Эътироз барои иҷозаи 49 соли иҷораи замин ба хориҷиҳо
Дар назди бино Ассосиатсияи иттифоқҳои касабаи шаҳри Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ ба хотири лағви тасмими ҳукумат дар мавриди ба ашхоси хориҷӣ ба муҳлати 49 сол ба иҷора додани замин, идома дорад.
Аркарбек Мамитов, намояндаи созмони “Эътилофи насли нав” ва яке аз иштирокдорони ин гирдиҳамоӣ ба расонаҳо гуфтааст, эътирозгарон қасд доранд ҳукуматро барои чунин тасмим ба додгоҳ бикашонанд.
“11 ноябри соли равон ҳукумат қарор кард, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи барои 49 сол иҷора гирифтани заминро доранд. 26 ноябр ин қарор ҳукми қонун гирифт. Мо зидди чунин амалҳо баромад мекунем ва ба ин боварем, ки дар чунин тасмим нақши коррупсия асосӣ аст. Чунин як пешниҳод дар замони ҳукмронии президенти собиқ – Қурмонбек Боқиев ҳам ба миён омад, аммо пуштибон наёфт. Агар мо ба хориҷиҳо иҷозаи барои 49 сол гирифтани заминро диҳем, баъдан онҳоро гирифта наметавонем. Онҳо ба осонӣ заминҳоро бозпас намедиҳанд”,-гуфтааст ӯ.
Ин фаъоли “Эътилфи насли нав” афзуда, ки онҳо унвонии раҳбари парлумон мактуб фиристода, тақозои бекор намудани ин тасмимро хоҳанд кард. Ҳамчунин ба қавли ӯ ҳукуматро барои нақзи қонуни асосӣ ба додгоҳ хоҳанд кашид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |