТАҶММ ҲҶТ намегӯянд.

Ё ХНДБКССК ҲҶТ. Нафаҳмидед? Агар шумо ҳам мехондед, ман намефаҳмидам чӣ мехоҳед. Аммо ин номи кӯтоҳшудаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тасаввур кунед, агар номи раёсат ё шӯъбаи ин ниҳодҳоро, ки ҳамчунон дуру дарозанд ба забон биёред. Тақрибан чунин мешавад, шӯъбаи бехатарии корҳо дар саноати миёна ва вазнини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шояд чунин шӯъба дар хадамоти мазкур вуҷуд надорад. Он барои мисол оварда шудааст) ё ШБКСМВ ХНДБКССК ҲҶТ

Гап зиёд аст, аммо вақт кам, аз суи дигар мегӯянд, кам бошаду хуб бошад. Шояд ин ками мо хуб ҳам набуд, қазоват аз шумост ва агар бо он розӣ нестед зери навор бинависед. Ҳоло то фурсати дигар Хайр!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
az kadom vazorat ba kadom vazorat az kadom kumita ba kadom kumita guzawtanawon mani nadora vazmini boz basari sohibkor ivazwavi hujatho va digaru dogar...

Банда
Кулли омин бадтар гуфтаанд бузургон.21-сол шуд боз мебинед!

Як пешниходе дорам дар масъалаи тагироти ном барои баъзе кумитахо ва вазоратхо:
Масалан 1. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1а. Кумитаи дин ва ҷашну маросимҳои милли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. хонда ва навишта шавад: 2.Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2а. Хадамоти назорати корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд хонда ва навишта шавад. Дар Точикистон дигар олими забондон намондааст, ки ин калимахои дуруштро ислох намояд. Мутаасифона ман як одами бесавод мачбурам ин калимахоро ислох намоям. Калимаи кухкори, ё заминсози ачаб забондони! Магар кухро мекоранд ва ё заминро месозанд?

chi darkor amuka daroz kadani nomho kutoh mewud bo nagz hech kas vai nomhoro azod karda nametona,baroi u nohoro az xud kadan 1,2 sol megzara odamo to omxta mewanki der mewa

vkxwtmlkfdhfg
Tojik
Khudovand tojikamro nigah dor
ba somalivu digar davlatho naravand onjoho az russia badtar ast
korgaronro hej hurmat namekunand hatto mekushand

vkxwtmlkfdhfg,
gap nestak, и кадом забонай брат? ё точики гап зан ё ба лахчаи худат.

in nomhoro prezident namemonad-olimonu deputatonu mushoviron memonand.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)